Бахшҳо
12 фев 2015 17:18Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Раиси Бонки Оқохон дар Душанбе: Ҳадаф танҳо фоида нест

Йентен Лама, раҳбари Аввалин бонки молиявии хурд дар Тоҷикистон, ки марбут ба Бунёди Оқохон аст, аҳдофи фаъолияташро дар кишвар баён кардааст.

Лама дар суҳбат бо расонаи “USA Today” изҳор доштааст, Аввалин бонки молиявии хурд, ки беш аз даҳ сол дар Тоҷикистон фаъолият дорад, бештар ба рушди вазъи иҷтимоии мардум таваҷҷуҳ мекунад. Ӯ гуфтааст мо натанҳо дар ҷойҳое, ки зарфияти тиҷоратӣ доранд, кор мекунем, балки талош мекунем ба ҷомеаҳое бирасем, ки ба сармоягузориҳои молӣ таваҷҷуҳ доранд.

“Фаъолияти мо дарозмуддат аст. Мо дар инҷо танҳо ба хотири ба даст овардани фоида нестем, балки мехоҳем ба беҳбуди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мусоидат кунем. Мақсади мо овардани беҳтарин хизматрасониҳои молиявӣ ба иқтисод ва ҳамчунин ба роҳ андохтани институти ҳирфаии молӣ ас”,- гуфтааст Йентен Лама.

Ӯ инчунин таъкид намудааст, ният доранд, кадрҳои маҳаллиро бештар ба мудирият ҷалб кунанд: “Дар авввали фаъолият бештар кадрҳои хориҷиро ҷалб мекардем, ки бо мурури замон ҷойи онҳоро кадрҳои маҳаллӣ гирифта истодаанд.”

Баробари ин ба гуфтаи раҳбари бонк онҳо барои муштариёни худ низ курсҳои омӯзишии саводи молиявиро рӯи даст доранд: “Талош мекунем, муҳоҷирони кории тоҷикро дар Русия ба кушодани суратҳисоби бонкӣ дар Тоҷикистон ҷалб кунем, чун ин ба нафъи онҳост. Мо онҳоро ташвиқ мекунем, ки даромади худро пасандоз кунанд. Илова бар ин бо барои мардуми манотиқи куҳистон барномаеро дар самти коҳиши таъсири офатҳои табии монанди заминларза, обхезӣ ва ғайра ба роҳ андохтем. Барои роҳандозии истеҳсолот низ кӯмак мекунем.”

Раиси Бонк таъкид намудааст, ки таъсири мусбати хизматрасониҳояшонро ба мардум мушоҳида карда истодаанд: “Муштариёни доимии мо, ки корро бо 2 ҳазор доллар сар карда буданд, феълан барои пешбурди тиҷораташон то 100 ҳазор доллар қарз мегиранд ва вазъи тиҷорату зиндагияшон низ хуб аст.”

Йентен Лама афзуд, бонки таҳти раҳбарии ӯ дорои як тим аст, ки ба таҳқиқи зиндагии муштариёни бонк машғул аст: “Мо оморҳои комиле хоҳем дошт, ки нишон медиҳанд, чӣ гуна хизматҳои мо барои пешбурди ҳаёт кумак кардаанд.”
Мӯҳр
дуруги махз, бо фоидахои калон!

guk
танхо ба фоида худ кор мекунед.працентхои шумо аз хама баладтар аз дигар бонкхо. дипозитхо ягон прцент надоранд кридитхо працент аз хама баланд. ин фоида нестми танхо барои фоидаи худ кор мекунед

Абдугафор
Агар фоида набошад чаро фоизи каргирхоро баробар ба бонкои ЧТ кардед.Мана Кафолатбонк фоизашро кам кардаги .Шумо бояд 12 фоизи солона кунед онгох гуфта мешавад ки барои фоида кор намекунед!!!!!!!!!

зухур азизбеков
салом
салом салом

Асаломалекум ман шахованди ГБАО {Помир} Точикистон астам .
Мехостам фахмам ,ки тавасути интернет мумкин АСТ ки дар хамин Бонк шот бо фриз % кушоем

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)