Бахшҳо
10 фев 2015 19:15Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Доктор Аминов: Гурдаро бояд саривақт табобат кард

Ҳарчанд нефрология, илм дар бораи бемориҳои гурда бошад ҳам ин беморон аз беморони бахши урологӣ ба куллӣ фарқ мекунанд. Мубин Аминов, мудири бахши ин шӯъба мегӯяд, ҳангоми осеб ва ё зарар дидани гурда сохтори ҳуҷайраҳои фаъолияткунанда (гломелурҳо) хароб мешавад. Аз ин рӯ табобати ин гуна беморон ниҳоят вазнин буда, маҳорат ва лаёқати махсусро талаб мекунад. “Бо дилпурӣ гуфта метавонам, ки дар шароити ҳозир таҷрибаи бойи ташхису табобатро мутахассисони шӯъбаи мо доро мебошанд. Шахсан худам барои баланд бардоштани тахассус ва бой гардонидани малакаи корӣ чандин маротиба ба хориҷи кишвар сафар доштам”.

Доктор Аминов мегӯяд, сабаби пайдоиши бемории гурда норасоиии масунияти бадан мебошад. Беморон бо пайдо шудани нахустин нишонаҳои беморӣ, ки зуд пешоб кардан, тез-тез ташна мондан, варам кардани дасту пойҳо, набудану наомадани пешоб аз ҷумлаи онҳост, ҳатман бояд ба духтурон муроҷиат намоянд: “Аз ҷумлаи ин бемориҳо нефропатияи диабетикӣ, глумеролонефрит, синдроми нефротикӣ маъмулан ба пурра аз кор баромадани гурдаҳо оварда мерасонад. Табобати саривақтии гурда метавонад пеши роҳи гирифторӣ ба ин оризаҳоро бигирад”.

Ӯ меафзояд, табобати ин бемориҳо ба таври мудовим ва сарипойӣ сурат мегирад ва бо назардошти назорати кори гурда доруҳо тавсия ва танзим мешаванд. Яъне, гирофтори ин беморӣ бояд тамоми сол дар вақтҳои муайян аз назорати духтур гузарад ва табобаташро бигирад: “Аксари доруҳое, ки барои табобати ингуна беморон зарур аст, дар дорухонаи Беморхонаи Ибни Сино мавҷуд ҳастанд. Бемороне, ки сарипойӣ табобат мешаванд, дар рӯзҳои муайян омада табобат мегиранд. Аммо бемороне, ки мубталои норасоии гурда шудаанду филтратсияи гурдаашон ба 10-15% расида бошад, ба инҳо диализатерапия пешниҳод мешавад, ки давоми ҳафта бояд 10-12 соат зери дастгоҳҳои махсус табобат бигиранд. Ногуфта намонад, ки беморхонаи мо бо беҳтарину навтарин таҷҳизоти тиббӣ муҷаҳаз гардонида шуда, аз уфунат орӣ мебошанд, яъне саривақт бо моеъи махсус шуста шуда, комилан ба меъёрҳои ҷавобгӯи талабот нигоҳ дошта мешаванд”.
Мӯҳр
Душанбеги
Др Аминов, худрекламакуни хам сархад доштагист. Мактаби нефрологхою урологхои Точикистон аз Иронихо суст нест.

тули як хафтае, ки ман дар ин шуъба табобат гирифтам, бо бехтарин духтурону олитарин муносибат ру ба ру шудам. Рахмат ба табибони исавихуши ин дармонгохи беназир! худро хеле чавон хис мекунам !!!!

Фаридун
Додари акеш, Душанбеги, рости ман хайронам, донотароши мекуниву номатро руст мекуни

тт
Чи даркор гапҳои намешудаги. Бемористони Сино дараҷаи оли мебошад.Офарин ба мутахассисону ташкилкунандаи ин клиникп

Душанбеги,
Душанбеги,
Кандша бзана хамин Аминов! Навиштай, ки табобат кунен саривакт касал наши. Духтурои нефрлогои урологи мегуфтагит Худо меган касал ши

Дар тарки Хуни ман креатинин зиед АСТ, мочевини низ зиед роххои табобат ва сабаби зиед гудан дар чист

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)