Раҳимзода дар раъси як ҳайат ба Эрон рафт
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон субҳи 18 феврал дар раъси як ҳайат озими шаҳри Теҳрон шудааст.
Ба иттилои дафтари матбуотии ВУД, ҳадаф аз сафари вазири умури дохилии Тоҷикистон ба Эронро “тақвият додани дурнамои ҳамкориҳои судманд дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, аз қабили терроризм, экстремизм, сепаратизм, омода намудани кадрҳои баландихтисос, ташкили курсҳои омӯзишӣ барои баланд бардоштани малакаи касбӣ ва мубодилаи таҷрибаи кормандон” мебошад.
Манбаъ мегӯяд, интизор меравад, Рамазон Раҳимзода дар доираи ин сафараш бо Абдулризо Раҳмонии Фазлӣ, вазири кишвари Эрон мулоқот карда, аз сохторҳои ниҳоди таҳти раҳбарии ӯ ва Донишгоҳи пулиси ин кишвар боздид кунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |