Қарори раиси вилоят барои таҷлили Рӯзи матбуоти тоҷик
Раиси вилояти Суғд бо судури як қарор эълон кард, 11 март дар қаламрави шимоли кишвар Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта мешавад.
Аз дафтари матбуотии раиси вилоят ба “Озодагон” гуфтанд, ин қарор 17 феврал имзо шуда, дар асоси он озмуни вилоятӣ барои дарёфти мукофоти Созмони журналистони вилоят ба номи Ҳоҷӣ Содиқ баргузор мешавад: “Озмуни суратгирони касбӣ ва ҳаваскор дар мавзӯъҳои “Наврӯзи байналмилал - ифтихори тоҷикон” ва “70 - солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ” эълон шуда, конфронси илмӣ-амалӣ ба муносибати 85-солагии рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд” доир мешавад. Инчунин, спартакиадаи журналистони вилоят оид ба футбол, волейбол, шашка, шоҳмот ва аёдати журналистони бознишаста дар назар аст”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |