Бахшҳо
13 фев 2015 11:31Тоҷикистон / Сиёсат

Суҳбати ошкорои сафири Русия: Аз баҳси Роғун то англисӣ ба ҷои русӣ

Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон мегӯяд, миёни ин ду кишвар мушкилоти ҳалнашуданӣ вуҷуд надорад. Ӯ дар суҳбат бо “РИА Новости” асоси шарикии стратегии Русия ва Тоҷикистонро вобаста будани ин кишварҳо аз ҳамдигар хондааст.

Ба гуфтаи Лякин-Фролов Тоҷикистон барои Русия форпост ё худ посгоҳ аст, ки аз амнияти марзҳои он амнияти Русия вобастагӣ дорад: “Амнияти Русия аз муҳофизат шудани марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ва қавӣ будани нерӯҳои мусалаҳи Тоҷикистон вобаста аст. Аз ҷониби дигар Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат аз Русия вобаста аст. Аз ҷумла ҳудуди 1 миллион муҳоҷири кории тоҷик дар Русия кор мекунаду чоряки тиҷорати байналмилалии Тоҷикистон ба Русия рост меояд. Ба ғайр аз ин ҳазорон мутахассиси тоҷик таҳсилдидаи Русия мебошанд.”

Сафир дар робита ба мақоми забони русӣ гуфтааст, ҳарчанд талабот ҳанӯз ба забони русӣ зиёд аст, вақтҳои охир ҷойи он танг шуда истодааст: “Мутаассифона бояд қайд кунам, ки муҳити истифодаи забони русӣ рӯз аз рӯз тангтар шуда истодааст. Теъдоди тоҷикистониёне, ки забони русиро медонанд, майли камшавӣ дорад. Аз бисёр ҷиҳат ин ба он вобастагӣ дорад, ки Тоҷикистонро даҳҳо ҳазор сокини русзабон тарк карданд ва нафаре нест, ки мактаббачаҳо бо ӯ бо забони русӣ гап зананд. Имрӯз суҳбатҳо бо забони русӣ дар кӯчаю ҷойҳои ҷамъиятӣ камтар ба гӯш мерасанд. Аҳамият додам, ки дар Душанбе низ шиору овезаҳо бо забони русӣ кам шудаанд. Ниҳодҳои давлатӣ дар бисёри ҳолатҳо бо овезаҳо бо забони тоҷикӣ иктифо мекунанд.”

Сафири Русия дар Тоҷикистон бо зикри ин раванд аз он изҳори таассуф кардааст, ки дар Тоҷикистон овезаю шиорҳо бо забони англисӣ майли афзоиш доранд: “Дар ҳоле ки тибқи Сарқонун ва дигар анъанаҳое, ки дорем овезаю шиорҳо бояд бо забони тоҷикию русӣ бошанд. Зарур аст, ки дар барномаҳои мактабӣ низ таваҷҷуҳ ба забони русӣ бештар шаваду соатҳои таълими забони русӣ зиёд карда шаванд.”

Дар мавриди вуруди Тоҷикистон ба Иттиҳоди АвруОсиё, Фролов изҳор доштааст, ин ҳақ ва интихоби давлати Тоҷикистон аст, “вале ба фикри ман Тоҷикистон аз узвият дар ин созмон бештар бурд хоҳад кард, на бохт.”

Фролов инчунин дар шарҳи даъвои мақомоти Тоҷикистон алайҳи андозгурезии ширкатҳои русӣ, аз ҷумла “Мегафон”, “Билайн” ва “Созидание”, зикр кардааст, ки Русия бо вуҷуди мушкилоти иқтисодияш ҳамоно калонтарин сармоягузори Тоҷикистон аст: “Албатта бархе ширкатҳои фаъоли русӣ дар Тоҷикистон ба мушкилот дучор мешаванд, ки ин пеш аз ҳама ба қонунгузории зуд-зуд ивазшаванда дар соҳаи андозбандӣ рабт дорад. Дар маҷмуъ фазои сармоягузорию соҳибкорӣ дар Тоҷикистон беҳбудӣ мехоҳад ва тавре ба назар мерасад, мақомоти тоҷик ҳам барои он талош доранд.”

Дар посух ба суол, ки Русия дар мавриди Роғун чӣ мавқеи мушаххас дорад, Игор Лякин-Фролов изҳор доштааст, “мо ба хубӣ дарк мекунем, ки шарикони тоҷики мо чӣ аҳамиятеро барои бунёди нерӯгоҳи Роғун қоиланд. Ин нерӯгоҳ метавонад воқеан ба истиқлоли барқии кишвар мусоидат кунад, дар ҳоле ки хулосаи мусбати Бонки ҷаҳонӣ низ дар ин маврид вуҷуд дорад. Мо ҳаққи дӯстонамонро барои бунёди ин нерӯгоҳ эҳтиром мекунем. Дар маҷмуъ Роғун метавонад, майдони ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ шаваду барои ҳалли масоили энергетикию обӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ хидмат кунад.”
Мӯҳр
сафир
Ана якумин пайдевори чанги рус ва такрори чанги укроин дар точикистон саршуд охир забони руси мегуед охир мо авал точикиро ед гирем сони руси бдагис сониян дар русия бо мо ройгон пул надососан мо корхои пасттаринро карда истодаем аслан шумо ба мо дуст нестед

Рафиқ сафири муҳтарам, о чихел мо Тоҷико шyморо эҳтиром ва барои забон омyзии Руси кyшиш кyнем ки давлат ва мардyми шyмо чашми дидани моро дар надоранд. Ҳyқyқи мо Тоҷикон дар кишвари шyмо поимол мешавад, шаҳрвандони мо моҳy соли дароз кор мекyнанд локин корманфармонҳои шyмо пyли ҳалоли кор кардагии моро намедиҳанд агар ба пулис муроҷиат кунем моро зиндони мекунанд. Ин чихел дусти аст. Дyсти ҳақиқи оне мебошад ки дар вақти мушкил дасти шyморо бигирад на ин ки мушлил барои шyмо эҷод кyнад.
шоири бузургвори мо дар мавриди дусти мефармояд
Дyст машмор он ки дар неъмат занад
ёри лофию бародар хондаги
дуст он бошад ки гирад дасти дуст
дар парешонҳолию дармондаги
шyмо ва давлати шyмо баҷои он ки дар вақти мушкил тақдирсоз барои дустонатон кyмак кунед ба шаҳрвандони мо бо қонyнҳои золимонаатон фишор меоваред ва ҳар моҳ қонyнҳои нав ба нав мебароред ва бо ин роҳо пyл ночиз кор кардагии онҳоро аз ҷайбашон кашида мегиред. Пyлисҳои Рус бо баҳонаҳои бардуруғ ва бофташyда аз шаҳрвандони мо пyл меситонанд ва агар пyл надиҳи бо ҳар роҳ моро пастава мекунанд. Ин магар дустист. Сабаби асли дар ҷанги шаҳрванди дар кишвари мо ҳам ки ба ҳазорҳо кyшта шyданд шyмо ва ҳамсояи наздики мо бyдед ки моро ба вовчикy юрчик табдил дода иқтисоди моро ба харобазор табдил додед. Бади истиқлол вадаҳои бардуруғ барои пешрафти зербиниҳои давлати мо додед вале ҳеҷ гоҳ онро иҷро накардед. Имруз ки мо ба танҳои барои расидан ба мақсадамон наздик шyдем шyмо аз манфиати Роғyн суҳбат мекунед. Оқои сафир, дусти аз дy тараф мешавад. Дyсти бо фишорy тақибy номи моро ба ҷамшyдy равшан табдил додан намешавад.

Милати точикистон ба забони руи ихтиёч надорад мо точик астим бояд точикиро биомузем на русиро

точик
Акои Петя! гам нахуред ба хукуматдорони мо ваъда диехд ки чанд солаи дигар дар вазифа мемонанд тамом шумо хам забони русиро ба инчо бармеардонед хам пури рус мешавад ва хамаро мачбур мекунанд ки бо руси гап зананд

ба мо точикон ягон забон омухтан лозим нест барои он ки мо точдорони точикистонем ва дар хамин кишлокамон зиндаги дорем ва ягон забони руси ва е ин ки англиси ва е хитои ва е ягон забони дигари хоричиро омухтан лозим нест барои он ки мо точи калон дорем!

бандаи Худо
хато накунам чанд сол пеш назарсанчиеро мушохида намудам
аз точикон мепурсанд ки милати дустдоштаи шумо кихоянд чавоб шуд ки русхо
аз русхо пурсиданд милати бад медидаи шумо кист гуфтанд точикхо
бовар накунед маколахое ки дар озоди дар мавриди муалимаи забони руси ва духтуроне ки аз мо дар русия кор мукунанд хонед ва мефахмед ки русхо моро хамчун милати аробакаш ва ифлос медонанд .

зик нашавед акнун баъдт тестро чори кардан хулиганхо ба урусистон рафта наметавонанд, он чо аз ин минбаъд каме саводдоштахо мераванд ва фикри русхо дар бораи точиткон тагйир мегардад.

сафири рус хакикатро намегуяд.... хакикат ин аст ки русо мора миллати паст мешуморад чорни аробакаш меган ва бемаданият... русо мехоханд нуктахои калидии осиёи миёнаро аз худ кунанд... гази турману узбак ва манобеъи энергияи точико то лачоми иктисоди дар дасташ бошад... чизи дигаре нест барои хамин тавассути узбако болои мо фишор овард то рогунро насозем ... сафири рус бигзор мардум баъд аз забони модарии худ кадом забонеро ехоханд ихтиёр кунанд... туро ки хак додааст ки дар масалахои шахсии мо гап занед...

Тамоман Русиро Аз Давлати Мо Бигиран бачош Англиси Монан бехтар Хаст.

Vasif
Тамоми давлатхоеро, ки бо Русия хамкори доранд ва забони дуюмашон русист бо давлатхое, ки хампаймонони Амрикову гарбанд, мукоиса кунед, ки кадом тараф бештар рушду таракки доранд? Албатта, онхое, ки бо Амрико хастанд. Бо ин максад мо бояд мавкеи з.русиро дар кишварамон танг карда, ба чои он пайи омузиши з.англиси равон бошем. Халки рус ДУСТ набуд ва НАМЕШАВАД!

Мухаммад
Хануз аз "омбитсия"-и иппериалистиатон намондед иншоОллоh руз ба руз дастхоятон кутох шуданд мегиранд.(thanke you сер)

Ин кадар дуруяхо зиёд шуданд. Агар хозир нафаре аз сиёсатмадорони точик Руссияро ганда гуфта гап занад боз хамин бародарони коментариянавис чаппашда гап мезананд ки мо бо Руссия бародарем. Донистани забон нагз аст. О албата дар Руссия баъзе касон номи точикро паст кардаанд. Барои кор ба Руссия меравад дар фурудгохи Руссия ба саволи "Цель приезда" ба кафо нигох карда чи мега? мегуяд. Омо нагз медонем ку мардикорхои мо забони Русиро умуман намедонанд. Точикони забони русиро медонистаги дар Руссия аробакаш нестанд акалан дар амборхои магозахо кор мекунанд.

муосир
Россия бояд дониста бошад, ки барои точикон камтар мушкили биорад. Забони русиро мегуед камтур меомузанд, дониста бошед ки он мардакро барои омузиши забонашон дар Точикистон ва чахон маблаггузорию талош доранд Шумо чи? Россия маротибаи якум нест, ки Точикистонро фиреб медихад.

Мо Точикон бояд бештар ба бародарони хамхуни худ Эронию Афгон такя кунем. Бояд алифбохам Форси шавад . Зур назанен душмано ОРИËИЕМ мо...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)