Ҳушдори обуҳавошиносон аз офатҳо дар 3 рӯзи оянда
Муассисаи обуҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, се рӯзи оянда дар манотиқи куҳсори кишвар эҳтимоли зиёди сар задани офатҳои табиӣ вуҷуд дорад.
Ба иттилои ин ниҳод аз 20 то 23-юми феврал дар навоҳии куҳии Тоҷикистон хатари фуромадани тарма ҷой дорад. Мақомот аз сокинон даъват намудаанд, ки эҳтиёткор бошанд.
Ин ҳушдор дар ҳолест, ки фавти шаҳрвандони Тоҷикистон дар пайи офатҳои табиӣ дар соли 2014 қариб се баробар афзоиш ёфта, ба 31 нафар расид. Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда соли 2013 офатҳои табиӣ ҷони ҳамагӣ 11 нафарро рабуда буданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |