Бахшҳо

Ҳалокати зани тоҷик баъди таваллуд дар болои барф

Шӯъбаи ташкили хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак дар вилояти Суғд аз афзоиши таваллуди фарзанд дар хонаҳо изҳори нигаронӣ дорад.

Индира Акмалхоҷаева, сардори Шӯъбаи ташкили хизматрасонии тиббӣ ба модару кудаки Раёсати тандурустии вилояти Суғд мегӯяд, яке аз чунин ҳолатҳо ду ҳафта қабл ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷа сокини 32-солаи деҳаи Гулшани ҷамоати Шодобаи ноҳияи Ашт пас аз як рӯзи таваллуд ба ҳалокат расид. Сабаби марги ин ҷавонзанро масъулин ба хунравии аз ҳад зиёд рабт медиҳанд: “Ташхисҳои қаблӣ нишон додаанд, ки ин ҷавонзани 32-сола дараҷаи камхунии миёна дошта, ташрифи охирини ӯ ба маркази саломатӣ санаи 13 январи соли равон будааст. Шаби 28 январ, тахмин соатҳои 02:00 дард мегирад, вале бидуни муроҷиат шабро рӯз карда, ниҳоят, соатҳои тахминан 07:00-и субҳ дар рӯйи ҳавлӣ дар болои барф ин зан таваллуд мекунад. Сипас, аҳли хонадон ӯро дар ҳолати вазнин ба беморхона меоранд. Вале соати 23:55 дақиқаи шаб ин ҷавонзан бар асари хунравии аз ҳад зиёд дар бемористони марказии ноҳияи Ашт мефавтад".

Саломатии кудак, ки бо вазни 3 килою 700 грамм таваллуд шудааст, ҳоло муътадил арзёбӣ мешавад.

Зимнан, Индира Акмалхоҷаева аз занҳои ҳомила даъват кард, дар марказҳои саломатӣ худро ба қайд гирифта, аз муоинаи тиббии пизишкон гузаранд. Вай гуфт, таваллуд дар хона барои бонувон бештар хатар дорад, "беҳтар аст, дар таваллудхонаҳо тавлид кунанд".

Даъвати Индира Акмалхоҷаева дар ҳолест, ки соли 2014 дар қаламрави вилояти Суғд 910 "таваллуди хонагӣ" ба қайд гирифта шудааст. Соли 2013 ин рақам ба 1143 мерасид. Таваллуд дар хона бино ба гуфтаи хонуми Акмалхоҷаева бештар дар шаҳру навоҳии Панҷакент, Куҳистони Мастчоҳ, Айнӣ ва Ғончӣ ба қайд гирифта шуда, "сабаби афзоиши таваллуди хонагӣ дар ин манотиқ дур будани масофаи байни таваллудхонаву манзили зисти сокинон мебошад".
Мӯҳр
ali
сабаби асосии дигар ин пулаки будани таваллуд аст. Коорупсияро нест кунед аз беморхонахо, баъд модарон намемуранд!

Ашт
Илтимос озодагон. ба санаи навишта шуда ахмият дихед. холо сана 12.02.15 аст вай зан 28 феврал гузаштааст. инро чи гуна фахмем

salim
Худо рахматаш кунад ин хохаррро

сабаби асосии нарафтани модарон ин ба бемористон ин аз нодорист чунки хизматрасонии тибби хело гарон аст ва хосатан дар тавалудхонахо табибон он тараф истан фарошонашон хело баднафсанд

инхоро хамон мансабдороне ки пулмастанду аз хисоби мардум масти мекунанд ба ин дарача овардаанд .

ДАР ТАВАЛУДХОНАХОИ Ш ДУШАНБЕ РОДОМИ №1 ВА № 2 ВА ЯКУМ СОВЕТ ТО ДАРАЧАЕ ДУХТУРЗАНОН МАСТ ШУДААНД КИ ШАКЛУ ЛИБОС ПУШИ ВА ЧИ НАМУД МОШИНДОРИИ БЕМОРОНРО АХАМИЯТ МЕДИХАНД. КАБАГАЛ БОШИ ТУРО ПИСАНД ВА АХАМИЯТ НАМЕДИХАНД КИ ИН ЗАНИ ХОМИЛАДОР ДАР ЧИ ХОЛ АСТ ФАКАТ ХУШУ ГУШАШОН БА БОЙХО, ПУЛДОРХОВУ МАНСАБДОРХО МЕБОШАД ВА ДАВОН ДАР ХИЗМАТИ ОНХО МЕБОШАД.
ДАР ТАВАЛУДХОНАИ ЯКУМ СОВЕТ ГАЙР АЗ ОНКИ БАЪДИ ТАВАЛУД ДАР ОШИЕНАИ ЯКУМ 300 ТО 400 САД СОМОНАТРО МЕГИРАД ПАС ДАР ОШЕНАИ ДУВУМ ХАР РУЗА КАРАВАТ ПУЛИ, УБОРЧИСТА ПУЛИ, ХАМОМ ПУЛИ МЕСИТОНАНД ВА ШАРМНАКАРДА ВАКТИ ЧАВОБДОДАНИ БЕМОР ВРАЧ ВА 3 ТО 4 КОСАБАРДОРАШ КУДАКРО ГИРИФТА ТО ПЕШИ ДАРИ БАРОМАДГОХ ГУСЕЛКАРДА БОЗ АЗ ПАДАР Е ИНКИ СОХИБОНИ КУДАК ПУЛ ТАЛАБ МЕКУНАНД.
КАНИ НАЗОРАТУ КАНИ ИНСОФ АЗ ТАРАФИ ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТИИ ЧТ АЗ ИН МАЪЛУМ МЕШАВАД КИ ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТИХАМ ОНКАДАР МАСУЛИЯТШИНОС НЕСТ.

Саид
Касам ба Худо аксарияти мардуми бечора аз натоштани шароит ба беморхонахо мурочиат намекунанд ва аник медонанд, ки камаш дар тавалудхона барои таваллуд яуним ду хазор сомон лозим аст ин бечорахо аз кучо меёбанд ин маблагро?! Билохира мачбур мешаванд, ки дар хона тавалуд кунанд! Президент дар баромадашон мегуянд ёрии аввал ба беморон ройгонаст вале ки ва дар кучо хамин ёрии аввали ройгонро мушохида кардааст?! хамашон инро медонанд вале хомушанд! Дар хамин замон канту хуру ба як духтур гапи зиёдати зан рафта боз як уколи девонакасалат мекунад мегарди... Лекин дар мавриди радоми 1-2-и шахри душанбе хаминро гуфтаниям, ки агар камбагал боши метони ба ончо мурочиат накуни.... Худо инсофатондихад!!!!!!!!!

Абдучаббор
Пула камтар гирен нафстона чам кнен хама дар беморхона тавалуд мекна И гап дуругай беморхона дурай.

гул
Сабаби дар хона тавалуд кардани занхо камбизоат будани онхост.Аз хар якзане ки хомиладор аст духтурони махали 30сомони барои дело таеркуни мегиранд.Барои тавалудкардан бошад 500сомони мегиранд.Аз кучо занхо дигар ба духтурхона бираванд.Ин маблагхои ночизе мебошад.Барои палата хакки сардухтур хаки момодоя ва гайрахо.

сабаб дур будани масофа нест. сабаб надоштани маблаги кофист! сабаб камбагаливу бесохибист ва хамон стреотипи кадима, ки бобву биби дархона шуморо тавваллуд кард намурд-ку!? ааммо онхо ба ин дарача кшшоку камхаракату нимчон набуданд!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)