Қатли Баракоти 23-сола бо зану хоҳарарусаш дар Амрико
Пулиси иёлати Каролинаи шимолии Амрико аз боздошти як сокини маҳаллӣ бо иттиҳоми қатли се донишҷӯи мусалмон дар шаҳри Чапел-Ҳилли ин иёлат хабар додааст.
Ин марди амрикоӣ, ки аз ӯ Грек Стивен Хикс ном бурда мешавад, 46 сол дошта, бо истифода аз силоҳ Зиё Баракоти 23-сола, ҳамсарӯ Ясри Абусолиҳаи 21-сола ва хоҳарарусаш Разан Абусолиҳаи 19-соларо ба қатл расонидааст.
Пулис мегӯяд, мақтулон донишҷӯёни Донишгоҳи Каролинаи шимолӣ буда, дар шаҳракии донишҷӯён кушта шудаанд.
Мақомоти амрикоӣ мегӯянд, ҳарчанд ин мард баъд аз қатли донишҷӯён худро ба пулис таслим кардааст, вале гӯиё ҳанӯз сабабҳои куштор маълум нашудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |