Бахшҳо
03 янв 2015 14:13Ҳуқуқи инсон

Ифротгароӣ, таассуб ва мағзшӯии ҷавонон. Чӣ бояд кард?

Носирҷон МАЪМУРЗОДА

«Ифротгароӣ ва терроризм дин, мазҳаб ва миллат надорад ва бо ин зуҳуроти нангин омехта кардани ислом кори нодуруст аст. Мубориза бо экстремизм, терроризм ва ҷинояткориро ҳаргиз чун мубориза бар зидди дин муаррифӣ набояд кард. Зарур аст, ки ба истифодаи ислом бо чунин мақсадҳои зишт роҳ дода нашавад ва ҷинояткорону ифротгароён барои амалҳои ҷинояткоронаашон дар назди қонун ҷавоб гӯянд».

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Кӣ ва чӣ тавр ҷавононро моил мекунад?

Нашри хабаре дар бораи ин ки дар Сурия боз як ҷавони тоҷик кушта шудааст, далели дигаре барои зарурати таҳкими идеологияи миллӣ ва пешгирӣ аз чидагирӣ (вербовка)-и ҷавонон аз сӯйи гурӯҳҳои ифротгаро мебошад. Расонаҳо аз қавли манобеи худ дар ноҳияи Фархор хабари кушта шудани Файзиддин Қ., ҷавони зодаи ҳамин ноҳияро дар Сурия тасдиқ кардаанд. Дар истинод ба падари Файзиддин, ҳамагӣ чанд моҳ пеш Сангак ном писари дигараш низ дар Сурия кушта шудааст. Падари Файзиддину Сангак фикр мекард, ки писаронаш дар муҳоҷирати корӣ дар Русия ҳастанд. Бори охир Файзиддин 6 моҳ пеш аз Туркия ба падараш занг зада буд ва пас аз ин тамос бо хонаводаро якбора қатъ кард. Ҳоло ҳарчанд падар ҳуҷҷати тасдиқкунанда дар бораи марги писаронаш дар Сурияро надорад, ба хабарҳо дар бораи кушта шуданашон дар он кишвари арабӣ бовар дорад ва санги гароне замираш ҷой гирифта.

Тибқи гузоришҳои манобеи гуногун, то имрӯз даҳҳо зодаи Тоҷикистон дар Сурия ба ҳалокат расидаанд. Суоли матраҳ ин аст, ки Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) ва гурӯҳҳои ифротгаро бо чӣ роҳе ва кадом мақсад ҷавононро аз кишварҳои Осиёи Марказӣ барои «ҷиҳод» дар Сурия ҷалб мекунанд? Чаро ин гурӯҳҳо ба ҳадафи худ осон даст меёбанд? Оё моилшавии ҷавонон ба ин гурӯҳҳои ифротӣ дар Сурия сабабҳои молиявӣ дорад ё асосан ақидавӣ?

«Одноклассники» ва «Фейсбук» – майдони озоди чидагирии ҷавонон?

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки аксаран шаҳрвандони Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ дар Русия, яъне кишвари муҳоҷирати корӣ, бо роҳи найранг ва сардаргумӣ шомили гурӯҳҳои созмонёфтаи ҷиноӣ мегарданд. Онҳое, ки ба ҷангҳо ҷалб мешаванд, бештар аз роҳи шабакаи ҷаҳонии интернет ин ақидаҳоро пайдо ва сафари худро ба Сурия тавассути мубаллиғони ҷиҳод танзим мекунанд. Аз Русия ҷалб кардани ҷавонон, бахусус онҳое, ки бо мақсади муҳоҷирати корӣ ба ин кишвар омадаанд, барои гурӯҳҳои ифротӣ нисбатан осон даст медиҳад. Барояшон пардохти маблағ ва имтиёзҳое ваъда мешавад ва пас аз мағзшӯии бисёре ҷавонон барои ширкат дар амалиётҳои низомии Сурия ризо мешаванд. Хатсайри интиқоли онҳо то ба Сурия тавассути Туркия ва қисме аз Эрон сурат мегирад. Ба ҷалби ҷавонон ба ин ҷараён одамони махсус омӯзонидашуда машғул мешаванд, ки бар ивази «меҳнат»-ашон аз «фондҳои исломӣ»-и кишварҳои арабӣ маблағи қобили мулоҳизае дарёфт мекунанд.

Онгуна ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, «ҷомеаи мо ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонист ва таъсири ҷараёнҳои ифротии навзуҳур тавассути шабакаи интернет ва дигар воситаҳои иттилоотӣ ба шуури баъзе ҷавонони ноогоҳи мо низ эҳсос мегардад. Як қисми ҷавонон дар пайравӣ аз ҳамин андешаҳои ифротӣ ҳатто арзишҳои миллиро аз нигоҳи маҳдуди худ ширку бидъат эълон кардаанд».

Ҳоло барои ҷалби ҷавонон аз шабакаҳои иҷтимоии «Одноклассники» ва «Фейсбук» низ фаровон истифода мешавад. Гурӯҳҳои чидагири ифротӣ бо сохтани аккаунтҳои дурӯғин бо ҷавонон шинос шуда, батадриҷ онҳоро ба худ ҷалб мекунанд. Бештар ҷавононе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ шомили гурӯҳҳои мазҳабӣ ҳастанд ё дар мавзӯъҳои динию мазҳабӣ баҳсҳои тунду гоҳе холӣ аз мантиқ доир мекунанд (ҷавононе, ки зоҳиран мазҳабӣ, аммо аз дониши мукаммали динӣ номусаллаҳ), мавриди «ҳадаф»-и чидагирон ё афроди мағзшӯйи ифротгаро қарор мегиранд.

Бо таваҷҷуҳ ба ин ки имрӯз шумораи корбарони тоҷикзабони шабакаҳои иҷтимоӣ ҳудуди як миллион нафар, он ҳам аксаран ҷавонон, арзёбӣ мешавад ва бо дарназардошти ин ки ҳамин шабакаҳои иҷтимоӣ имрӯз ба як воситаи муассири ташаккулдиҳандаи афкори омма табдил меёбанд, муҳим аст, ки ин «корзор» дар мадди назар бошад. Албатта, мо намегӯем, ки муборизаи идеологӣ ва иттилоотӣ дар ин майдони маҷозӣ бо маҳдуд кардани дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамроҳ бошад, балки мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд аз он ба таври муассир ва бо мақсади шакл додани афкори солими ҷавонони тоҷик истифода кунанд.

«Дар тасаввури ман, ҷиҳод…»

Б. С., ҷавоне аз шаҳри Кӯлоб, соле қабл дар пайи ташвиқу таблиғи намояндаи як чунин гурӯҳи ифротӣ розӣ мешавад, ки барои «ҷиҳод» ба Сурия сафар кунад. Дар Туркия (он ҷо, ки миёнаравон ҷавонони «сарсупурда»-ро аз кишварҳои гуногун ҷамъ меоранд, то аз роҳҳои ғайрирасмӣ ба Сурия интиқол диҳанд) Б. бо намояндаи гурӯҳи ДИИШ вомехӯрад ва дар бораи вазифаҳои худ суол мекунад. «Ба ман гуфтанд, ки силоҳу бомбро бо худ мегирӣ ва дар яке аз минтақаҳои даргири Сурия ба ҷанг меравӣ. Аз пешат ҳар зану кӯдаке, ки баромад, ҳадафи тир қарор медиҳӣ. Инҳо ҳаққи зистан надоранд!», - ба ёд меорад Б. ва меафзояд: «Дар тасаввури ман, ҷиҳод бояд бар зидди душманони ислом сурат бигирад, на бар зидди одамони нотавон, занону кӯдакони оҷиз. Вақте дар бораи «миссия»-и ман гуфтанд, аз онҳо хостам, ки бароям ду ҳафта вақт диҳанд, то худро омода кунам. Агар пешниҳодашонро рад мекардам, шояд он ҷо маро мекуштанд. Бо ҳамин баҳона илоҷе карда, аз он ҷо ба Кӯлоб баргаштам. Лаънату нафрин хондам ба онҳое, ки аз бекорию камбизоатии баъзе ҷавонон сӯйистифода намуда, онҳоро гумроҳ месозанд ва барои расидан ба мақсадҳои ғаразборашон равона мекунанд».

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон тобистони соли гузашта зимни мулоқоташ бо аҳли ҷомеа аз он изҳори нигаронӣ кард, ки баъзе гурӯҳҳо аз низоми мусоиди ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон сӯйиистифода менамоянд. Ба гуфтаи ӯ, «ифротгароӣ ва таассубу хурофот, коштани тухми кинаву адовати диниву мазҳабӣ, маргталабиҳои динӣ, сӯиистифодаи ислом бо ғаразҳои сиёсии гурӯҳиву шахсӣ ва дигар аъмоли номатлуб, ки имрӯзҳо ба тамоюли хатарнок табдил ёфта истодаанд, моро водор месозанд, ки дар ин самт тадбирҳои қатъӣ андешем… Тибқи маълумот, имрӯз зиёда аз 80 оила аз ҷумлаи шаҳрвандони мо дар минтақаи Вазиристони Ҷумҳурии Исломии Покистон қарор доранд. Шумо мақсади ба он ҷо рафтани одамонро хуб медонед».

Парвандаи Давлат Чолов ва таблиғи ифротгароӣ

Чанде пеш муҳокимаи судии Давлат Чолови 43-сола, собиқ қумандони саҳроии фронти халқӣ ва ҳамдастони дигари ӯ анҷом пазируфт, ки дар таблиғу ташвиқи экстремизм ва ҷараёни салафия дар миёни ҷавонони Кӯлоб муттаҳам дониста мешуданд. Ба иттилои Саидҷон Салимзода, муфаттиши шуъбаи тафтишоти парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими Прокуратураи вилояти Хатлон, Д. Чолов, ки пештар бо ҳукми Суди олӣ бо иттиҳоми қатли инсон ва авбошӣ маҳкум шудааст, вақте дар маҳбас адои ҷазо мекард, бо Абдураҳмон Қодирови 35-сола (зода ва шаҳрванди Ӯзбекистон, 20 апрели соли 2007 бо иттиҳоми узвияти дар гурӯҳи мамнӯи «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон» ва экстремизму терроризм аз озодӣ маҳрум шудааст) ошно гардида, қасди роҳандозии ҳамкории ғайриқонунӣ мекунанд.

- Пас аз он, ки Д. Чолов аз маҳбас раҳо мешавад, - зикр кард С. Салимзода, - А. Қодиров ва ҳампаймонҳои дигараш аз «ҲИӮ» тавассути телефон ӯро розӣ мекунанд, то бар ивази ба даст овардани маблағи пулӣ, 4-5 ҷавонро барои иштирок дар ҷанги шаҳрвандии Сурия ҷалб кунад. Хушбахтона, ин ҷиноят саривақт ошкор гардида, Д. Чолов ва чанде аз ҳамраҳонаш бо моддаҳои 187, қисми 2, 189, қисми 3 ва 307 прим 3, қисми 3-и Кодекси ҷиноятӣ айбдор дониста шуда, бо ҳукми Суди вилояти Хатлон барои муҳлатҳои тӯлонӣ (аз 28 то 30 сол) аз озодӣ маҳрум гардиданд.

Ҳоло Прокуратураи вилояти Хатлон парвандаи дигаре алайҳи Рустам Хоҷамқулов, Абдуфаттоҳ Мансуров, ҷамъан 6 нафар, ки низ дар ҷиноёти сангине ба мисли терроризму экстремизм ва ҷалби ҷавонон ба ҷанги Сурия гумонбар дониста мешаванд, парвандаи ҷиноятӣ ифтитоҳ гардида, ҳамзамон дар пайгарди қонунӣ эълон шудаанд. Онҳо, ба иддаои тафтишот, дар хориҷи кишвар, ғолибан дар Русия ва Туркия будубош дошта, ҳамоно машғули амалҳои ҷинояткоронаи худ ҳастанд.

Ташвиши ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ДИИШ

Терроризм, террористҳо ва гурӯҳу ҳаракатҳои мамнӯи ифротӣ натанҳо мояи ташвишу нигарониҳо дар Тоҷикистон шудааст, балки онҳо барои тамоми кишварҳои ҷаҳон, аз он ҷумла ИДМ ва Осиёи Марказӣ хатарзо мебошанд. Александр Бортников, раҳбари ФСБ-и Русия, дар авоили моҳи ноябр, дар нишасти раҳбарони ниҳодҳои амниятии Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ (ИДМ) дар шаҳри Остонаи Қазоқистон, гуфт, ки «кишварҳои ИДМ ба як ҳадафи муносиб ва осон барои террористони байналмилалӣ табдил меёбанд, чунки дар сафҳои ин гурӯҳҳои пинҳонкори ҷаҳонӣ зодагони кишварҳои пасошӯравӣ низ меҷанганд. Ҳоло вазъи ба сурати фавқулода хатарнок дар Ховари Миёна ба вуҷуд меояд. Дар ин ҷо як навъ «интернатсионал»-и террористие дар заминаи созмони «Давлати исломӣ» ташаккул меёбад. Аъзои он дар Ироқу Сурия «таҷриба»-и ҷангӣ омӯхта, баъдан ба ҳайси мураббиёну истихдомгарон (вербовщики), воизон ва мутахассисони таъсиси шабакаҳои пинҳонкори роҳзане, ки бо «сохтори асосгузор»-и худ робитаи наздикро ҳифз мекунад, ба зодгоҳи худ бармегарданд. Таҷрибаи харобкориҳои «Давлати исломӣ»-ро метавонанд ҷунбиши «Толибон» ва гурӯҳҳои дигари марбут ба он дар Афғонистону Покистон низ истифода баранд, ки ин ҳам барои кишварҳои ИДМ таҳдидбарангез аст».

Президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев низ дар ҷаласаи Шӯрои амнияти кишвараш гуфтааст, ки «ифротгароии мазҳабӣ мисли бемории саратон аст, ки набояд бидуни табобат гузошта шавад». Вай дар ин ҷаласа хостори андешидани тадбирҳои шадид алайҳи ҷамъиятҳои ифротии мазҳабӣ шуд ва руҳониёни Қирғизистонро ҳушдор дод, ки ҳар касе Қирғизистонро ҳамчун давлати дунявӣ эътироф намекунад, бо пайомадҳои «хеле шадид» рӯ ба рӯ хоҳад шуд.

Аммо ҷангиёни «Давлати исломӣ» бо нашри видеоҳо дар интернет ба Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳдид кардаанд, ки «ҷиҳод»-и онҳо танҳо бо Ховари Миёна маҳдуд нахоҳад шуд. Дар як харитае, ки аз номи «Давлати исломӣ» нашр шуда, «нақшаи ин гурӯҳи тундрав барои 5 соли оянда» номида мешавад, тамоми Осиёи Марказӣ ҳамроҳ бо Афғонистону Покистон, қисматҳои мусалмоннишини Ҳинд ва устонҳои шарқии Эрон дар як устони воҳид бо номи «Хуросон» зикр шудаанд.

Ҷойи шак нест, ки барои тӯлонимуддат дар нуқтаҳои даргир ва минтақаҳои зери идораи тундгароҳо, аз ҷумла дар Сурия, Лубнон, Покистон, Афғонистон, зери таъсири ДИИШ, «ҲИӮ», «Ансоруллоҳ», «Ал-Қоида» ва гурӯҳҳои дигари ифротӣ мондани ҷавонон барои Тоҷикистон (дар сурати бозгашташон ба кишвар ё ҳамдастӣ бо нерӯҳои дохилӣ) хатарзо мебошад. Ба иттилои ғайрирасмӣ, танҳо дар Сурия то 200 нафар аз шаҳрвандони мо меҷанганд ва то имрӯз дар бораи ҳалокати чандин нафар аз зодагони Тоҷикистон дар ин кишвари арабӣ гузоришҳо ба даст расидаанд.

Мағзшӯии ҷавонон аз сӯйи истихдомгарон

Маркази сотсиологии «Шарқ» зимни як назарсанҷӣ дар байни муҳоҷирони тоҷик дар Русия (725 шаҳрванди Тоҷикистон пурсида шудааст) маълум кардааст, ки тақрибан 18%-и муҳоҷирон ё ҳар нафари 5-уми онҳо бовар дорад, ки «муборизаи мусалмонҳо барои эътиқод як амри зарурист». Онҳо афзудаанд, ки ҳарчанд шароит надоранд худ ба ҷанг раванд, зеро бояд зиндагии хонаводаҳои худро таъмин намоянд, аммо омодаанд «ҷиҳод»-ро сармоягузорӣ кунанд. Намедонам, ки то куҷо ин назарсанҷӣ расмӣ ва воқеист, аммо ғизо барои андеша мебошад ва мебояд ба хотири аз роҳҳои маданӣ ва маърифатӣ тағйир додани ин руҳияи иртиҷоӣ ва афкори муҳоҷирон чораҳо андешем.

Онҳое, ки барои ширкат дар амалиёти низомӣ дар Сурия ҷалб гардидаанд, аз ҷониби равоншиносони касбӣ ва омӯхташуда мағзшӯӣ шудаанд. Баъзан вориди шабакаҳои иҷтимоӣ гардида, дар саҳфаҳои алоҳида ё зери матлабҳо шарҳҳоеро мутолиа кардан мумкин аст, ки исботи гуфтаҳои боло буда метавонад. Масалан, зери матлабе Холид ном нафаре, ки худро аз Шом муаррифӣ кардааст, навиштааст: «Ин дурӯғи маҳз ҳаст, ки пул ваъда мекунанд ё пул медиҳанд. Ман шахсан аз оилаи сарватманд ҳастам ва дар зиндагиам ҳеҷ камбудие набуд. Фақат барои ризои Аллоҳ дар ин роҳ омадам… Инҳо барои чӣ омаданд, инҳоро кӣ фиреб дод? Магар шумо гуфтаҳои Аллоҳро фиреб мегӯед?». Рӯшан аст, ки маълумоти нокофии динӣ доштани ҷавонон сабаби ташреҳи иштибоҳӣ ё барқасдонаи фармудаҳои ислом ва аҳодис аз ҷониби намояндагони гурӯҳҳои ифротӣ ё истихдомгарон ба хотири чида гирифтани онҳо мешавад. Ингуна ҷавонон ба ҳадде гумроҳу «сарсупурда»-и ақидаҳои ифротии «корфармоҳо»-и худ мегарданд, ки дигар ҳатто ба панду насиҳат ва таваллои волидони худ барои бозгашташон ба ҳаёти осоишта ва Ватан гӯш намедиҳанд. Ахиран матлабе ҳам дар расонаҳо нашр шуд, ки як модари қазоқ барои баргардонидани писараш аз Сурия ба он кишвари арабӣ рафта, аммо танҳову ноумед баргашт. Писари 26-солааш Бағлон, ки намозхон буду соҳиби оила, охирҳои моҳи августи соли равон ногаҳон бо баҳонаи харидани мошин дар Остона манзили худро тарк кард ва баъди муддате аз Сурия аз худ дарак дод. Қуралой, модари Бағлон, ки аз «ҷиҳодӣ» шудани писараш дар ҳайрат ва таҳлука мондааст, тавассути Туркия ба назди писар рафт. Дар он ҷо бо шароити зисту машғулиятҳои онҳо шинос шуд, ёру дӯстонашро дид, бо писараш муфассал суҳбат кард, вале натавонист ҷигарбандашро мутақоид кунад, ки ба назди оилааш баргардад. Модар ва ҳамсари Бағлон ҳоло моҳҳои охири пеш аз сафари ӯро ба Сурия ба ёд оварда дар ҳайрат мемонанд, ки чӣ тавр аз ниятҳои ӯ пай бурда натавонистанд…

Уламои дин мегӯянд, ки исломро ба суннативу тундрав ва ифротӣ набояд ҷудо намуд, балки қонунҳову анъанаҳои исломро бояд дуруст омӯхт ва риоя кард.

Ислом ба зоти худ надорад айбе,
Ҳар айб ки ҳаст, дар мусалмонии мост.

Гурӯҳҳое, чун «Давлати исломӣ» ё «Ал-Қоида», ба иддаои коршиносон, ҳосили сиёсату бозиҳои геополитикист, ки ба онҳо як навъ ранги исломӣ додаанд ва аз ислом сӯйистифода мешавад.

«Қуръон ҳолатҳоеро, ки мусалмон бояд барои дифоъ аз худ ва ё бо аҳдофи дигар силоҳ ба даст бигирад, мушаххас кардааст. Ба гардани касе бор кардани силоҳу бо мазҳаб пӯшондани ин амал ғайри қобили қабул аст. Набояд бо исми Аллоҳ дар забон одам кушт! Вақте нафаре нафареро бегуноҳ мекушад, имонашро, виҷдонашро ва тамоми муқаддасотеро, ки дорад, аз даст медиҳад. Бародар бародари муъмин аст», - мегӯяд Саидҷон Сорбонхӯҷа, сархатиби масҷиди марказии шаҳри Қӯрғонтеппа.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таассубу ифротгароӣ, терроризм ва бо мақсадҳои ғаразноки гурӯҳӣ ба тарзи сунъӣ сиёсӣ намудани исломро аз бузургтарин хатарҳое номидааст, ки ба ҷомеаи муосир таҳдид доранд. «Албатта, мо мефаҳмем, ки фақру бекорӣ барои зуҳури ифротгароӣ ва терроризм дар тамоми ҷаҳон шароити мусоид ба вуҷуд меоварад, вале бояд гуфт, ки мудохилаи хориҷӣ бо истифода аз сатҳи пасти саводу фарҳанг ва маърифати дунявию динӣ, нохудогоҳӣ, бетараф будан нисбат ба арзишҳои волои милливу динӣ дар замони муосир аз омилҳои асосии пайдоиш ва шиддат гирифтани ифротгароӣ гардидааст», - зикр кардааст Э. Раҳмон зимни суханрониаш дар мулоқот бо аҳли ҷомеа 4 июли соли 2013.

Хурофот, таассуб, ифротгароӣ ва бесаводӣ ҷаҳолат ва торикист ва ба мардум танҳо бадбахтӣ меорад. Набояд мояи бадбахтию сияҳрӯзии худ, фарзандон, пайвандон ва ҳамватанон шавем.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)