Бахшҳо
03 сен 2014 16:00Ҳуқуқи инсон

Эътирози хушунатмомези фармондеҳи собиқ дар Сарбанд

Орзуи КАРИМ

Додгоҳи ноҳияи Бохтар , дар ҷануби Тоҷикистон Файзиддин Сайдалиев, як сокини ноҳияи Данғараро, ки феълан бошандаи шаҳри Сарбанд аст, ба хотири оташ задани бинои ҳукумати шаҳри Сарбанд ва идораи нотариалии ин шаҳр барои ду сол аз озодӣ маҳрум намуд.

Додгоҳи ноҳияи Бохтар Файзиддин Сайдалиевро тибқи бандҳои 32 қисми 3, яъне тайёрӣ ва қасди ҷиноят ва 255, қисми 2-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк, ки ҷарима ё то панҷ соли ҳабсро пешбинӣ мекунад, муттаҳам дониста, барои ду сол аз озодӣ маҳрум кард. Файзиддин Сайдалиев, ки 43 сол дорад, иқрор кардааст, ки ду бинои ҳукуматиро оташ задааст. Вай мегӯяд, ин корро аз сари хашм ва замоне кард, ки шаҳрдор Қарахон Чилаев ва масъулони идораи заминсозӣ дархости ӯро барои гирифтани як порча замин ба хотири сохтани нодида гирифтанд. Пеш аз ин иқдом ӯ ба мансабдорони давлат паёмак ё СМС-и ҳушдордиҳанда низ фиристодааст. Дар сӯхтори бинои ҳукумати маҳаллӣ як тирезаи он хароб ва корношоям гаштааст. Маҳкумшуда идораи нотариалиро барои он ба оташ кашид, ки он ҷо писари шаҳрдори Сарбанд кор мекунад. Сӯхтор дар ин ҷо зуд хомӯш карда шудааст.

Файзиддин Сайдалиев мудати як сол ба ҳукумати шаҳри Сарбанд ва дигар мақомот дар мавриди ҷудо намудани қитъаи замин муроҷиат кардааст. Инчунин вай борҳо ба телефонҳои мобилии масъулини ҳукумат дар мавриди бетаваҷҷӯҳияшон бо арзу шикояти мардум бо тариқи паёмакзо нигаронӣ карда ва ба онҳо СМС-и ҳушдоркунанда навиштааст. Додраси парванда Собирзода Зайдуллои Фозил дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳарчанд амали Файзиддин Сайдалиев ҷиноят ба шумор меравад, дар натиҷаи беаҳамиятии мансабдорон ба вуқӯъ пайвастааст. Аммо дар ҳоле ки айбдоркунандаи давлатӣ танҳо ҷазои ҷарима пешниҳод карда буд, Сайдалиев ба ду соли ҳабс маҳкум гардид. Наздикони ӯ гуфтанд, аз ин ҳукм шикоят хоҳанд кард.

Гуфта мешавад, ки Файзиддин Сайдалиев дар сухани охирини худ дар додгоҳ гуфтааст, аз муносибати шаҳрдорӣ ба ҷон расида, даст ба чунин кор задааст. Абдусаттор Холмуродов, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Сарбанд дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳар ҳафта шаҳрвандон бо арзу шикояти мухталиф ба шаҳрдорӣ муроҷиат мекунанд.

Ҷаноби Холмуродзода мегӯяд, ки бештари сокинон ба хотири соҳиб шудан ба қитъаи замин муроҷиат мекунанд, ки Файзиддин Сайдалиев яке аз онҳост: “Бештари муроҷиаткунандагон дар мавриди қитъаи замин муроҷиат мекунанд. Ин мард, ки дар шоҳроҳи Қҳрғонтеппа дар ҷамоати деҳоти Гулистон замин дорад ва барояш иҷозаи сохтмон намедиҳанд ва ба ӯ мегӯянд, ки дар дигар ҷо сохтмон кунад, аммо ба ҳукумат омада аз тиреза оташ мепартояд ва ин корро дар идораи нотариалии шаҳр низ мекунад.”

Турсуной Сайдалиева, ҳамсари Файзиддин Сайдалиев дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки маҳз муносибати сарди шаҳрдор Чилазода Қарахон шавҳарашро водор кард, ки ба ҷиноят даст занад. Турсуной Сайдалиева мегӯяд: “Пеши ҳама рафтам, вале касе ба ман дасти ёрӣ дароз накард. Аз ҳамаи додгоҳҳо шикоят дорам, аз раиси шаҳр шикоят дорам, чун дар хонаам мушкил дорам, ба раиси шаҳр ҳам муроҷиат кардем, ки кумакамон кунад, вале ҳама мегӯяд, ки раиси шаҳр гуфтааст, ки агар касе ба онҳо кумак мекунад, аз вазифааш сабукдӯш мешавад. Намедонам, чӣ кор кунам.”

Файзиддин Сайдалиеви 43-сола командири қисми низомии ба номи Файзалӣ Саидов буда, 5 фарзанд дорад ва инчунин парастории падари пиру бемораш бар дӯши вай буд, ки баъди ба зиндон рафтан акнун Турсуной Сайдалиева ин пирамард ва панҷ фарзанди ӯро парасторӣ мекунад. Гуфта мешавад, ки Файзиддин Сайдалиев дар сухани охирини худ ва пеш аз барасии парвандаи ҷиноияш низ гуфтааст, ки ин кори ҷиноиро бинобар танг омадан аз бемасъулиятии шаҳрдорӣ, анҷом додааст. Зимнан Қарахон Чилаев, шаҳрдори Сарбанд ва маҳкумшуда Файзиддин Сайдалиев ҳар ду сокинони ноҳияи Данғара ҳастанд.

Ба ҷиноят даст задани як сокини вилояти Хатлон ба хотири беаҳамиятии масъулини ҳукумат дар ҳолест, ки дар шаҳру навоҳӣ ҳар шанбе рӯзи қабули шаҳрвандон аз сӯи мақомоти эълон шуда ва бояд масъулони давлатӣ ба мушкилоти мардум гӯш кунанд ва онро расидагӣ намоянд. Дар гузашта низ дар Тоҷикистон мавридҳои эътирози хушунатомез ба рафтори мақомҳои давлатӣ мушоҳида шудааст. Аз ҷумла дар соли 2012 Зайнулобиддин Ҷӯраев, сокини ҳаштодсолаи Исфара дар пайи як баҳси манзил ба рӯи раиси додгоҳи Исфара Абдуҳамид Давронов тезоб (кислота) пошида буд. Ӯро бо ин ҷурм ба 8 соли зиндон маҳкум карданд.

Дар моҳи марти соли равон Шавкат Раҳмонов, як сокини 74-солаи Душанбе худро дар назди Кохи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон оташ зада, баъди чанде дар бемористон даргузашт. Мақомот он замон дар шарҳи ин қазия гуфтанд, ки ӯ мушкили равонӣ дошт ва дар масъалаи манзил бо фарзандони худ вориди моҷаро шуда буд.
Мӯҳр
Иломиддин
Дустон кормандони озодагон ташаккур барои ин гузоришатон. Ростаи хамаш.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)