Бахшҳо
12 фев 2015 15:32Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Муаммоҳои андозӣ

Солҳои охир роҷеъ ба афзоиши баҳсҳои судии субъектҳои андозсупоранда бо мақомоти андоз дар матбуоти кишвар маводҳои зиёде чоп шуда, боиси нофаҳмиҳо миёни мардум шуда истодаанд. Тибқи маълумоти расмӣ танҳо дар нимсолаи аввали соли 2014 барои бекор намудани қарорҳои Кумиттаи андоз роҷеъ ба барзиёд ҳисоб кардани андозҳо ва ҷаримаҳои гуногун зиёда аз 260 шикоят ба додгоҳи иқтисодӣ ворид шудааст. Ба ин баҳсҳо коршиносону таҳлилгарон бо назарҳои гуногун менигаранд. Бархе бар он андешаанд, ки яке аз сабабҳои асосии зиёд шудани норозигиҳои андозсупорандагон нисбат ба қарорҳои Кумитаи андоз ва афзоиши баҳсҳои судӣ бо ин мақомотдар он аст, ки баъд аз қабули Кодекси нави андоз ва болоравии сатҳи андозбандӣ бахши зиёди корхонаҳо муфлис шуда, онҳо натавонситанд андозҳои худро супоранд. Вақте ширкатҳо андоз супорида наметавонанд иҷрои нақшаи андоз низ ғайриимкон мегардад. Ин аст, ки Кумитаи андоз маҷбур мешавад бо роҳи пиёда намудани санҷишҳои такрорӣ фаъолияти чандсолаи ширкатҳоеро мавриди тафтиш қарор диҳад, ки имконияти пардохти бештари андозро доранд ва бо андозбандиҳои иловагӣ ва ҷаримабандиҳо онҳо кўшиш мекунанд, маблағҳои бузургро ба дўши чунин ширкатҳо бор карда, нақшаи буҷаро иҷро намоянд. Албатта ширкатҳо ба ин розӣ намешаванд ва ба суд муроҷиат мекунанд, вале таҷриба нишон медиҳад, ки новобаста ба он ки ширкатҳо қарздоранд ё не, 90 дар сади ин баҳсҳо ба фоидаи буҷа ҳал мешаванд. Кумитаи андоз низ медонад, ки 90 дар сади баҳсҳо ба фоидаи Кумитаи андоз ҳал мешавад, ин аст, ки нотарсона ширкатҳоро бо тафтишоти пай дар пай ҳатто барои давраҳое, ки мўҳлати даъвояшон гузаштааст, аз нав андозбандӣ ва ҷаримабандӣ мекунад. Зеро давлат аз Кумитаи андоз танҳо иҷрои нақшаи андозро пурсон мешавад ва ба сифати иҷрои он коре надорад. Маҳз бо ишора ба ҳамин профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров иброз медорад, ки “андозбандӣ ва андозситонӣ дар Тоҷикистон хусусияти мусодиравӣ дорад”.

Чаро баҳсҳои судӣ бо ширкатҳои муваффақ идома доранд на бо ширкатҳои қарздор?

Гуфтаҳои боло баҳсҳои судии солҳои 2013 - 2014 низ тасдиқ мекунанд. Зеро баҳсҳо асосан бо ширкатҳое сурат гирифта истодааст, ки ҳар сол андозҳои худро сари вақт месупоранд ва ҳеҷ қарзе аз андоз надоранд, вале ширкатҳое, ки солҳо инҷониб аз андоз қарздоранду ҳанўз андози худро супорида наметавонанд, на танҳо бо онҳо ҳеҷ баҳси судие ба амал намеояд, балки баръакс қарзҳои онҳо аз тарафи давлат бахшида мешавад. Масалан дар соли 2013 тибқи маълумоти расмии Кумитаи андоз танҳо корхонаҳои зертобеи Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон наздик ба 1 миллирад сомонӣ аз андоз қарздор буданд, дар соли 2014 низ қарзи асосии андоз маҳз ба дўши корхонаҳои марбут ба ҳамин соҳа афтодааст.

Нусратулло Давлатзода моҳи гузашта зимни нишасти матбуотии кумита бодахли ин мавзўъ иброз дошт, ки дар маҷмӯъ то имрӯз қарзи Кумитаи андоз болои андозсупорандагон дар ҳаҷми 800 миллион сомонӣ боқӣ мондааст, ки аз ин ҳисоб қариб 520 миллион сомониаш ба шаш моҳи аввали соли 2014 рост меояд. Гуфта шуд, ки қарзи калони андоз ҳоло ҳам ба ШСХК «БарқиТоҷик» тааллуқ дошта, ба ҳолати якуми декабри соли гузашта 135,5 миллион сомонӣ, «Талко» то давраи 1-уми июли соли 2014 35, 9 миллион сомонӣ, нерӯгоҳи«Сангтуда-1», 16 миллион сомонӣ,ҶСШК «Тоҷиктелеком», ҶСК «Ресандаи Қӯрғонтеппа»-14,2 милллион сомонӣ, КФД «Алюминсохтмон»-6,8 миллион сомонӣ, ҶСШК «Лаъл»-6,3 миллион сомонӣ, КВД «Фулузоти нодири Тоҷикистон»-4,3 миллион сомонӣ, КМ «Тоҷиказот»-4,2 миллион сомонӣ ва ҶСК «Комбинати маъдантозакунии Адрасмон»-2,1 милллион сомонӣ аз андоз қарздор мебошанд. Вале дар Айни замон Кумитаи андоз бо ҳеҷ яке аз ин ширкатҳои номбурда баҳси судӣ надорад ва ба суд барои рўёнидани қарзи ин корхонаҳо муроҷиат накардааст.

Ба ғайр аз қарзҳои дар боло овардашуда, тибқи маълумоти расмӣ воридоти воситаҳои нақлиёт ба Тоҷикистон дар нимаи аввали соли 2014 ба андозаи 44 дарсад, ё ба маблағи қариб 74 миллион доллар коҳиш ёфтааст. Истеҳсоли пахта ҳам дар соли 2014 ба таври назаррас поён рафта, бахши аъзами қарзҳои КВД Роҳи оҳани Тоҷикистон бахшида шуданд. Инчунин тибқи маълумоти расмии Вазири энергетика ва технологияҳои нав Бобозода дар 6 моҳи аввали соли 2014 5 корхона дар Бадахшон, 46 дар Суғд, 86 дар Хатлон, 34 дар Душанбе ва 74 корхона дар ноҳияҳои тобеи марказ аз кор мондаанд. Вале новобаста ба ин ҳама қарзҳо, аз кор мондани корхонаҳо ва иҷро нашудани нақшаҳо Раиси Кумитаи андоз дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки соли 2014 нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, ки ҷамъоварии онҳо ба зиммаи мақомоти андоз гузошта шудааст, ба қадри 102,8 фоиз таъмин гардида, ба ҷойи 6 миллиарду 923,5 миллион сомонии пешбинишуда ба буҷет 7 миллиарду 117,1 миллион сомонӣ ворид карда шуд.

Суоле ба миён меояд,ки вақте ширкатҳо зиёда аз 800 милион қарздор бошанд ва корхонаҳои зиёде аз фаъолият бозмонда бошанд, нақшаи ҷамъоварии андоз чи гуна 102 фоиз иҷро шудааст? Инҷо ҳамон муаммои сарбастаеро ба хотир меорад, ки “аз ҳафт якро гирифтаанд, ҳашт боқӣ мондааст”.
Баъзе аз таҳлилгарон баҳсҳои судӣ ва ҷаримабандиҳои ҳангуфти корхонаҳои муваффақро маҳз аз буд нашудани нақшаи андоз медонанд. Зеро маҳз ҳамин баҳсҳо буданд, ки Кумитаи андоз тавонист бахши аъзами ин норасоиро аз ҳисоби ширкатҳои дигар буд кунад. Маҳз ҳамин баҳсҳо буд, ки аз “ТТ-мобайл” (Мегафон-Тоҷикистон) 20 млн. сомонӣ, аз “Таком” (Билайн) 4,8 млн. Сомонӣ ба фоидаи буҷет рўёнида шуд.Баҳси рўёнидани маблағҳои бузург аз “Вавилон” ҳанўз идома дорад.Масъулини ширкати “Вавилон” ба хабаргузории “Озодагон”иброз доштаанд, ки “мо намедонем ин қадар маблағро Кумитаи андоз аз рўйи кадом ҳисоб ва кадом нархнома пайдо намудааст. Зеро метобиқи нархномаи бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ мувофиқашуда мо аз муштариён маблағ ба даст оварда, дар ососи он ҳама намуди андозҳоро супоридаем, вале аз чи бошад, ки Кумитаи андоз тарофаҳои тасдиқнамудаи Хадамоти зиддиинҳисориро эътироф намекунад.

То онҷое маълум аст, Хадамоти зиддинҳисорӣ ягона хадамоти давлатӣ аст, ки нархномаҳоро тасдиқ мекунад. Ин бори аввал аст мушоҳида мешавад, ки Кумитаи андоз нархномаҳои ин хадамотро эътироф намекунад”. Ба назар чунин мерасад, ки баҳси «Вавилон» бо Кумитаи андоз тобиши нав касб менамояд. 6 феврал ин масъала дар Шўрои маслиҳатии мусоидат ба соҳибкории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми таҳлилу баррасии Паёми сарвари давлат мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, роҳбари Асотсиатсияи соҳибкории хурд ва миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлуба Улҷабое ва ва инчунин Ҷамшед Исмоилов ба ҳимояи ин ширкат баромад карда, изҳор доштанд, ки «фазои сармоягузорииТоҷикистон зери хатар қарор дорад». Онҳо зикр намуданд, ки«Президент як чиро мегўяд, Ҳукумат ва блоки иқтисодӣ тамоман баръакси онро иҷро мекунад. Парвандаиширкати «Вавилон-М» ва «Созидание» далели барҷастаи ин ишораҳоянд».

Дар рафти баррасӣ гуфта шуд, ки «қарзи ширкат ба андозаи зиёда аз 300 миллион сомонӣ ширкати ватаниро дар ҳолатинобудшавӣ қарор медиҳад». Коршиносон дар рафти баррасӣ инчунин изҳор доштанд, ки «Чунин сиёсати бемасъулиятона ба пастшавии фазои инвеститсионӣ оварда мерасонад ва Президенти кишвар бояд фавран роҷеъ ба ин масъала чораандешӣ намояд».

Чанде пеш https://www.compromat.ru/page_33405.htm хабар дод, ки дар Ўзбекистон TeliaSonera 5 миллион доллар барои ба даст овардани 2 миллион муштарӣ пардохт намуда, боиси баста шудани ширкати МТС дар ин кишвар гардидааст. Худо накунад, ки ин таҷриба дар Тоҷикистон низ истифодашавад.

Баробарии қарзҳо ва маблағҳои ошкоршуда аз чӣ шаҳодат медиҳанд?


Раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода дар нишасти матбуотӣ инчунин иброз дошт, ки соли сипаришуда аз ҷониби кормандони мақомоти андоз нисбати фаъолияти 8349 шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ санҷиши риояи қонунгузории андоз гузаронида шуда, дар натиҷа ба маблағи 826,2 миллион сомонӣ кам ҳисоб кардан ва пинҳонкунии андозҳо ошкор гардид, ки аз он 343,6 миллион сомониаш ба буҷет ворид карда шудааст. Инҷо суоли мантиқие ба вуҷуд меояд, ки чаро маблағҳои ошкоршуда қариб баробар ба ҳамон маблағҳоеанд, ки ширкатҳои бузурги андозсупоранда дар назди буҷа қарздоранд? Чаро камтар ва ё бештар аз он не? Агар ин ҳама ба мақсади буд намудани буҷа бошад, пас воқеан татбиқи сиёсати пешгирифтаи сарвари давлат роҷеъ ба дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ аллакай зери соул меравад.

Оянда чӣ хоҳад шуд?

Шояд ин рўёниданҳо дар як давраи муваққатӣ ба буҷа манфиат орад, вале тақдири ояндаи ширкатҳо чи мешавад, суолест кушода боқӣ мемонад. Ҳеҷ кас фикр намекунад, ки дар ҳолати маҷбуран аз ширкатҳо рўёнидани чунин маблағҳои ҳангуфт онҳо маҷбур мешаванд ба хотири нигоҳ доштани тиҷорати худ ба ихтисор намудани кормандон, кам кардани хизматрасонӣ даст зананд, ки дар ояндаи наздик дар баробари кам шудани ҷойи корӣ инчунин ба камтар шудани даромад ва камшавии андоз оварда мерасонад. Дар чунин шароити бўҳронӣ оё ин ба манфиати миллату давлат аст?
Аз ҷиҳати дигар Президенти кишвар дастур дод, ки барои соли 2015 бояд 200 ҳазор ҷойи кори нав сохта шавад, вале агар таъқиботу ҷаримабандиҳои соҳибкорон ва муфлис сохтани ширкатҳо ба таври сунъӣ идома ёбанд, оё имконияти сохтани ҷойҳои кории нав ва иҷрои дастури президенти кишвар имконпазир мегардад? Ба ин суол масъулин чӣ посух мегуфта бошанд?

К. Муҳаммад
Мӯҳр
Ба Шўрои маслиҳатии мусоидат ба соҳибкории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кашидани ин бахс умедворкунанда аст, ки бахс то Чаноби олї мерасад. Вазъияти имрузи бухрони иктисоди ва паст рафтани курби пули руси Точикистонро низ ба вартаи халокат оварда расонида истодааст. Дар ин мархила бояд хадамоти давлати хаматарафа сохибкоронро дастгири намуда, ба онхо имконият диханд, ки ширкатро аз вазъияти вазнин берун орад, вагарна бо ин рохи мо хам сохибкорони худиро мегурезонему хам сармоягузорони хоричиро. Чаноби Оли бояд фикри экспертхоро гуш кунанд ва мачбур намоянд,ки мансабдорон аз буги кардани сохибкорон даст кашанд.

Салима
Дар ин мавод бо такя ба https://www.compromat.ru/page_33405.htm гуфта шудааст, ки дар Ўзбекистон TeliaSonera 5 миллион доллар барои ба даст овардани 2 миллион муштарӣ пардохт намуда, боиси баста шудани ширкати МТС дар ин кишвар гардидааст. Мабодо дар Точикистон хам TeliaSonera аз хамин тачриба истифода бурда, Вавилонро фармоиш надода бошад? То он дараљае, ки медонем Вавилон муштариёни зиёд дорад.

Мирзоали
Муаллиф вокеан дуруст кйд кардааст. Бахсхои охир нишон медиханд, ки кумитаи андоз асосан бо ширкатхое бахси суди дорад, ки онхо аз андоз карзе надоранд. Аз чумла аз Мегафону Биллайн низ бо хамин рох андозхои зиёдати ситониданд. Ба фикри ман кумита аз ноилочи ба чунин кор даст задааст. Чунки накшаро ичро кардан даркор аст ку. Фаркаш чи аст, ки бо кадом рох. Агар Конун вайрон шавад хам хадаф буча аст ва Кумитаро мебахшанд. Бинобар ин ба фикри ман судхо хам хатман бучаро дастгири мекунанд.

Шабнам
Ба хар сохае нанигари муфлис шуда истодааст. Ширкатхои мобили алхол ягона «гови душоиянд», ки шир медиханд. Вале ширро хам бояд бо меъёри муайн гиранд, вале агар чунин шакли чушидани шир идома ёбад, синаро хам канда мегиранду хатман говро мекушанд. Он гох на шир мехурему на гушт.

Саид
Ба фикри банда вокеан ин бахс муаммохои зиёде дорад. Чаро нархномахои тасдиккардаи хадамоти зиддиинхисори аз тарафи Кумитаи андоз эътироф нашудааст. Агар ширкатхо аз руи нархномаи тасдиккардаи Хадамоти зиддиинхисори кору фаъолияташонро пеш бурда дар асоси он андоз насупоранд, пас тибки кадом нархнома андоз супоранд?

Мубориз
Агар ин хама бахсхо супориши набошанд, боке нест, вале агар супориши бошанд, касе Вавилон-ро сафед намекунад. TeliaSonera агар супориш надода бошад, боке нест. Хак бар чониби муаллиф аст, ки мегуяд «Худо накунад, ки…..»

Чанобил
Оянда чи мешавад?
Ба ин савол посух чуни наст. Тичоратро як гурхи шавкманди худи сохиб мешавад, мардуми зиёде бекор монда мухочир мешаванд, буча хароб шавад хам як гурухи алохида бой мешавад. Ширкате ки ин тичоратро аз худ мекунад, агар ба гурухи ширкатхои худи дохил шавад, ба буги кардани ширкатхои дигар мепардозад. Пеш бурдани тичорат дар Точикистон на танхо манфиатовар нест, балки хавфнок хам хаст. Такдири даххо сохибкорони муваффаки пушти панчара инро собит месозад.

Ту напурс чони Бобо, ту напурсу ман нагуям,
Ки чи кард бо Самарканд, ки чи кард бо Бухоро?????

Шабнам,
Барномаи давлатии дастгирии рушди сохибкори барои солхои 2012-2020 аз тарафи Хукумати Чумхури кабул карда шудааст. Тибки ин барнома бояд давра ба давра андозхо кам карда шуда, Кодекси андоз соддфахм карда шавад ва барои сохибкоррон гузаштхои зиёде фарохам оварда шавад. Вале алхол он гуна ки мебинем, ин барнома табик намешавад ва баръакс амал карда истодааст. Яъне андозхо ба чойи камшави то рафт зиёд шуда истода, таъкиби сохибкорон ва мусодираи молу мулки онхо идома дорад. Агар мо вокеан рушди кишварро хохем бояд таъкиби сохибкоронро бас кунем. дар акси хол на сохибкории ватани рушд мекунаду на инвеститсия аз хорич ворид мешавад. Барои таткбики ин амал бояд андоз аккалан ба сатхи чумхурихои хасоя аз чумла Киргизистону Казокистон баробар карда шуда, андоз аз арзиши иловашуда аз 18 фоиз то ба 12 фоиз поён оварда шавад. Он гох хам андозсупоранда зиёд мешаваду хам андоз бештар чалб мешавад. Дар акси хол хама кушишхо бесамар хоханд буд.

Щиркати Телеа Сонера ширкати шветсари аст, ки дар Точикистон сарпарастии Тселлро ба душ дорад. Ман фикр нпмекунам, ки ин ширкати маъруф аз чунин усулхо истифода барад , вале хар чи набошад тичорат тичорат аст ва конунхои берахмонаи худро дорад ва хама эхтимолиятхо имконпазиранд. Харчи набошад дар замоне, ки хама сохахоро коррупсия фаро гирифтааст, на танхо рушди сохибкориро дар кишвар бозмедорад, балки онро махв хам мекунад

Цитата: уктам
TeliaSonera

Вокеан муаммои ачиб. Ширкатхои давлати хама карздор, истехсолот фалач шуда, махсулоти хочагии кишлок хама аз берун ворид мешавад. Вале боз хам андоз барзиёд ичро мешавад. Аз кучо? Ин хама камбудихо аз хисоби ширкатхое буд карда мешавад, ки пул доранд. Аввал хохиш мекунанд, ки пешпардохт кунанд, вакте андоз пешпардохт шуд, андози пешпардохтшударо ба андозхои баъдина намегузаронанду бо рохи чаримабандихо онро аз худ мекунанд, ва боз андозхои наве бор мекунанд.
Инчо як суоли мантикии дигаре пайдо мешавад: Ширкатхои русии Мегафон ва Биллайн чаримабанди карда шуд, Ширкти Вавилонро низ андозбанди карданд, ва хатто Раиси Кумитаи андоз эълон кард, ки инаксияхои ин ширкат чанд фоиз ба русхо таалук дорад. Вале чаро Тселл чаримабанди карда нашуд? Чаро бо ин ширкат хеч даъвое сурат нагирифт.. Шояд инчо TeliaSonera даст дорад. Зеро ин ягона ширкат аст, ки ба русхо хеч иртиботе надорад.

Мансур,
Ба фикри ман дар бахси Кумитаи андоз бо Вавилон муаммохо вокеан зиёданд. Дируз дар avesto.tj маводе чоп шуд, ки дар он кумитаи андоз даромади яксолаи ширкатро баробар ба нисфи бучети давлатии Точикистон нишон додааст. Нигаред ба ин мусохиба "Например, на 11 странице "Проверочного акта”- Налогового комитета, общий доход компании в 2011 году указан в сумме - 4 миллиардов 232 миллионов 789 тысяч 393 сомони, что составляет половину объема Государственного бюджета Республики Таджикистан в 2011 году. Как вам известно общий объем Государственного бюджета страны в 2011 году составлял 8 292 070 тысяч сомони. Могут ли приведенные данные быть правдоподобными? Компания «Вавилон-Мобайл» не является настолько масштабной по объемам, чтобы ее годовой доход составлял половину общего объема бюджета страны.
В 2011 году ,реальный доход компании «Вавилон-Мобайл» составлял -423 миллиона 789 тысяч 391 сомони 64 дирам. Представители же налоговой инспекции, указали доход компании в сумме, превышающей реальный доход на 3 миллиарда 809 миллионов сомони. Из расчета этой стоимости было добавлено много лишних налогов, и выставлен счет на оплату в размере 340 миллионов сомони. Мы считаем, что таких грубых и целенаправленных ошибок достаточно, для того чтобы пересмотреть и тщательно изучить все предоставленные данные для дальнейшего рассмотрения и разрешения вышеуказанного спора".
Агар дар хакикат чунин факуту далелхо аз тарафи суд ба хисоб нагирифта шуда бошанд, пас дар ин бахс адолатро интизор шудан душвор аст. Худо окибаташро ба хайр гардонаду мардуми зиёд бекор монда ба мухочират ру наоранд. Зеро дигар ба мухочират рафтан низ душвор аст. Пули руси курбе надорад ва кафолат кам аст, ки мухочирон маблаги дурусте кор кунанд.

Если рассмотреть комплексно данную ситуацию, мы видим, что Налоговый Комитет, своей не обоснованной деятельностью, рушит все то что создавалось годами. Плохо, то что тем самым рушится экономический климат РТ. Для развития РТ, необходимы инвестиции, новейшие технологии и др.инструменты, но Налоговый Комитет своей деятельностью, ставит под угрозу будущую судьбу нашей страны.
Есть острая необходимость, подключиться высшим инстанциям к данному вопросу, и решить на более высоком уровне.

Салом, ба хамаи хонандагон ва КУМИТАИ АНДОЗ!!

ИНЧО БОЯД ВАКИЛОНИ ХУКУМАТ, БА БАХСХОИ СУДХОИ КУМИТАИ АНДОЗ БО ШИРКАТХО ШАРИК ШАВАНД, ВАГАРНА ХАМА ТАЛОШХОЯШОН ОИДИ ТАШКИЛИ ЧОЙХОИ КОРИ НАВ БАРБОД МЕРАВАД.
АГАР ДЕПУТАТХО БЕГАРЗИРО ПЕША ГИРАНД, БО КУМАКИ КУМИТАИ АНДОЗ ДАР ЧУМХУРИ ЯГОН КОРХОНА НАМЕМОНАД, БАЪД КОРГАРОНИ БЕ ЧОИ КОР МОНДА КУЧО МЕРАВАНД ?!? БА РОССИЯ ? НЕ ДИГА ДАР РОССИЯ БАРОИ МИГРАНТОН НОН НАМОНД, ХУНИ МАРДИКОРОНРО ХАМ, НАЛОГОВИКОИ РОССИЯ БО ВОСИТАИ ПАТЕНТАШОН МАКИДА ИСТОДААНД.
КУРБИ РУБЛИ РУСИ ДАР ЗАМИН АСТ КОР ДАР РОССИЯ ФОИДА ОВАР НЕСТ! БАРАКС БАРЗАРАРИ МАРДИКОР ХАСТ.

АЗ САБАБИ ОНЕ,КИ ДАР РОССИЯ КРИЗИС АСТ, ХОЗИР РОССИЯ, АЗ ХИСОБИ МАРДИКОРОН БУЧЧАИ ХУДРО ПУР КАРДАИСТОДААСТ.

АЙНИ ЗАМОН АЗ НИСФ ЗИЁДИ ХАМВАТАНОНИ МО АЗ РУССИЯ БА ВАТАН БАРГАШТА ИСТОДААНД.

АНА АКНУН ДАР ЗАММИ ИН, БО ЁРДАМИ КУМИТАИ АНДОЗ САФИ БЕКОРОНИ ТОЧИКИСТОН ЗИЁД МЕШАВАНД, КОРХОНХОЕ, КИ ДАР НИШОНИ Ё ХАДАФИ КУМИТАИ АНДОЗ ГАЛТИДААНД КОРГАРОНАШОНРО АЗ КОРИ ХОЛИ МЕКУНАНД (АЗ ОН ЧУМЛА 4000 КОРГАРИ ВАВИЛОН-МОБАЙЛ) ПЛЮС + МАРДИКОРОНИ НОЧОРИ АЗ РОССИЯ БАРГАШТА = МЕШАВАНД: ДУЗДОН, АВБОШОН, ЧИНОЯТКОРОН ВА ХО КАЗО.

Ба фикрам мансабдорони мо дастгири кунедро дастгир кунед мефахманд. ПРезиден хамеша мегуяд: Сохибкоронро дастгири кунед, Кумитаи андоз онхоро2) ба чойи дастгири, дастгир мекунад. Ана рохи бехтарини халли масъала

Чамшед,
Агар даромади ширкатро зиёда аз 3 миллиард дар як сол нишон дода бошанд, ман якин мегуям, ки ин парванда супориши хам хаст. Хатто овозахое хаст, ки баъзе аз кормандони худи кумита хам гуфтаанд,ки супориш аз боло буд.
Лекин агар таъкибу фишор чунин идома ёбад, андозбандихои барзиёд илова шаванд, бе карори суд худи ширкатхо рохи гурезро пеш мегиранд. Ана баъд интизор шуда мешинем, ки ки ба кишвари мо сармоягузори мекунад. Бояд мансабдорон тафтишотхои хадафмандона ва супориширо бас кунанд, вагарна бучаи кишвар кашшок мешавад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)