Бахшҳо

Ҳифзи сарҳад ва амнияти марзҳо зарур аст

Тоҷикистон иштироки фаъолро дар умури Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии худ муқаррар карда, пайваста кўшиш ба харҷ медиҳад, то доираи ҳамкориро бо кишварҳои аъзо ва ниҳодҳои Созмон васеъ гардонад.

Дар ин бора зимни мулоқоти имрӯзааш райисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо райиси феълии САҲА, ҳамзамон вазири корҳои хориҷии Литва Аудронюс Ажубалис иброз дошт. Тавре ба «Озодагон» аз дафтари матбуотии президент иттилоъ доданд, ҷаноби Раҳмон нахуст кишвари Литваро бо фаро расидани давраи раёсаташ дар ин Созмон    табрик гуфт, зимнан Аудронюс Ажубалис изҳор дошт, ки «Тоҷикистон шарики хеле муҳими САҲА мебошад ва дар ин ҷо ҷойгир шудани калонтарин дафтари (Бюрои) созмон ва ҳам шумораи аз ҳамаи зиёди кормандони он далели ин гуфта аст”.
Гуфтанист, Тоҷикистон бо САҲА дар ҳамаи се самти авлавиятноки фаъолияти он – сиёсию низомӣ, иқтисодию экологӣ ва гуманитарӣ ҳамкории густарда дошта, тақвияти ҳамкориҳо дар назар дошта шудааст.   
Ҳамзамон, бо назардошти зарурати тақвияти мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, вусъат додани ҳамкорӣ дар ин самт, аз ҷумла барои пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон зарур шумурда шуд.
Атрофи роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷудаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла доир ба истифодаи босамари захираҳои обию энергетикӣ, экологӣ, нақлиётию транзитӣ ва рафъи хатари минаҳо ба аҳолии минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ҳам матраҳ гардиданд.  Ажубалис дар пойини нишаст иброз дошт, ки  “кишварҳои   Осиёи Марказӣ метавонанд барои ҳалли масоили баҳсноки худ, аз ҷумла ҳалли мушкилоте, ки аз замони Иттиҳоди Шўравӣ мерос мондаанд, аз имконоти САҲА истифода намоянд”{jathumbnail off}

 

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)