Бахшҳо
11 фев 2015 13:02Тоҷикистон / Сиёсат

Тағйироти кадрӣ дар мақомоти судӣ ва насиҳатҳои Президент

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 11-уми феврал беш аз 130 кадрb навтаъинро дар мақомоти судии кишвар барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон дар оғози мулоқот фармони Президенти Тоҷикистон дар бораи таъин ва озод намудани судя ва роҳбарияти судҳои вилоятҳо ва як зумра шаҳру ноҳияҳои кишвар қироат карда шуд: “Аз 132 нафари таъиншуда 49 нафарашон бори аввал ба мансаби судя таъин гардиданд, ки 6 нафари онҳо занон мебошанд.”

Ба иттилои манбаъ Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ аз ғамхориҳои роҳбарияти кишвар ба мақомоти судӣ ва кормандони ин соҳа, аз ҷумла беҳсозии шароити корӣ, афзун намудани ҳуқуқу ваколатҳо ва маоши онҳо ёдовар шуда, дар наздашон доир ба таъмини волоияти қонун дар ҷомеа, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, хусусан ҷавонон, ҳифзи холисонаи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳимояи манфиатҳои давлат, корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳо вазифаҳои мушаххас гузошт.

Раисиҷумҳур зикр кардааст, ки пас аз татбиқи босамари ду барномаи давлатӣ барои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар оғози соли равон боз барномаи нави ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ барои солҳои 2015-2017 тасдиқ гардид, ки мақсади он таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат ба роҳ надодани қонуншиканӣ ва ҷинояткорӣ дар миёни худи кормандони соҳа, аз ҷумла ба амалҳои коррупсионӣ даст задани онҳо, таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд: “Таъкид гардид, ки кормандони мақомоти судӣ фаъолияти ҳаррӯзаро ба хотири боз ҳам беҳтар ба амал баровардани адолати судӣ, ҳимояи манфиатҳои давлат ва шаҳрвандон, таҳкими обрӯи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва мунтазам баланд бардоштани сатҳи касбии худ бояд равона созанд.”
Мӯҳр
Darvesh
Janobi oli sudro na Shumo balki khalq boyad intikhob kunad dar in holat davlatro Demokrati guftan mumkin ast!!!!

Шахбоз
Чаноб насихат не гушошона тов бтен. Агар ба насихат мешид хозир дар ТЧК свет лимит намешид

Яъкуб. Душанбешахр.
Айб дар судяхо нест! Бояд судяи 1 барвакт аз ин вазифа озод мекарданд. То судяи 1 иваз нашавад ягон хел пешрави намешавад чунин фасодзада мемонад, зеро хама Хукмхоро у мебарорад чихеле бар худаш маъкул хаст.

Конститутсия навишта шудааст, ки хокимият аз халк аст, ки бавосита ва ё бевосита онро идора мекунад... Президентро халк интихоб кард, вакилонро халк интихоб кард, хамин восита нест магар, хамин халк нест магар. Барои судхо Интихобот ташкил кунем, барои прокурорхо интихобот ташкил кунем, барои хизматчиёни давлати интихобот кунем, барои.... барои фаррошхо интихобот ташкил кунем.... ин чи хел мешавад? Интихоб карда гардем???

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)