Бахшҳо

Шубҳа, боварӣ ва хулосаҳои сокинон аз қазияи "Шайх Темур” (2 ВИДЕО)

Хабаргузории “Озодагон” дар пасманзари пахши филми баҳсбарангези “Ривояти Шайх Темур”, ки Тоҷикистонро дар сархати расонаҳои ҷаҳонӣ қарор дод, аз роҳгузарон дар Душанбе суол кард, ки ба ин қазия чӣ назар доранд. Зимни назарпурсӣ роҳгузаре ёфт нашуд, ки аз ин қазия хабар надошта бошад. Бархе онро шубҳаовар ё дурӯғ, уисме натиҷаи бесааводӣ ва гуруҳе барномаи тарҳрезишуда хонданд. Нафароне ҳам буданд, ки мегуфтанд, баъди нашри филм ихлосашон аз муллоҳо гашт, аммо бархеи дигар таъкид намуданд, ки барои хатои як тан набояд ба ҳамаи муллоҳои тоҷик баҳои манфӣ дода шавад.



Филми мустанади "Ривояти Шайх Темур", ки ахиран тавассути шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон пахш шуд, миёни хонандагони “Озодагон” низ баҳсеро ба миён оварда, гуруҳе онро як барномаи тарҳрезишудаи пешазинтихоботӣ хондаанд, ки ба гуфтаи онҳо барои коҳиши эътибори муллоҳо миёни ҷомеа равона шудааст.

ВИДЕОИ пурраи ривояти Шайх Темур:



“Ҳақиқатҷӯй” яке аз шарҳнависон дар сомонаи “Озодагон” дар робита ба "Ривояти Шайх Темур" навиштааст, ки бе таҳрир пешниҳоди хонандагон мекунем: “Якҷиҳата масъаларо ҳаллу фасл нанамоед, ки ин саргузашти нохуб ба сари хар яке мо ва шумо бо роххои гуногун ва рангхои мухталиф сарозер мешавад.....ман на тарафдори ин хастам ва на тарафдори дигараш факат хакикатро дида сипас бахо дихед....дар хамачо овоза кардан ки ин даъвои Пайгамбари кардааст вале аз дахони худ инро икрор нанамуд сипас ин гап дуруг будааст....дувум инки дар аходис ва осор омадааст ки аз оби тахорати Пайгамбар мардум табаруки мекардан бо хар рохе ё нушидан ё молидан....ва дар бораи саллааш дар кишвархои гуногуни дунё рангхои сиёх сафед ва сабз интихоб менамуданд ин ягон боке надорад....дар бораи зангириаш шаръан мухолифи конун накардааст агар рафтаву 15 сола гирифта бошад пас дурустаст вале аз нигохи конуни ТЧ хилоф аст, талок кардан ин як амри вочиби нест ки бо зане нахости бимони метавони Талок куни ягон гунох надорад....Модари Муминон хазрати Оиша бо Пайгамбар дар синни 9 номзад ва дар синни 11 солаги якчо шуд сипас амри банда хилофи шариат нест....руй пушондан аз хар гунахкор ва нопок ин вобаста ба вичдон ва рафтори шайх марбут хаст на ба дин сипас масала ранги дигар дорад....чун мавриди интихобот хаст аз дин ва диндорон харос доранд чихатхои махсус супоришхои махсусро ичро менамояд.."Гур сузаду Дег чушад" ин шиори инхо хаст. ба тавре ки даъво кардаан собит карда натавонистанд. боки Худо хидояташон кунад агар сазовор бошанд.”

Гуруҳи дигари корбарон сар баровардани чунин шайхҳоро натиҷаи минбар надодан ба муллоҳои ҳақиқӣ, монанди Эшони Нуриддин ва Ҳоҷӣ Мирзо хондаанд. Бархеи дигар аз раисиҷумҳур ва ҳукумат хостаанд, мубориза бо чунин афродро пурзӯртар созад.
Мӯҳр
Э мардуми сода ! Кучои хами барнома дуругу ба кавли баъзехот каблан ташкилшуда буд ??? Кучош??? Магар баъзет курен, ки надиден чи гуна мардхои 30,40-50 сола мошинро буса карда истода буданд??? Ман дар хами умри чавонам як нуктаро дакр кардам! Хами иддаи зудбоварта, ки ба хеч вачх ба хакикати аслии баъезе "муллохо" бовар намекнен, дар сурати пешниходи наворхои видеои хато!

чинди
Ба онхое,ки ин бевичдонро тарафдори мекунанд як ду суол6
1.Оё ин мард агар хохари шуморо духтари шуморо дар синни хурдсолиаш талаб кунад,медихед?
2.Агар ин мард духтари шуморо хохари шуморо гираду зиндаги кунаду аз болояш боз зан гирад ё сар дода зан гирад,рози мешавед?
Чун шумо тарафдори аз ин мард кардаед пас ба ин 2 розиед.

ДАВОМИ МАТН! ...Хами иддаи зудбоварта, ки ба хеч вачх ба хакикати аслии баъезе "муллохо" бовар намекнен, дар сурати пешниходи наворхои видеои хато, ба ихтиёри хами "муллохо" гузоштан даркор. Бигзор харчизе мехоханд нисбататон хамура раво бинанд! Шумо, ки баъзет ба гушхотон бовар надошта бошен, ба чашмотон бовар надошта бошен, кур-курона ай пушти хамиё то нобудира брен! ОЗОДАГОН МАТНА ПУРРА ЧОП КУН!

Коршинос
Нафароне ҳам буданд, ки мегуфтанд, баъди нашри филм ихлосашон аз муллоҳо гашт.
Эй нодонҳо, инҳо на мулло ва на авлиёуллоҳ ҳастанд, ин як дастаи қаллобони беномусу беимонанд. Агар ин тавр намешуд, фаъолияти онҳо кайҳо боз мисли салафиҳо пешгирӣ мешуд. Вале фаъолияти ин қаллобҳо ба манфиати ҳукумат буд, то мардум аз дин рӯй гардонанд.

Ба чинди
Ту хакикатро надониста гап мезани. Бо як барномаи телевизиони ё шунидаат шайхро бадном карданат гувохи бехиради аст. Хадиси Пайгомбар (с.а.с) аст, ки мегуяд: "Агар ба шунидаат бовар намои, пас накшаи дуруггуйии хамонрузаатро ичро карди" Аз кучо медони ки у хакикатан духтари 16 - 17 соларо ба зани гирифтааст ё не? Хамчунин хушдорат медихам ки холо дар Точикистон духтари 16 - 17 сола он су истад, 12 - 13 сола танфуруши мекунанд.

Рахмон
Натавонистам то ба охир ин наворо дида ! Изои мумин харом аст бародарон агар айбаш бошад баранду махкам кунад на ин ки дар тамоми чахон реклама кунанд !!!! МО мусулмонем охи !!!

1. Хориам омад,ки миллати ман чунин бесавод аст, ки ба ин гуна муллохо бовар мекунад, наход афроди дар навор буда то ин дарача беакланд? Пас фарзандони худро чи хел ,дар кадом рухия тарбия мекунанд?
2. Хайронам,ки то имруз макомотхои дахлдори ин нохия дар кучо буданд?Охир ин корхо як руз давом накардааст? Маросим пешвози мулло як чорабинии бошукухе буд, ки набояд аз назари макомотхо пинхон мемонд...Ё шояд онхо низ ихлосмандони ин муллоянд......

чинди
Ба "Якбандаи Худо":- Ба лолазореее,соки май биёрее.... wink

Хуррам
Х,офизо бода хуру ринди кун, хуш бош вале,
Дом тазвир макун чун дагарон К,уъонро.

Пули бедарди миёнда омухта шудай и мусафед барои ами худша шуйх маъруф кардай, аму масъалаи оби тахоратша хурданшон безеби бад .........

Хукумат Рохбар дорад бесохиб нест ки чи хохад кунад наход чизе ба чашм дидагитона бовар накунед,коргарони милиция хакикатро нишон додаанд барои чи бовар намекунед,пушти ин хелхоро мегиред.Баъзеяшон мегуянд ки ин барои интихобот аст,бе ин навор хам мардум медонад, ба ки овоз дихад, ба касе медиханд ки Ватанро то ба ин руз ободу орому зебо карда истодаанд ва мекунанд ИншоАллох ва мо низ дар хакашон доим дуогу хастем хонаободу сарбаланд бошанд бо имону боинсоф бошанд доим Рохбарони Давлати Точикистони Точдори Азизи Мо.Ватандуст бошед ободи мешавад хамватанон.

Шубха
Бисёр мехостем оиди ин навор нуктаи назари рухониёни бузург (эшони Нуридинчон ва хочи Мирзо)-ро мешунидем.

Кухсори
Коршинос,
Коршинос,рост гуфти

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)