Бахшҳо

Муовини аввали Э.Раҳмон: Ҳизби қудратманд аз рӯи раъйи мардум муайян мешавад

“Озодагон” тасмим гирифт дар остонаи интихоботи парлумонии якуми март бо раҳбарон ва чеҳраҳои саршиноси аҳзоби сиёсии Тоҷикистон суҳбатҳои ихтисосӣ анҷом бидиҳад. Ҳоло аз ин силсила мусоҳибаи Атохон Ғаниев бо Фаттоҳзода Саидмурод Самад, муовини аввали раиси Ҳизби халқӣ- демократии Тоҷикистон пешниҳоди хонанда мешавад.


“Озодагон”: Лутфан, ба таври мухтасар дар бораи барномаи пешазинтихоботии Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон маълумот бидиҳед.

Саидмурод Фаттоҳзода: “Қаблан ба муштариёни Оҷонсии иттилоотии “Озодагон”, ки дар айни замон интихобкунандагони мо мебошанд, салом мерасонам. Дар оғоз бояд арз намоям, ки Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон маҳсули фаъолияти гуруҳи калони коршиносону сиёсатмадорон, иқтисоддонҳою ҳуқуқшиносон ва олимону мутахассисони ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ мебошад. Гуруҳи кории босалоҳият онро таҳия ва танзим намуда, ба Раёсати ҳизб пешниҳод намуданд ва бо таҳриру пешниҳоди Раҳбари муаззами ҳизбамон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле такмил ёфт. Баъдан он дар Анҷумани ХII-и ҲХДТ дар ҳузури вакилони он баррасӣ ва қабул карда шуд.

Барномаи пешазинтихоботии мо фарогири ҳамаи соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ, фарҳангӣ, варзишӣ ва сиёсати дохилию хориҷӣ мебошад. Ҳамаи он ҳадафу ниятҳо ва нақшаҳое, ки мо дар Барнома ворид кардаем, илман асоснок, воқеӣ ва иҷрошаванда мебошад. Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон ба сабқати интихоботӣ зери шиори “Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!” ворид шуда, садоқати худро ба арзишҳои соҳибихтиёрӣ, демократия, баробарҳуқуқӣ ва ошкорбаёнӣ эълон медорад ва барои тараққиёти ҳамаҷонибаи Тоҷикистон тамоми тадбирҳои имконпазирро амалӣ мегардонад.

ҲХДТ дар ҳамаи ҷанбаҳои фаъолият, аз ҷумла, пешбарии номзадҳо ба вакилӣ, иштирок дар фаъолияти Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ тавассути намояндагони худ дар доираи меъёрҳои муқаррарнамудаи Конститутсия ва қонунгузории амалкунанда барои расидан ба ҳадафҳои хеш саъю талош хоҳад кард. Барои ноил шудан ба ҳадафҳои муайяншуда, ки аз сиёсати бобарор ва хирадмандонаи Раиси ҲХДТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд, ҳизб тасмим гирифтааст, ки ҷиҳати таъмини ширкат дар рушди устувори ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба ҳар як сокини мамлакат шароити мусоид фароҳам оварад.

Мо ҷиҳатҳои мусбати таҷрибаи солҳои қаблиро ба роҳбарӣ гирифта, бо дарназардошти натиҷаҳои ислоҳоти иқтисодӣ дар кишвар, татбиқи Стратегияи миллии рушд то соли 2015 ва истифодаи дигар имкониятҳои бузурги захиравӣ барои амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегии мамлакат – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ тамоми нерӯи худро равона месозем.

Муовини аввали Э.Раҳмон: Ҳизби қудратманд аз рӯи раъйи мардум муайян мешавадДар бахши иқтисод мо ҳафт самти афзалиятноки рушду пешрафти онро ба инобат гирифтаем. Масалан, такмили сохтори иқтисодиёт, ки рушди бемайлони бахши воқеии иқтисодиёт ва афзоиши устувори маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакатро таъмин менамояд. Ҳамзамон таъмини рушди комплекси энергетикии мамлакат ҳамчун омили бунёдии рушди устувори иқтисодӣ, таъмини рушди босуботи минтақаҳои кишварро ҳамчун омили тараққиёт эълон доштем.
Пешбурди сиёсати самараноки молиявӣ ҷиҳати таъмини истифодаи оқилонаи захираҳои мавҷударо низ аз вазифаҳои муҳими худ медонем. ҲХДТ ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ва рушди соҳибкориро ҳамчун муҳаррики иқтисодиёт дар маркази барномаи ҳизб қарор додааст. Ҳизби мо инкишофи инфрасохтори коммуникатсионии мамлакат ва пайваст намудани онро бо шабакаҳои коммуникатсионии минтақавию ҷаҳонӣ ҳамчун идомаи татбиқи стратегияи раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ медонад.

ҲХДТ дар самти беҳбудии идоракунии давлатӣ ва тақвияти низоми ҳамоҳангсозии сиёсати рушд чунин вазифаҳоро мувофиқи мақсад мешуморад:
- баланд бардоштани самаранокии фаъолияти низоми давлатӣ тавассути таъмин намудани шаффофият, ҳисоботдиҳӣ ва мукаммалсозии коргузории давлатӣ;
- густариши татбиқи механизмҳои ба мувофиқа расонидани афзалиятҳои рушд дар ҳамаи сатҳҳои идоракунии давлатӣ;
- суръат бахшидан ба раванди татбиқи барномаи “ҳукумати электронӣ” ва таъмини шаффофияти фаъолияти он;
- таъмини идоракунии истифодаи самараноки амволи давлатӣ;
- андешидани тадбирҳои иловагӣ ҷиҳати ҳавасмандгардонии фаъолият дар хизмати давлатӣ.

Ҳамин тариқ, мо дар бахши сиёсати дохилӣ, идораи давлатӣ ва таҳкими равандҳои демократӣ, ислоҳоти кадрӣ ва сохторӣ дар ҳокимияти иҷроия, таъмини ҳуқуқу озодиҳои фитрии инсон, таҳкими ваҳдат ва ягонагии Тоҷикистон, амнияти миллӣ, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ тадбирҳоеро ба нақша гирифтаем, ки дар давоми панҷ соли оянда онҳоро амалӣ мегардонем. Дар самтҳои сиёсати хориҷӣ ва иҷтимоӣ, рушди илм, маориф ва фарҳанг, сийсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, сиёсати гендерӣ ва таҳкими оила, дар раванди татбиқи ислоҳоти ҳуқуқӣ ва такмили қонунгузорӣ нақшаҳои ҷолиб ва иҷрошавандаро манзур кардаем.

Хулоса, ҲХДТ барномаи амали худро, ки метавонад рушди кишварро дар марҳалаи солҳои 2015-2020 таъмин намуда, тамоми заминаҳои воқеиро барои ваҳдату суботи ҷомеа ва зиндагии шоистаи мардум муҳайё намояд, пешниҳод мекунад. Бо итминони комил метавон гуфт, ки Ҳизби хал қӣ-демократии Тоҷикистон бо дастгирии мардуми шарифи кишвар ва таҳти сарварии Раиси ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи ин ҳадафҳои барномавӣ ноил гардида, кишвар ва мардуми шарафманди Тоҷикистонро ба сӯи арзишмандтарин хостаҳо ва зиндагии шоиста раҳнамоӣ мекунад".

“АЗ ФАЪОЛИЯТИ КУНУНИИ ПАРЛУМОН ВА ФРАКСИЯИ ҲИЗБИАМОН ҚАНОАТМАНДЕМ”

“Озодагон”: Дар солҳои қаблӣ намояндагони ҲХДТ аксари курсиҳоро дар парлумон соҳиб шуда буданд. Шумо ба фаъолияти намояндагони худ дар парлумони охир чӣ гуна баҳо медиҳед?

Саидмурод Фаттоҳзода: "Бояд тазаккур дод, ки ҳизби мо дар ҳамаи зинаҳои интихобӣ ва қонунгузорӣ номзадҳои арзандаи худро пешбарӣ мекунад. Онҳо бо барномаҳои воқеии худ вориди сабқати интихоботӣ мешаванд ва табиист, ки аксарияти кулли онҳо ба пирӯзӣ мерасанд. Натиҷаи ҳамин аст, ки бахши аъзами курсиҳои парлумониро соҳиб гашта, фраксияи ҳизбии қавие созмон медиҳем ва аз тарифи онҳо Барномаро амалӣ мегардонем ва санадҳои қонунгузории муҳимро пешниҳод, баррасӣ ва қабул мекунем.

То имрӯз низоми ҳуқуқӣ ва қонунгузории кишвар тавассути вакилони мо хеле мукаммал шуда, ба талаботи давлати ҳуқуқбунёд ҷавобгӯ мебошад. Аз ҷумла, вакилон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории худ ба Маҷлиси намояндагон дар бораи иттилоотонӣ, нақлиёт, фаъолияти хусусии тиббӣ, хадамоти гидрометеорологӣ, Академияи илмҳо, дар бораи аз қаламрави мамлакат берун баровардан ва дохил гардонидани сарватҳои фарҳангӣ, ҳифзи табиат, Қувваҳои мусаллаҳ, сарҳади давлатӣ, йоднокгардонии намак, театр ва фаъолияти театрӣ, ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ ва ғайраро пешниҳод намуданд, ки онҳо мавриди муҳокима ва дасттирии Маҷлиси намояндагон гашт.

Ҳамин тариқ, минбаъд лоиҳаи қонунҳо дар бораи омори давлатӣ, фаъолияти аудиторӣ, кафолатҳои давлатии таъмини ҳуқуқҳои баробар ва имкониятҳои баробари мардону занон, фаъолияти эҳсонкорӣ, ветеранҳо, варзиши кӯдакон ва наврасон, маълумоти олӣ ва маълумоти касбии баъд аз мактаби олӣ мавриди муҳокимаи кумитаву комиссияҳои Маҷлиси намояндагон ва Ҳукумати Тоҷикистон қарор гирифта, ба тасвиб расонда шуданд.

Ҳифзи иҷтимоии мардум ва баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ мақсади асосии Барномаи ҲХДТ буда, дар ин самт пайваста чораҳои муассир андешида мешаванд. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила, нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ, тасдиқи Феҳристи шахсоне, ки барои гирифтани нафақа барои хизмати шоён дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд, ёрии равонпизишкӣ ва ғайраҳо силсилаи санадҳои ҳуқуқие мебошанд, ки мақсади онҳо боло бурдани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, тақвият бахшидани саломатии шаҳрвандон ва дастгирии табақаҳои эҳтиёҷманди ҷомеа ба ҳисоб меравад. Бинобар ин мо аз фаъолияти кунунии парлумон ва фраксияи ҳизбиамон қаноатманд ҳастем. Бовар дорем, ки бо ворид шудани ҳайати нави вакилони мо ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аксарияти кулли онҳо соҳибтаҷриба, варзида, обрӯманд ва донишманд ҳастанд, метавонем нақшаҳои дар наздамон гузоштаро амалӣ гардонем".

“ДАР БОРАИ МОНЕАСОЗИҲО НИСБАТИ ЯГОН ҲИЗБ АЗ ҶОНИБИ ҲУКУМАТ ДАЛЕЛҲО РӮИ ДАСТ НАДОРЕМ”

“Озодагон”: Оё сарвари ин ҳизб будани Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро метавон яке аз омилҳои ғалабаи он дар интихоботҳои гузашта гуфт?

Саидмурод Фаттоҳзода: “Бубинед, фаъолияти ҳар ҳизб дар пояи фаъолият, донишу малака, маҳорат ва неруи сафарбаркунандаи пешвоёнаш устувор мебошад. Мо аъзои ҳизб аз он ифтихор дорем, ки сарварии ташкилоти моро шахсияте, сиёсатмадоре, давлатмарде чун Эмомалӣ Раҳмон бар дӯш доранд. Ин ҳақи қонунии Ҷаноби Олӣ мебошад, ки ба ҳизби таъсисдодаи худ раҳбарӣ ва онро раҳнамоӣ кунад. Воқеияти он ки Раиси ҳизби мо дар айни замон Президенти кишвар аст, инро қонунҳои мамлакат маҳдуд намекунад.

Муовини аввали Э.Раҳмон: Ҳизби қудратманд аз рӯи раъйи мардум муайян мешавадТаҷрибаи сарварии ҳизб ва ҷумҳурӣ дар чанде аз мамлакатҳо роиҷ аст. Масалан, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тафовут надорад, ки он кӣ аст, лекин дар маъракаҳои интихоботӣ ба ситоди ҳизбаш рафта барои пирӯзӣ мусоидат мекунад. Инро қонунҳо манъ намекунанд. Табиист, ки обрӯ ва нуфузи Раҳбари ҳизб ба пешрафти фаъолиятҳои мо ва дар маҷмуъ барои пешрафти кишвар мусоидат мекунад. Ба ҳамин хотир обрӯ ва манзалати Роҳбари мо барои ғалабаҳои мо дар интихоботҳо низ мусоидат мекунад ва мо аз ин фирӯзмандиҳо ифтихор дорем. Бо вуҷуди ин Раҳбари кишвару ҳизби мо таъкид менамоянд, ки ба хотири фароҳам овардани шароити баробари таблиғот барои ҳамаи аҳзоб аз ному мақоми ӯ истифода накунанд”.

“Озодагон”: Намояндагони чанде аз ҳизбҳои сиёсӣ аз фишору монеасозиҳо барои онҳо дар маъракаи пешазинтихоботӣ сухан мегӯянд. Инро чӣ гуна шарҳ медиҳед?

Саидмурод Фаттоҳзода: “То ҳол дар бораи монеасозиҳо нисбати ягон ҳизб аз ҷониби ҳукумат далелҳо рӯи даст надорем. Ҳар сухану гапе, ки дар ин масъала интишор ё паҳн мешавад, овозае беш нест. Барои мисол ҷиҳати муаррифии Барнома ба воситаи телевизион тибқи муқаррароти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ ҳамаи ҳизбҳо 40 дақиқа вақт доштанд, ки ҳамагӣ онро ба шаклҳои мухталиф истифода намуданд. Боз ҳар кадом вакил имкон дорад, ки тибқи қонун 20 дақиқаи ройгонро аз тариқи телевизион истифода намояд. Дар ин маврид ягон хел маҳдудиятро эҳсос накардем”.

“ИНТИХОБОТҲОИ МО КОМИЛАН ШАФФОФУ ДЕМОКРАТӢ ВА ОЗОД МЕГУЗАРАНД”

“Озодагон”: Кадом ҳизбро дар интихобот рақиби асосии худ ҳисоб мекунед?

Саидмурод Фаттоҳзода: “Неру, қудрат ва тавоноии ҳизбу нуфузи онро дар ҷомеа овозҳое муайян мекунанд, ки мардум ба онҳо медиҳанд. Агар аз рӯи маҳбубият, нуфузи дар ҷомеа дошта, шумораи аъзо ва муҳимтар аз ҳама назар ба барномаҳои матраҳнамуда баҳо диҳем, ҲХДТ муваффақ аст. Агар аз нигоҳи пирӯзиҳои ҳизб гирем, боз ҳам ҲХДТ пешсаф аст. Мо мехоҳем, ки дар паҳлуямон ягон ҳизби боқувват ва обрӯманд бошад, вале то ҳол чунин қувваи ҷиддиро эҳсос накардаем. Лекин ба ҳар сурат ҳизби қудратманд аз рӯи раъйи додаи мардум муайян карда мешавад”.

“Озодагон”: Агар интихобот воқеан шаффоф гузарад, ҲХДТ ба чанд курсии вакилӣ дар парлумон умед мебандад?

Саидмурод Фаттоҳзода: “Аввал ин ки интихоботҳои мо комилан шаффофу демократӣ ва озод мегузаранд. Таваҷҷуҳ карда бошед, интихоботҳои моро ба ду шакл ё худ аз ду мавқеъ баҳо медиҳанд. Масалан, нозирони Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ, Созмони ҳамкориҳои Шанхай ва соири мушоҳидони кишварҳои собиқи шӯравӣ интихоботҳои Тоҷикистонро мусбат арзёбӣ мекунанд. Аммо нозирони Созмони амнияту ҳамкории Аврупо ва дигар ташкилотҳои ба он монанд аз мавқеи стандартҳои демократии кишварҳои пешрафта баҳо дода, баъзе камбудиҳои техникиро номбар мекунанд. Агар камбудие бошад, сохторҳои дахлдор меомӯзанд, таҳлил мекунанд ва баҳои воқеӣ медиҳанд”.

“Озодагон”: Баҳои воқеии Шумо ба шаффофияти ҷараёни маъракаи пешазинтихоботӣ дар Тоҷикистон?

Саидмурод Фаттоҳзода: “Имрӯз ҳам мо, ки ба интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ омодагӣ дида истодаем, маъракаи таблиғотии пешазинтихоботӣ ба сурати хуб, озод ва шаффофу демократӣ ҷараён дорад. Нозирони байналхалқӣ аллакай ба фаъолият сар кардаанд. Намояндагони сафоратҳои давлатҳои хориҷии муқими Душанбе, САҲА ва ташкилотҳои мустақил бо фаъолияти Ситоди марказии пешазинтихоботии мо шинос шуда, ба он баҳои хуб доданд. Чуноне ки мегӯянд, ҳар ҳизб ба андозаи тавону имконият ва хазинаи интихоботиаш маъракаро роҳандозӣ менамояд. Мо имрӯз аз васоити нави технологии таблиғу ташвиқ ба шумули шабакаҳои иҷтимоӣ ва мобилӣ, варақаю мусаввараҳо, дискҳо ва ғайра ба таври густурда истифода карда истодаем”.

“Озодагон”: Орзуи Шумо ба рақибони сиёсии худ?

Саидмурод Фаттоҳзода: “Ба иштирокдорони дигари маъракаи интихоботӣ, чуноне ки ки шумо мегӯед, ҳарифони сиёсӣ низ барори кор мехоҳам. Мо манфиатдор ҳастем, ки маъракаи омодагӣ ба интихобот ва сафарбарии мардум ба он тибқи қонунҳо сурат бигирад ва интихобот пеш аз ҳама на ба ҷудоию парешонӣ, балки барои сарҷамъию ваҳдати мардум мусоидат намояд.

“Озодагон”: Саломат бошед!
Мӯҳр
чинди
УФФФФФФФФФФ!!!! ИН ЧИ МЕГУЯД!?!?!?!?!
КАХРАМ МЕОЯД!
НАФРАТАМ МЕОЯД!
Ин хам дар катори хамон У.Солех, С.Сафаров ва мархум С.Шарипов!!!

Мухолиф
Агар интихобот озоду шаффоф гузарад баъд метавон гуфт,ки хизби кудратманд маьлум мешавад.

инхо хамаашон дуруганд.

ХАММАИ НИЯТУ НАКШАХОИ МО ИЧРОШАВАНД,БА ХИЗБХОИ МУХОЛИФ ФИШОР НАКАРДАЕМ,ИНТИХОБОТ ШАФФОФУ ДЕМОКРАТИВУ ОЗОД МЕГУЗАРАД...ИНГУНА АФСОНАХОИ ШУМОРО ДАР АРАФАИ ХАР ИНТИХОБОТ МЕШУНАВЕМ!!!ШУМО ШАРМ НАКУНЕДХАМ ЛЕКИН МАН ШАРМ МЕКУНАМ!!АЗ ОХОРИ АСРИ 20 ИН СУ ДАР САРИ КУДРАТ ХАСТЕТОНУ МАРДУМ БОШАНД ХОЛОХАМ ДАР УМУМ БЕБАРКУ БЕКОРУ БЕСАВОДАНД!!!...озодагон илтимос бе ислох чоп кун

озодагон ту озод не.ин охирон шархи ман ба ту.ихлосамм гашт

Рустам
Бехтарин мусохиба! Дар бораи корхои анчомдода ва накшахо барои 5 соли оянда гуфта шудаанд. Боз чи мехоханд. Як бор чашмро кушода дидан лозим ки ХХДТ чи корхоро анчом додааст. Барои мани 30 сола мухимтар аз хама оромию субот аст, ки он сад бор шукр таъмин аст. Одамон дар бораи нооромихои солхои 90 накл мекунанд. Он вокеан дахшат будааст. Дигаронро намедонам, ман он рузхои шумро дидан намехохам. Бегох вакте хона мераваму духтарчаи дуструякам ба пешвозам дадачон гуфта мебарояд, барои ман аз ин давлат дида бехтар чизе нест. Орми бошад ободи мешавад. Ношукри моро мекушад, ба гирдоби ноороми мебарад. То чое ки имкон хаст хукумат шароит мухайё сохта истодааст. Хар сол мохона зиёд мешавад...

И хаму одамай охи.А. Саидов
Чаро хамингуна инсонхои Дида дониста сафедро сиех мегуфтаги дар садри хукумат ифои вазифа мекунанд?
Наход то хадде нотавонбину бемушохида бошед, ки хамин суханхои соддаву бемантику сафсатаворро ба интервью дихед ?

Озод
Чи лозим ин кадар исрофи бехуда? Ин кадар саргардонию бехоби. Интихоботи якум нест-ку дар Точикистон. Курсихо хама маълуманд.

Адолатпараст
Эй мардуми ношукр!!! Фикр мекунед, ки каси дигар ё хизби дигар сари кудрат биёяд олам гулистон мешавад? Бузургон гуфтаанд: "Кулли омин бадтар" Ба тинчию ороми, серию пури шукрона намоеду бародарвору хохарвор зиндаги кунед. Кадом давлати дунё проблема надорад? Чавонони азиз, акли солимро пеша намоед, миллати курд 80 миллион ахоли дорад, вале давлат надорад, пас, барои чи мо шукргузори накунем? Биеёд мо обод кунем, на ин ки якдигарро танкиду тахкир.

Холид
Аз руйи раьй е аз руйи хисоби шумо?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)