Бахшҳо

ВИДЕО: Баромади Мавлавӣ Абдураҳим зидди аҳзоби исломию ҲНИТ дар Маскав

Абдураҳим Каримов, устоди Донишгоҳи исломии Тоҷикистон, ки бо номи Мавлавӣ Абдураҳим маъруф асту феълан барои табобати ҳамсараш дар Маскав қарор дорад, дар суҳбати ихтисосие бо медиахолдинги "TAJINFO" алайҳи аҳзоби исломӣ аз ҷумла Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон баромад намудааст.

Мавлавӣ Абдураҳим изҳор доштааст, сарчашамаи асосии нооромиҳо дар ҷаҳони Ислом аҳзобу ҳаракатҳои исломиянд: “5 сол дар Афғонистон будем. Дар ин кишвар зиёда аз 80 ҳизбу ҳаракатҳои исломӣ буданд, ки забони якдигариро наёфтанд. Донишмандону афроди огоҳи Афғонистон гуфтанд, хориҷиҳо то ҳизбҳои исломӣ насохтанд, байни мо ҷанг андохтан натавонистанд. Ҷанг аз ҳизбҳое сар шуд, ки бо номи Ислом душманҳои Ислом сохтанд.”

Домулло Абдураҳим, ки яке аз асосгузорони ҲНИТ дар вилояти Хатлон муаррифӣ мешавад, дар мавриди баромадҳояш алайҳи ин ҳизб гуфтааст, “мо хостем, дар бораи ҳаракату ҳизбҳою сиёсат суҳбат накунем, аммо чун суол шуд, дигар чора нест. Ислом моро даъват мекунад, ки як ҷамоат бошему ба ҳизбу ҳаркатҳо ҷудо нашавем. Ҳизбу гуруҳ сохтан аз Ислом нест. Ман бешак яке аз асосгузорони ҲНИТ дар минтақаи Хатлон будам, аммо дар хориҷ гашта фаҳмидем, ки ин ҳизб ба манфиати ҷомеаю мусалмонон нест ва аз он даст кашидем.”

Ӯ инчунин аз ҷавонони тоҷик, ки ба қавлаш фирефтаи хоҷагони хориҷӣ шуда аз Русия ба ҷанг дар кишварҳои арабӣ рафтаанд, даъват намуд, аз роҳашон баргарданд, чун Ислом рехтани хуни башарро маҳкум кардааст. Мулло Абдураҳим баробари ин аз муҳоҷирони тоҷик даъват намудааст, фарзандонашонро дар Ватан фаромӯш накунанду дар тарбияти онҳо бикӯшанд. Вай аз ҷавонон даъват намудааст, меъёрҳои ахлоқро дар Русия риоя кунанд, то оромӣ халадор нашавад, зеро оромию амниятро Худо аз тарки бутпарастӣ пештар гузоштааст: “Ман аз ҳамаи тоҷикон даъват мекунам, ин сулҳу салоҳ, ки ба заҳмати шахси бузург ба даст омадааст, ба қадраш бирасем.”


ВИДЕОИ суҳбати муфассали Мулло Абдураҳим дар Маскав:

Мӯҳр
чинди
дигар одам наёфтед,ки бо ин сухбат кардаед???? smile

дигар одам наёфтед ки бо ин сухбат кардаед???

Роҳгузар
Аҷаб гапое мезанед муҳтарам кормандони Озодагон! Ин мардак куҷову Мавлавӣ будан куҷо? Илтимос ҳамин калимаҳои муқаддасро ҳаром накунед. Мавлавӣ гуфта соҳиби "Маснавии маънавӣ"-ро мегӯянд ва дар камтарин ҳолаташ Мавлавӣ Ҳиндустонист, ки як мактаби мондагори исломиро дар минтақа роҳандозӣ кард ва устоди бузургтарин олимони ислом дар сад соли ахир аст.

Афсус, дар хар хонавода як Мулло Абдурахим нест, то ин фанатикхои охирулзамонро ба рохи рост хидоят намояд!

дилсуз
О ИН шахс мегудки дар бораи хизбхо ва сиёсат сухан кардани набудам аммо вакте саволро додан чавоби тайёрро гирифту хонд. шумохо фикр мекунед мардуми точик манкурт хастанд,не АЛХАМДУЛИЛЛОХ мардум бедор хамачизро дидаистодаанд кур нестанд ИНШОАЛЛОХ ХНИТ ПЕШРАФТАИСТОДААСТ ВА ХОХАД РАФТ БО КУМАКИ ХУДОВАНД ВА МАРДУМИ ТОЧИКИСТОН.

Мударрис
Рузе хнит ба сари кудрат бирасад аввалин шуда хамин шахс таърифу тавсифи хнитро огоз мекунад ман ин шахсро аз наздик мешиносам ин шахс барои мансаб шуда аз хеч коре даст намекашад!

Рузе хнит ба сари кудрат бирасад аввалин шуда хамин шахс таърифу тавсифи хнитро огоз мекунад ман ин шахсро аз наздик мешиносам ин шахс барои мансаб шуда аз хеч коре даст намекашад!

Саломат боши Устод Домулло Абдурахим мо чавон он аз сухбатхои шумо бисер истифода гирифтем ва фахмидем ки ин хизбхо ва ихтилофхо дар байни мусулмонон хамааш аз худи душманони ислом сохта мешаванд ва даст гири карда мешаванд сухбати бисер муфид саломат боши зинда боши аз шумо бисер розием илтимос чоп шавад озодагон озод боши.

Бародар Мударис баьмед нашав ки хнит дубора Сари кудрат меояд ва ту сохиби вазифа мешави ин хаели хом АСТ хамин Мардак хакиката гуфтестай ту боши хаелата ба мардум гуфтестай ин хел домуллохо ганиматан ибрат гир ки як умр дар фанди хнит ва алкоида ва диш ва дигарон меафти. Озодагон хонем агар озод боши

Абдуфаттох аз Маскав
Дуруд бар мардуми шарифи Точикистон! Камина то ин хад бовар надоштам,ки сухангу ва намояндаи сафорати Точикистон дар Маскав чаноби Мухаммади эгамзод суолхо ва суханони подархаво ба ин домулои мухтарам пешниход мекунад. Акнун ман намегуям,ки чихел?! Танхо як сухан мегуям,ки намоянда ё сафир ё сухангу бояд сатхи маърифати баланди сухбаторои ва мусохибаро дошта бошад! Бубинед!Хаким Фиравси 1000 сол мукаддам гуфта буд,ки Фиристода бояд,ки доно бувад, Ба гуфтан далеру тавоно бувад. Дуюм ин,ки ин домулои мухтарам камтарин обруро дар байни мардуми озодаи точик надошт ва надорад! Агар обруи ин чанобро дар давоми умраш тахлил кунем,шояд ба солхои дар пахлуи мархум Нури будан рост ояд! Дируз аз хамин Озодагон филмеро,ки аз суи Нахзат омода шуда буд,тамошо кардам. Дар он филм номи ин домуло хамчун муассиси хизб,ки ин ду бародари сухбаторо аз у ном бурданд,шунида ва ё дида нашуд! Хулоса ин домулои мухтарам,ки дируз аз мухолифин ва имруз аз низоми феъли чонибдори мекунад,фардо бидуни шак ва шубха ин низомро хам пушти по мезанад!!! Рости дилам ба намояндагони хукумат ва касоне ки ин барномахои махсусро омода мекунанд,месузад,ки наход бо хамингуна афроди аз лихози равони бемор сухбат ташкил кунанду ба худ зарба зананд! Охир Саъди гуфта буд ки хар ки айби дигарон пеши ту оварду шумурд, Бегумон айби ту пеши дигарон хохад бурд. Ин домуло хамин аст! Хулосаи калом! Домулои мухтарам имруз ба як бозичаи дасти баъзе аз инсонхои манфиатчу табдил ёфтааст!!! Бояд аз болои худ кор кунад то ислох шавад. Агар ислох нашавад, барои худ ва миллат чуз зарар суде намеорад!

tojik
Iltimos inro mavlavi nagued!

Муслим
Эй бесаводҳо агар ХНИТ даркор набошад пас ХХДТ чи даркор аст??? Е ин ки ХХДТ дар назди Худо ва ватану миллат афзалият дорад???
Аввал бояд ХХДТ барҳам дод баъд дигар хизбхоро.

Рустамча
Бобои Мулло гап нест мо бачабачаако Кати худутем Инхо аввал дар хизби камунисто будан баьд хнит шидан и коро одатшонай бобои мулло парво наку худо нишоншон додестай аз харчо шунидестай мардум хакиката хуб шидестай мо Кати шумову Кати озодагон

Душанбе
Озодагон бухонем навиштагиемона озод боши аз даьвои хизбу чамоа ва гуруху ба ном ислом безор шудем дигар пешвохо кай аз хоб мехезан буфахмонан аз асли ислом

Мударрис
Бародар хакназар ман мансабгир нестам шукри худо сохиби чои кор хуб хастам ва хамеша шукрона мекунам. Шумо агар донед хукумати мо исломи нест агар дар оянда хукумати мо конунхои зидди исломи бароварад магар гайри ХНИТ гурухе ва хизбе хаст, ки аз арзишхои диниямон пуштибони кунад? Ман хнитро барои арзишхои динам мухлисию пуштибони мекунам, бародар хакназар шумо агар мусалмон бошед як ба таърихи хнит нигаред аз рузе, ки фаолият дорад барои хукукхои динии миллат мубориза мебарад! Шумо ба ин мавлави Абдурахим ахмият надихед зеро ин шахс баландгуяки макомот аст!

бехизби
Агар интихобот шафоф гузарад хнит ба кудрат мерасад ту савсата нахон хакназар

Амир
Бечораро чи гамаш метен. Худаш намедонад чи мегуяд.
Ду чавони хушру ва нисбатан бо савод шарм намекунед!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)