Бахшҳо

Даргузашти ҷавоне, ки аз Президенту Убайдуллоев кумак хост (АКСУ ВИДЕО)

Абдуалӣ Муродов, як ҷавони 18-сола, ки аз дарди гурда ранҷ мекашид, даргузаштааст.

Қурбоналӣ Муродов, падари Абдуалӣ 17 феврал ба “Озодагон” гуфт, писараш замоне ҷон супурд, ки ӯро ба беморхона мебурданд.

Дар бораи мушкили Абдуалӣ Муродов хабаргузории “Озодагон” моҳи декабри соли сипаришуда хабар дод. Он замон падари 56-солаи ӯ, ки маъюб мебошад, барои муолиҷаи Абдуалӣ аз Эмомалӣ Раҳмон, райисиҷумҳури Тоҷикистон, Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори пойтахт ва тамоми мардуми хайрхоҳ дархости кумак карда буд. Қурбоналӣ Муродов дар суҳбати телефонӣ гуфт, баъди ин муроҷиат чанд нафар ба ӯ кумак кардаанд: “Аз ҳамаи онҳо миннатдорам ва Худо хайрашон бидиҳад”.

Хонаводаи Қурбоналӣ Муродов, ки аз шаш нафар иборат аст, дар ҳолати фақр ба сар мебарад. Дар суҳбати видеоӣ ӯ гуфта буд, маъюби гуруҳи дуюм аст: “Ҳар ду поям маъюб аст. Дар бозори “Корвон” сурудхонӣ мекунам ва бо ҳамин рӯз мегузаронем. Нафақаам ба таъмини зиндагӣ намерасад. Аз пули барқу об қарздорем. Ҳамсарам ва як духтарам бемор ҳастанд ва кор карда наметавонанд. Зиндагӣ вазнин аст”.

Абдуалӣ, ки дар курси сеюми Литсеи касбии хизмат ва туризм таҳсил мекард, ба қавли падараш аз бемории гурда ранҷ мебурд: “Дар натиҷаи ташхиси тиббӣ маълум шуд, ки Абдуалӣ модарзод як гурда надорад ва гурдаи ягонааш ҳам сиҳат нест”.

ВИДЕОи муроҷиати Абдуалӣ ва волидонаш барои кумак




Даргузашти ҷавоне, ки аз Президенту Убайдуллоев кумак хост (АКСУ ВИДЕО)

Даргузашти ҷавоне, ки аз Президенту Убайдуллоев кумак хост (АКСУ ВИДЕО)
Мӯҳр
Факир
Худованд рахматаш кунад. Хонаи охиратат обод бошад додари азиз! Эй вой бар Шумо, ки дасти дардманду бенавоёнро намегиред!

салом ба хама
ман нияти кумак кардан доштам афсус ки имкон нашуд.
худованд чои ин бародарро чаннат гардонад ва ахли оилааш сабр насиб гардад. омин

Хасан
Худованд рахматашон кунад Ба падару модараш сабри чамил аз даргохи Худованд таманно дорам

Худованд рахматаш кунад. Сохибкорону афроди ба чихати моддиву моли доранда! Аз барои Худо ба хамин мард кумак кунед. Харчанд, ки писараш даргузашт, аммо кумаки хайрхохона, дар рохи ризои Худо хеч вакт дер нест.

Худовандо ин бародарро рахмату магфират намо ва ба бозмондагонаш сабр ва аз хазонаи гайбат кумакашон намо ва файзу баракатат ба ин хонадон насиб гардони Омин

Худованд чояша чаннат гардонад оммин. Ман нав хамин маколаро хондам барости надида будам вагарна кумак мекардам агар раками телефони хамин хонаводаро нафаре донад нависад мо дар тамос шавем рафта кумаки худо расонем...хохиш

Бовар кунед дилам пора пора гашт.Пулдорону мансабдорон ба газаби Аллох рузе гирифтор мешавед.Дуъои бади мардум мегирад.Рузе пулу мансаб гуфта мемуред.

Муслим
Инно лиллоҳ ва инно илайҳи роҷиун. Худованд раҳмату мағфираташ кунад!!!

Махмасаид убайдулло да кучои ку бинемта мушкилии молиявии камбагалора осон куни

мухочира аз Москва.
э войеее кай доду узри камбагал ба президент расидабудки? чояш чаннат шавад, хонаи охираташ пурнур шавад .ОМИН

ХУДОЁ ба доди хамаи мазлумон бирас чои ин бародар чанати човидон бод

MG
Нафароне, ки мехоҳанд ба ин хонавода кӯмак расонанд, бо ин шумора тамос бигиранд: 989-02-97-04

Суроғаи манзил: Ноҳияи Сино, маҳаллаи Гипрозем, кӯчаи Нахимов, хонаи 59, утоқи 8.

Асалому алйкум мардуми Точик ман дар сомонаи однокласник як клипи писарбачаи 3-сола аз Сурияро тамошо кардам вакто,ки ин бардарро хондам дар ёдам хамон писарбача омад.Он писарбача аз бомбаброн намудани шахр аз суи Башар Асад мачрухи сахт шуда буд кариб,ки ними танааш набуд духтурон хеч кор карда наметавонистанд 5 дакика пеш аз марг ин писарбача бо овози баланд гуфт,ки ман ба Худо арз мекунам ки калонхо ба доди мо кудакхо нарасиданд мо хеч гунохе надоштем мо хеч чизро дидаги набудем аз руи хамаи Шумо арз хохам намуд.Ана ин Чавонмаргам арз менамояд,ки дар Точикистон аз хамма мошини кимматбахо аз хамма чойхонаи бохашаммат,бозори аз хамма калон дар дунё,ки касе намеравад,парчами аз хамма калон,ки дар чахон чои аввалда меистоду як курдаи мара соз карда натавонистанд.Худованд рахмату махфират кунад.аз мардуми оддихам арз мекунад,ки касе аз тани ин мардак даву тоз накарданд.Агар ин дар кадом давлати дигар мешуд хамма якчоя мехестану ёри менамуданд.Дар Украина чанг рафта истодааст дар ТВ-и Украина ягон кудака нишон медиханд барои кумак дархол хама ёри медиханд баъди якчанд руз сохибони кудак сипосгузор мешаванд.

Мардон
Худованд чояшро Чаннат кунад. Дарег, ки ин бечорахо зиндагиро нодида мераванд ва пулдорону сарватмандон ва онхое, ки аз горати мову Шумо сарватхоро гундоштаанд, акалан ба хамин гуна бечорахо кумак намекунанд. Худованд хамаи инро мебинад ва рузе ин пулдорон бо беморихои дахшатнок чун чанд нафар пулдори Точикистон, ки як -як мурда истодаанд, сарваташонро мондаву мераванд.

Насим
Хонаи охирати ин бародарам обод бод ва аз Худои бузург барои бозмондагонаш сабр металабем

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)