Вазорати фарҳанг ҳунармандонро пеши сарбозон мебарад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон тамоми муассисаҳои зертобеи худро муваззаф кардааст, дар ростои 22-юмин солгарди таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ба ҳузури сарбозон ба ҷузъу томҳои кишвар бираванд.
Аз ин вазорат ба “Озодагон” гуфтанд, муассисаҳои консертиву эҷодӣ вазифадор шудаанд, “бо барномаҳои наву рангин, ки саршор аз муҳаббат ба Ватан ва қадрдонӣ аз хоку оби меҳан аст, ҳунарнамоӣ карда, хотири афсарону сарбозонро шод гардонанд”.
Тибқи ин тарҳрезӣ, Филармонияи давлатии Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии санъат, Ансамбли рақсии “Лола”, Колеҷи санъати ба номи Бобоқулов, Иттиҳодияи давлатии гуруҳҳои эҷодию консертӣ, Консерваторияи миллии Тоҷикистон, Ансамбли “Сомон”, Муассисаи давлатии сафарию ҳунарии “Базморо” ва дигар муассисаҳо ба чанде аз қисмҳои низомӣ сафар ва барномаҳои ҳунарӣ анҷом медиҳанд.
Ҳамчунин ба иттилои маркази матбуотии Вазорати фарҳанг, таҷлили расмӣ аз рӯзи таъсиси Қувваҳои мусаллаҳ дар “Кохи Вахдат” дар назар аст, ки аз маҷлиси ботантана ва намоиши консертӣ иборат мебошад: “Дар барномаи консертӣ ҳунармандони варзидаи ҷумҳурӣ ҳунарнамоӣ хоҳанд кард”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |