Кордори сафорати Корея Тоҷикистонро тарк мекунад
Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо Ён Ҷон-ку, кордори сафорати Корея дар шаҳри Душанбе мулоқот кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуотии ВУХ-и кишвар, ин вохурӣ рӯзи 18 феврал дар шаҳри Душанбе баргузор шуда, вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҷон-куро ба хотири анҷом ёфтани ваколати дипломатиаш дар Душанбе ба ҳузур пазируфтааст.
Ҷонибҳо дар вохурӣ ба рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Корея таъкид карда, дар робита ба масоили марбут ба татбиқи иқтидори мавҷуда дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат ва сармоягузориҳо табодули назар кардаанд. Вазири умури хориҷии Тоҷикистон фаъолият ва саҳми ҷаноби Ён Ҷон-куро дар тавсеаи ҳамкориҳои ду кишвар, аз ҷумла дар соҳаи тандурустӣ, маориф, илм ва фарҳанг баланд арзёбӣ кардааст.
Муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Корея 27 апрели соли 1992 барқарор шудааст. Корея намояндагии дипломатии худро бо роҳбарии Кордор дар шаҳри Душанбе соли 2008 ифтитоҳ намуд. Аз соли 2011 Кордори намояндагӣҷаноби Ён Ҷон-ку баруҳда дошт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |