Бахшҳо
10 фев 2015 14:10Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Ваъдаи шарикон ба Президент барои коҳиши таъсир аз Русия (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 10-уми феврал зимни ҷаласаи навбатии Шӯрои миллии рушди назди Президент хостори густариши ҳамкорӣ бо шарикони рушд шудааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки Тоҷикистон ба ҳадафҳои гузоштааш торафт наздиктар шудааст: “Дар давоми ҳашт соли охир тамоюли мусбии рушд нигоҳ дошта шуда, афзоиши миёнасолонаи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ то ба 7 фоиз расид ва сатҳи камбизоатии аҳолӣ аз 53 фоизи соли 2007 то ба 32 фоиз дар соли 2014 коҳиш дода шуд.”

Манбаъ мегӯяд, зимни ҳамоиш аз ҷониби шарикони рушд нахуст муовини роҳбари Агентии Япония оид ба рушди байналмилалӣ Кёши Кодера, Директори иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ Йорг Фриден ва Намояндаи доимии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид, ҳамоҳангсози фаъолияти ин созмон дар Тоҷикистон Александр Зуев баромад карда, пешравиҳои назаррасро дар фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон дар роҳи ба эътидол овардани вазъи макроиқтисодӣ ва таъмини рушд эътироф намудаанд.

Директори иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ Йорг Фриден, аз ҷумла изҳор доштааст ки ба Тоҷикистон барои ҷалби сармояи хориҷӣ ва таъмини рушди босуботи оянда дар баробари рушди институтсионалӣ расидан ба истиқлоли энергетикӣ басо муҳим аст.

Зимни мулоқот таъкид шудааст, ки аз ҷониби шарикони рушд беш аз 2 миллиард доллари амрикоӣ сармояи хориҷӣ ба Тоҷикистон ҷалб карда шудааст. Шарикони рушд ҳамчунин изҳор доштанд, ки онҳо барои коҳиш додани таъсири омилҳои бӯҳронии беруна, аз ҷумла таъсири мушкилоти иқтисодии Федератсияи Русия ба Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон дасти кумак дароз менамоянд.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон зимни сухани ҷамъбастӣ ба саҳми шарикони рушд дар тараққиёти иқтисоди миллӣ баҳои баланд дода, идомаи ҳамкории пурсамари онҳоро бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим номид.

Ба масъалаи таҳияи стратегияи навбатии рушди дарозмуҳлати Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда шуд. Тавре зикр гардид, санади рушди оянда бояд ҳамаи хатару таҳдидҳои глобалӣ ва минтақавии иҷтимоию сиёсӣ ва иқтисодию тиҷоратии ҳаёти муосир ва роҳҳои коҳиш додани таъсири манфии онҳоро дар назар дошта бошад.

Таъкид гардид, ки ҳамкории Тоҷикистон бо шарикони рушд ба идомаи босамари сиёсати ислоҳоти иқтисодӣ ва комёб шудан ба афзалиятҳои миллӣ, ҳадафҳои стратегӣ ва таъмини беҳдошти сатҳи зиндагии мардуми кишвар бояд мусоидати фаъол намояд.

Ваъдаи шарикон ба Президент барои коҳиши таъсир аз Русия (АКС)

Ваъдаи шарикон ба Президент барои коҳиши таъсир аз Русия (АКС)

Ваъдаи шарикон ба Президент барои коҳиши таъсир аз Русия (АКС)

Ваъдаи шарикон ба Президент барои коҳиши таъсир аз Русия (АКС)

Ваъдаи шарикон ба Президент барои коҳиши таъсир аз Русия (АКС)

Ваъдаи шарикон ба Президент барои коҳиши таъсир аз Русия (АКС)

Ваъдаи шарикон ба Президент барои коҳиши таъсир аз Русия (АКС)

Ваъдаи шарикон ба Президент барои коҳиши таъсир аз Русия (АКС)

Ваъдаи шарикон ба Президент барои коҳиши таъсир аз Русия (АКС)

Ваъдаи шарикон ба Президент барои коҳиши таъсир аз Русия (АКС)

Ваъдаи шарикон ба Президент барои коҳиши таъсир аз Русия (АКС)

Ваъдаи шарикон ба Президент барои коҳиши таъсир аз Русия (АКС)
Мӯҳр
Tajik
Чаласаи клуби талбандахо.

чинди
бефоида ин хама...

Баъзеятон хуб мардуми ношукр будаед Рохбари Давлат ин кадар кушиш дорад ,ки барои пешрафти Ватанамон шумо бошед хар хел гапхои паст мезанед аз Аллох тарсед хамин мард инкадар хизмат кардаистодааст баъзеятон ба назар намегиред.Ношукри накунед окибаташ хуб нест,барори кор Рохбари Давлат Аллохи мехрубон имону инсофатро аз ин зиёд кунаду ба халку ватан хизмат кунед.Аллох нигахбонатон Рохбарони Давлати азизи мо Точикистон точи дунё.

Инхо хамин гапхоро оиди рушд,оиди пешрави ба як дигар шишта накл мекунад мумкин.Халки бечора на пешравиатонро дида истодааст на рушди иктисодиетро.Мукин раисону рохбарон иктисодиети хонадони худро аз иктисодиети кули мардум фарк намекарда бошанд? Хар сол як гап иктисодиет боло рафт,ракамхое,ки мардуми одди на ба онхо бовари дорад,на хатто мефахмад ин чи ракам аст хато намедонад.

мухамад
Кадом рушд, кадом болоравии иктисод, мухочирхоро аз русия ронда истодаанд ва дидем ва боз мебинем иктисоди шуморо....

Яъкуб. Душанбешахр.
О бародаро агар ин Рохбарон фикри ин Миллату Давлатро мекарданд , ними он маблагхои дуздидаашонро аз Бонкхои офшори ба Точикистон меоварданд Точикистон аз ин муфлиси мебаромад. Агар имсол хам ба Точикистон сармоягузори кунанд сад фоиз бовари дорам боз ними ин маблагро тасарруф карда ба хорич мебаранд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)