Бахшҳо

Руҳонии тоҷик дар бораи никоҳи хешутаборӣ ва фаромушӣ аз суннатҳои Паёмбар

Дар пайи баҳсҳои зиёд сари зиёну манфиати никоҳи хешу таборӣ Абдуалии Муҳаммадӣ, руҳонии тоҷик ва писари домулло Муҳаммадии Қумсангирӣ бо нашри матлабе хостааст, ба ин гуфтумонҳо нуқта гузорад.

Руҳонии тоҷик дар ин матлаб, ки дар саҳифаи Фейсбукияш нашр кард, гуфтааст, Паёмбари Ислом ҳанӯз ҳазору 400 сол пеш омили аслии носолимии кӯдаконро зикр карда буд. Ба гуфтаи ӯ, Муҳаммад (с) дар яке аз ҳадисҳои худ, ки аз сӯи Имом Тирмиз (р) ривоят шудааст, мегӯяд: "Тифле, ки таваллуд мешавад дар гарави ақиқаи хеш аст". Абдуалии Муҳаммадӣ мегӯяд, манзури Паёмбар (с) аз гуфтаҳо ин аст, ки саломатӣ ва рушди кӯдак дар гарави ақиқаи ӯст.

Руҳонии тоҷик Ақиқа ё худ куштани ду гусфанд барои соҳиби писар шудан ва як гусфанд барои духтарро яке аз суннатҳои дӯстдоштаи Муҳаммад (с) ном бурда, афзудааст, ки ҳар тифле дар хонадони паёмбар (с) таваллуд мешуд, бо вуҷуди фақру тангдастӣ барои писар ду гусфанд ва барои духтар як гусфанд мекуштанд.

Дар идомаи матлаби Абдуалии Муҳаммадӣ аз фаромуш шудани ин суннати Муҳаммад (с) дар ҷомеаи имрӯзаи тоҷикон ибрози нигаронӣ шуда, ӯ мегӯяд, мардуми тоҷик ҳоло суннати Памёбарро канор гузошта, ҷои онро ба гаҳворабандону ҷашни зодрӯз додаанд. Ӯ инчунин аз суннатҳои дигари марбут ба таваллуди фарзанд низ ёдовар шудааст, ки ба иддаои ӯ иҷрои онҳо ҳатмӣ мебошад ва носолимии кӯдакон натиҷаи фаромӯшавии онҳост, на никоҳи хешу таборӣ:

1. Азон дар гуши росташ ва қомат дар гуши чапаш, яъне аввалин овозе ки дар гуши тифл мерасад бояд садои азон бошад то бо ин садо унс гирад ва дар оянда ҳидоят ёбад.
2. Таҳник, шираи хурморо дар даҳони тифл молидан, яъне аввалин ғизое ки дар бадани тифл меравад бояд шираи хурмо бошад, илми ҷадид исбот намудааст ки тифл вақте тавалуд мешавад қандаш паст мегардад, пас иҷрои ин суннат барои саломатиаш фоида дорад.
3. Ақиқа, фарзанд, ки ҳадя ва бахшиши Худои мутаъол мебошад вақте солим таваллуд мешавад бар ваҷҳи шукр бояд ақиқа карда шавад, то Худои мутаъол ҳифз ва ҳидояташ кунад.
4. Тарошидани муйи сари тифл ва ба вазни муяш нуқра садақа додан, инро низ илми ҷадид исбот намудааст, ки гузоридани муйи сари тифл барои саломатиаш зарар дорад.
5. Номи нек, гузоштани номе, ки ба некукорӣ далолат кунад, яъне номе, ки маънои хуб ва зебо дошта бошад, на номҳои бе маъно мисли сангу хок ё тешаву табар, чун Худои мутаъол одамро мукаррам офаридааст пас бояд номаш ҳам мукаррам бошад.
Мӯҳр
АҲМАДЧОН
РАҲМАТИ АЛЛОҲ БА ШУМО ДОМУЛЛО АБДУАЛИИ МУҲАММАДИ БИСЁР ХУБ ГУФТИ ВА ЁДОВАР КАРДИ БА МАРДУМИ МУСУЛМОНИ ТОЧИКИСТОН АЗ СУННАТҲОИ РАСУЛ АКРАМ С С АҲСАН БА ШУМО

Saif
Офарин бародар, агар ба ин гуфтахо боз сураи Ниссо-ро тахлил мекардед, ки Алох никохи киро чоизу, киро ночоиз, сарохатан дар Куръон гуфтааст, бахсхо хама аз байн мерафтанд..

Озод
Ачиб. Таассуб акли ин муллоро хурдаст ва фикри солим надораду сафсата мегуяд. Аммо ба "Озодагон" чи шудаст, ки ин сафсатахоро нашр мекунад ва мардуми бе ин хам камсаводи моро ба гумрохи мебарад?

Озодагон хамин гуна мавзуъхоро идома дихед, то ки мо аз он бохабар бошем. Ман агар Оафаридгор рози бошад ба наберахоям ин суннатхоро ичро хохам кард. Ташаккур.

tojik
Ba ozod-i basta...sokit budanat behtar bud az onki bo jahl harf zadi!, {Pistai be Magz agar Lab vo kunad rasvo shavad}.
Agar pairavi (K Begzoda) boshi bo tu suhaan guftan Haifast.
ALLOHI POK DOMULORO NIGOH DORAD.

Домуллои мухтарам ! Шумо аввалан содда намуда, мефахмондед, ки СУННАТ чист? Гусфандро куштан на ФАРЗ балки, суннат аст ва шумо хамчун мулло фарки фарзро аз суннат бояд ба мардум фахмонед! Аксари мардум суннати пайгамбар гуфта, шояд минбаъд тамоми дороиашро фурушаду гусфанд кушад. Ин хамаги бошад як навъ одат, коида ва дастурамал буд, ки ичрои он хатми набуду нест! Шумо боз ба сари мардум як харочотро аз номи ИСЛОМ бор кардед ! Таъкид кардан лозим аст, ки ин амал СУННАТ аст... СУННАТ ана ин маъноро дора.... Агар тавонед ичро кунед, агар не, ин мачбури нест! Ичрои хатми фарзхои Худованд мебошанд !

Обид мардуми мусалмони точик фарзро аз сунат фарк мекунад амо шумо фикр намекунед ки мардуми чохили точик дорандаву нодораш барои гаҳворабандону ҷашни зодрӯз додаанд чикадар пулу мол харч мекунанд баъзехош дар ресторан ки камаш аз 500 долар харч дорад сарф мекунанд находки як гусфандро дар рохи Худо ва ба нияти амал намудан ба сунати Пайгомбари Худо пайдо карда натавонад.

ТОЧИКИ МУХТАРАМ! Мардуми тичикро боз 500 соли дигар фахмондан лозим аст , ки суннат чист! Бисёрихо мондани ришро суннат гуфта, онро аз хама боло медонанд. Дар сурате, ки он хамаги кили руи инсон аст ! Дар рохи Худо бигзор ба загерагон, бечорагон хайр кунанд! Хамон гусфанда , ки кушт боз чор муллои таккариш омада сагалоша гарм гамр хурда мераванд! Хайр кардан хохеду дастатон расад, кам нестанд мусалмонхое, ки маблаги оиладоршавиро надоранд ва ё аз бемори ранч мебаранду дигару дигар мушкилихо доранд, бигзор ба махзи хайр ба онхо кумак кунанд. Ман зидди суннатхои пайгамбар нестам, аммо муллохо бояд зарур набудани суннатро бифахмонанд ба мардум! Ман зидди хамагуна харочотхои бе асосу бемаъни хастам, чи дар мисоли гусфанд ва чи дар мисоли рестаранхову гахворабандон, агар инсон шароит надошта бошаду карз кунад !

Салом алайкум
Раҳмати Худо бод бар Шумо бод ки бо ҷуратона зидди ҳамон касоне ки мехоҳанд ба ҳар роҳ ба Ислом таън занан гапи ҳақро гуфтед.

давлатшои ванчи
Акаи мулло як саволакат дорам.маънии калимаи мулло чи аст.дар лугати заб.араб чунин калима нест. Илмдорро олим мегуянд лекин мулло аз кучо пайдо шуд.шакли чамъаш чист шакли занонаву мардонааш чи?

Ин домулло саводаш каме заиф будааст-ку!
1. Ақиқа суннат аст ва танҳо! Дар замони Паямбар (с) мардум гусфанди зиёде доштанд. Онҳо дар рӯзи таваллуд забҳ карда, баъд онро истеъмол мекарданд - чун ғизо, захираи оилавӣ ё қавмӣ. Табармусулмонони мо дар ҳолате ақиқа мекунанд, ки дар оила ғизои барзиёд мавҷуд аст.
2. Илми ҷадидро бадном кардан, ки гуё зарари мую фоидаи хурморо "исбот намудааст", "аввалин ғизое ки дар бадани тифл меравад бояд шираи хурмо бошад", ин ҷоҳилист! Дар Арабистон хурмо дастрастарин ғизои бепул буд ва онро дар ҳама ҷо истифода мекарданд. Табармусулмонони мо хурморо дар Тоҷикистон ба даҳони тифл чу моланд, онро заҳролуд мекунанд, зеро ҳама хурмоҳои воридотӣ бо Дифенил ва Фунгицид коркард мешаванд (барои ҳимоя аз пусидану аз микоз). Ҳатто дар Арабистон низ, ки хурморо ин тавр ҳифз мекунанд, мардуми огоҳ онро ба даҳони тифл намемоланд. Ин мисли ғулинги тоҷикӣ аст, ки аслиаш таҳо дар кӯҳистону дар бозор бошад, бо қибрит коркард шуда ва истеъмоли он аз зарар орӣ нест, барои тифл з а ҳ р о л у д аст.
3. Номҳои "мисли сангу хок ё тешаву табар"-ро бемаъно номидан ин гувоҳи бетарбия будан ва бефаросатии ин домуллои ришдор аст. Масалан, номи ман Табар аст, ки ба гуши ман ҳамин навъ домулло бо азон гуфта аст. Ба гуфтаи ин домуллои ришдор ин бемаъногист. Ин бемаъногии номи ман, ё бемаъногии он домулло? Ё ин ки: кӣ ба ин домуллои ришдор ҳуқуқи ҳукми бемаъногии номро додааст? Мардуми чунин номҳои ба гуфтаи вай бемаъно чи кунанд? Ивази ном ё дин?
4. Фарки ин домуллои ришдор аз шайх саидтемурхон-саидмаҳдихон ибн шайхтатторхон дар чист? Ба фикрам, тафовут хело кам аст. Ҳарду ҳам бо қатъият аз номи ИСЛОМ ҳукм мекунанд ва фатво медиҳанд.
5. Матлаби матн ба сарлавҳа оиди никоҳи хешутабор ягон алоқае надорад ва чаро домулло иҷрои 5 суннатро барои пешгирии "носолимии кӯдакон" "ҳатмӣ" донистааст, норӯшан аст. Ва чаро носолимии кудакон сабаби иҷро накардани ақиқа ва номи нек нагузоштан аст? Ин домулло ин маълумотро аз ғайб гирифта бошад ё хайр?
Хело мехостам Абдуалии Муҳаммадӣ, руҳонии тоҷик ва писари домулло Муҳаммадии Қумсангирӣ, нисбати ақидаи ман вокуниш нишон диҳад (ба тоҷикӣ).

БА "МЕХМОН" ИН МУЛЛО НУКТАИ НАЗАРИ ИСЛОМРО ГУФТААСТ ТУ НУКТАИ НАЗАРИ ТАНГИ ХУДРО.

назарбек
офарин акаи МЕХМОН кошки 20 фоизи чумхури шумо барин босавод мебуд. ин муллохои мо факат кодиранд ки даро сирк ё лахзахои гуворо нгакш бозанд. охир хама чиз кухна мешавад чаро суннатхои асри 6-7-араб кухна намешудаанд. бисёр суннахои исломи кайхо мурдаву пусидаанд танхо дар торикистони мо мардуми чохил мурдаи онхоро сари душ бардошта гаштааст. сихати фарзанд кабл аз хама аз сихати волидон вобаста аст. аз шахси касалманд аракхур банги нашъаманд гирифтори садхо дард хапргиз тифли солим ба дунё намеояд.

муллои мутаасиб шояд надонад ки абутороб маънояш хок аст. санг чи бади дорад.ва табару теша чи. магар аз вайсиддину гавсиддину гайраи араби бехтар нестанд, ? хамин туппойхо аз асри 10 халки моро бесавод карданд хатто то имруз намедонанд ки замин гирди хеш мечархад ё на дар холе ки дигарон дар мох нишаставу сафари марс доранд. дар чумхури бояд конуне руи кор ояд ки касони сабабгори бесаводии мардум шавандаро чинояткор хисобилда ба махбас шинонанд.

Муслим
Меҳмон,
Ака, хайр ина худтон бген, хами "Тавар" хамчун номи инсон чи маъни дорад??.. Шумо розиед аз хамин номатон??

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)