Имрӯз дар кулли масоҷиди давлати исломии Афғонистон намози ёдбуд ба хотири шаҳид Бурҳониддин Раббонӣ баргузор гардид.
Толибшоҳи Сайид, муовини райиси Анҷумани байналмилалии рӯзноманигорони форсзабон- «Афруз» , ки барои ширкат дар маросими ҷанозаи собиқ райисҷумҳури ин кишвар, райиси Шӯрои Олии Сулҳи Афғонистон ба Кобул рафта буд, дар ин бора ба «Озодагон» хабар дод. Зимни як тамоси телефонӣ номбурда гуфт: «Чанд лаҳза қабл дар масҷиди Абубакри Сиддиқи маҳаллаи Баҳористони Кобул ба ин манзур намози муслимин сурат пазируфт, ки дар он ҳудуди 22 ҳазор ширкат доштанд».
Ёдрас менамоем, устод Бурҳониддин Раббонӣ зимни як ҳамлаи интиҳорӣ дар манзили зисташ воқеъ дар шаҳри Кобул баъд аз зӯҳри сешанбеи 20-уми сентябр ба шаҳодат расид. Ч,асади ӯ рӯзи 23-юми сентябр дар оромгоҳи Вазир Акбархони Кобул ба хок супурда шуд.{jathumbnail off}
Мӯҳр