Бахшҳо

ҲНИТ боздошти Ҷамолиддин Маҳмудовро таъйид кард

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон боздошти Ҷамолиддин Маҳмудов, узви Раёсати олии ин ҳизб ва намояндаи он дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии кишварро тасдиқ кард. Як манбаъ аз ҲНИТ ба "Озодагон" гуфт, хабари боздошти Маҳмудов воқеият дорад. Ӯ мегӯяд, узви Раёсати олии ҲНИТ дар ҳоле боздошт шудааст, ки рӯзи гузашта, 10 феврал ба Кумитаи амният даъват шуд.

Қаблан, Маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот аз ошкор ва мусодираи силоҳи оташфишон хабар дода гуфт, он ба Ҷамолиддин Маҳмудов, узви фаъоли ҲНИТ ва намояндаи ин ҳизб дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ таалуқ дорад.

Дар изҳороти ин ниҳод гуфта мешавад, 9 феврали соли равон зимни як амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, кормандони КДАМ дар манзили истиқоматии Латиф Сардорови 60-сола, истиқоматкунандаи деҳаи Чуқураки Болои ҷамоати Навободи ноҳияи Ҳисор ду таппончаи тамғаи Макаров, чор тирдон, 51 дона тир ва 1 запали таркандаи норинҷаки дастӣ ёфт ва мусодира кардаанд: “Мутобиқи нишондоди Сардоров Латиф маълум гардид, ки силоҳ ва лавозимоти ёфтшуда ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудов Ҷамолиддин Бурҳониддинович, соли таваллудаш 1960, зодаи деҳаи Чуқураки Болои ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Ҳисор, маълумоташ олӣ, оиладор, аъзои Раёсати олии Хизби нахзати исломии Точикистон, мушовири сиёсии Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, сокини шаҳри Душанбе тааллуқ доранд”.

Манбаъ мегӯяд, тибқи нишондоди Сардоров, Ҷамолиддин Маҳмудов ин лавозимоти ҷангиро “ба ҳамсоя ва дӯсти содиқаш Сардоров Латиф ғайриқонунӣ дода, хоҳиш кардааст, дар ягон махфигоҳ онҳоро пинҳон намояд. Иловатан соли 2012 Маҳмудов Ҷамолиддин Бурҳониддинович ба Сардоров Латиф таъкид кардааст, ки лавозимоти ҷангии номбурдаро боэҳтиёт нигоҳ дорад, зеро онҳо лозим хоҳанд гашт”.

Дар изҳороти КДАМ гуфта мешавад, ҳоло Ҷамолиддин Маҳмудов боздошт шуда, нисбати далели мазкур дар асоси моддаи 195, қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст.
Мӯҳр
Душанбе
Хози и журналшай то интихобота я фирка чинояат месозан дар болои нахзат мезанан ки на гуше шунида ва на чашме дида ина демократия меган да

чинди
Лозим шуданд.Хатто "дар вакташ". Мутаассифона,на ба сохибашон. Балки ба "онхо".
Эй Кабири! Бо чунин шеваи муносибат бо туву аъзоёнат, ба кадом ру боз мансаб талаб мекуни аз онхо???
Истеъфо бидех! Бимон,хамон парламенташонро бо худашон!

Исфара
Пеш аз интихобот дар телевизион як барномаи хубе тахия кардаандку? Ин кдам ба як шохаи ххдт табдил ёфтааст!

сайф
лозим шавад куштани ленин ро дар гарданат мезананд ин интихобот окибати хуб надорад .

Икром
Пас Тамоми лавозимоти чангии пойгохи 201 аз кабирист

Воизон к-ин ҷилва дар меҳробу минбар мекунанд,
Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд.

Хуб, агар ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳ аз тарафи як узви ҲНИТ сохта мебуд, онро роҳбури худи ҲНИТ М. Кабирӣ тасдиқ мекард?
Харгиз! Агар сохта мебуд, М. Кабирӣ аввал ба хоҷагони хориҷӣ номаи шикоят мебурд.
Амали ин аъзоёни ҲНИТғро як бору ду бор не, балки якчанд маротиба дида истодаем. Сар карда аз бачабозӣ то фоҳишагарӣ. Дигар ҷои шубҳа намондааст!

Бисёрзанишам фаромуш накунед

Пас аз оне,ки М.Хайит дар мачлиси ХНИТ гуфт,ки 15-20 хазор аъзоениХХДТ барои содир намудани чиноят аз хизб хорич шуданд,акнун аз ХНИТ чинояткоронро мекобанд)))О ин хандаовар аст)::

28
Сулҳия Муродова, Айба намедони аз пеши худат ҳарчи мегуи чи аъзоёни ҲХДТ мусичаи бегуноҳанд? Камтар шарм кунед .....чи шумоҳон хоҷагони хориҷи надоред?

28,
хами зоги сиехам бачаша э сафедаки ман гуфта будай.хами кадар доран ки дар хила гуман.

ҲНИТ
Ба онҳе, ки мехоҳанд дар ин қазия ҳақиқатро донанд!

Соли 1996 Маҳмудов таппончаро ба ҳамдеҳааш Латиф Сардоров барои нобуд кардан додааст. Сардоров онро дар хонаи худаш зери хок кардааст. Баъди 17 сол, ахири соли 2013 келинаш бо соҳибхона ҷанҷол карда, дар ин бора ба мақомот хабар додааст. Кормандони милиса омадаанд ва Сардоров иддаои келинашро тасдиқ кардааст. Аммо кормандони КДАМ, ки ба ҷойи ҳодиса зуд расидаанд, хоҳиш кардаанд, ки силоҳ зери хок нигоҳ дошта шавад", - гуфт Кабирӣ.

Агар аз соли 1996 кофтан гирем Фронти халки чи чиноятхое содир накард,ки то хол чинояткорон бозефт нашудаанд.Биеед акнун пеш аз интихобот кофтан мегирем.Аз хама хандаовараш он аст ки КГБ ба милиса гуфтааст,ки монед дар чояш)):КГБ кор карда истодааст)):

Далер
Салом хидмати ҳамаи хонандагони азиз! Савол ин аст, ки магар дар ҶТ фақат ҷамолуддин аст, ки тапонча доштааст. шумо як бор назар кунед мебинед, ки ҳатто фарзандони баъзе аз ҳукуматдорон ҳамроҳи худ тапонча доранд мезананду мекушанд ҳи гап нест. вале як ҳизби дошта бошад осмонро ба замин мерасонанд. маълум аст, ки ҲНИТ барои худаш замоне аслаҳа дошт ки чӣ? ин мисли ҳамон мемонад, ки дар ҷомиа чи қадар мардону занони фоҳиша ҳаст вале ҳукуматдорон коре бо онҳо надоранд вале агар ин ҳаракат аз тарафи як ҳизби иттифоқ афтад гуё қиёмат шудааст. ман эҳсосам ин аст, ки ин навъ ҳаракатҳо ва сиёсатҳо теша бар решаи худ задан аст. эй кош ҳукуматдорон аз кишварои гузашта ибрат мегирифтанд.

Худо хам ба ХХДТ ва ба ХНИТ инсофу тавфик дихад.

мухочир аз хорич
хукумат болой нахзат фишор овардангира окибаташ хуб нест бо солхой навадум такрор мешад чунончи мегуянд ба танг омад ба чанг омад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)