ФИФА: Тоҷикистон бо 215 хол дар мақоми 137
Мунтахаби футболи Тоҷикистон дар феҳрасти нави ФИФА як зина поин фаромадааст.
Тибқи раддабандии нави ФИФА, ки торнамои Федератсияи футболи кишвар нашр намуд, Тоҷикистон бо 215 хол дар мақоми 137 нишастааст. Дар рейтинги қаблӣ ҷойи 136-умро ба худ ихтисос дода буд.
Дар садри раддабандӣ ҳамоно мунтахаби Олмон қарор дорад. Аргентина, Колумбия, Белгия, Ҳолланд, Брозил, Португол, Фаронса, Уругвай ва Испониё мутаносибан зинаҳои баъдиро ишғол кардаанд.
Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Узбекистон пешсаф аст (ҷои 71). Мунтахаби Қирғизистон дар ҷойи 151, Қазоқистон 139 ва Туркманистон дар мақоми 147-уманд.
Феҳрасти навбатии ФИФА, ки аз соли 1993 ба ин сӯ нашр мешавад, 12-уми марти соли равон мунташир хоҳад шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |