Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/comments.class.php on line 205 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 104 Корду табар. Аслиҳаи асосии мардон барои қатли занҳо » Озодагон
Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 20 июл 2019, 10:12

Корду табар. Аслиҳаи асосии мардон барои қатли занҳо

18 феврал 2015, 10:20

Ё. САЙИДЗОДА

Нисфи занони бритониёие, ки аз дасти мардон кушта шудаанд, ғолибан он мардон шавҳарон ва ё маъшуқҳояшон будаанд. Дар Тоҷикистон чӣ?

Як созмони ҷустуҷӯкунандаи омор дар Бритониё бо номи “Femicide Census”, ахиран матлаберо нашр кард, ки бар асоси он дар чаҳор сол; сар аз соли 2009 то 2013 дар ин кишвар 694 зан аз ҷониби мардон кушта шудааст. Аз маҷмуи ин омор, 46 дарсади занҳои кушташуда аз ҷониби ҳамсар ва ё ҳамзистон-дӯстписаронашон ба қатл расидаанд. Яъне, 46 дарсади ин занҳоро шавҳарон ва ё дӯстписаронашон куштаанд. Омори ин созмон факти дигареро ироа мекунад, ки ҳайратовар аст: 6 дарсади маҷмуи занҳои кушташудаи дар он чаҳор сол аз ҷониби фарзандон ба қатл расидаанд. Содатар бигӯем, аз 694 зани бритониёӣ 6%-ро фарзандонашон ба қатл расонидаанд.

Се дарсади дигарро хешовандон куштаанд. Ва аммо боқимонда аз ҷониби дуздону ғоратгарон ва афроди ношинохта ба қатл расидаанд.
Масъулони созмони “Femicide Census” мегӯянд, ба ҳисоби миёна ҳар ҳафта дар Бритониё 2 нафар зан аз ҷониби шавҳар, ҳамзистон-маъшуқаҳо ва ё аз ҷониби онҳое кушта мешаванд, ки ғолибан муносибати маҳрамона бо ҳамдигар доранд. Ин созмон гуфтааст, мехоҳад дақиқ кунад, ки оё боре ин занҳои кушташуда қаблан ба идораи пулис ва ё хадамотҳои ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат карда буданд ё хайр. Ва далели хушунат қарор гирифтанашон чӣ будааст? Албатта, аз мурдаҳо наметавонанд ба ин суолҳо посух бигиранд, биноан аз муттаҳамин, аз идораҳои қудратӣ хостаанд, то ин маълумотро ба созмон ироа кунанд.

Вақте дар як кишвари мутамаддин ва аврупоиву демократӣ занҳо мавриди хушунат қарор мегиранду кушта мешаванд, пас дар Тоҷикистон вазъият чӣ гуна аст? То кунун оморе аз ҷониби мақомот ва ё созмонҳои иҷтимоӣ нашр нагардидааст, ки мизони қатли занҳоро аз ҷониби шавҳарон дақиқ кунад. Вале дар паҳнаи интернет дар як соли охир даҳҳо хабари қатли занҳо аз ҷониби шавҳарон, хоҳарон аз ҷониби бародарон, духтарон аз ҷониби падарон ва дӯстписарон нашр шудааст. Ҳодисаи охире, ки ҷомеаи Тоҷикистонро ҳайратзада кард, қатли ҳамсар бо ду фарзандаш аз ҷониби шавҳар дар вилояти Суғд буд.

Мақомоти пулиси вилояти Суғд хабар доданд, ки 30-юми январи соли 2015 дар пайи як муноқишаи оилавӣ Юлдошев Баҳроми 38-сола фарзандони худ, Заринаи 7-сола, Нурмуҳаммади 12-сола ва ҳамсараш – Эргашева Дилороми 39-соларо ваҳшиёна бо табар ба қатл расондааст. Далели он муноқиша ҳам хеле ночиз ва беарзиш аст. Фақат ҳамин қадар, ки мақомот гуфтанд, “муноқишаи фоҷиабор барои маблағи пулӣ барои харидани туҳфа дар рӯзи мавлуди бародари Дилором Эргашева ва хусурбачаи сарвари оила сар задааст”. Ин муноқишаи кӯчак боис шудааст, ки шавҳар тавассути табар ҳамсар ва ду фарзандашро ба қатл расонад.

Аз ин пештар, дар рӯзи 25 январи ҳамин сол мақомот як сокини 45 солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо гумони қатли ҳамсараш боздошт карданд. Насимҷон Ҷӯраев, сокини ин ноҳия, ҳамсари собиқашро барои он ки бе иҷозаи ӯ манзилашонро фурӯхтааст, бо ду тир куштааст. Раёсати умури дохилии Суғд мегӯяд, ин ҳодиса тақрибан соати 5-и бегоҳи 19-уми январ дар шаҳри Қайроққум рух додааст. Ҳодисаи дигар дар моҳи октябри соли 2014 рух дод. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти Ашӯр Баротови 28-сола хабар дод, ки дар қатли ҳамсараш муттаҳам мешуд. Баротов, сокини ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон аст, ки 11 октябр ҳамсарашро тавассути табар куштааст. “Номбурда соати 04:00 дақиқаи ҳамон рӯз ҳамсараш Бобоева Шарифа, соли таваллудаш 1988-ро дар хонаи хушдоманаш, воқеъ дар шаҳраки Оби-киики Хуросон ба воситаи табар аз рашк ба гулӯяш се дафъа зарба зада, ба қатл расонидааст”,- аз қали мақомот навиштанд расонаҳо. Ҳодисаи куштори Шарифа Бобоева аз сӯи шавҳараш бар асоси рашк иттифоқ уфтодааст.
Аммо дар мавриди қатли занон аз ҷониби фарзандон ва ақрабо. Ҳамчунин 25 январи ҳамин сол як сокини 30-солаи ноҳияи Ашт бо иттиҳоми қатли модари 67-солааш боздошт шуд. Мақомот мегӯянд, Абдуллоев Олимҷон модарашро бо санг зада куштааст. Абдуллоеви 30 бо гумони қатли модараш аз сӯи мақомот 23 январ дастгир шудааст. Вазорати умури дохила дар шарҳи ин куштор мегӯяд, Абдуллоев бо модари 67-солааш ҷанҷоли хонаводагӣ барпо кардааст. Аммо далели дақиқе маҷуд нест, ки чаро Абдуллоев даст ба ин амал задааст.

12 январи ҳамин сол идораи умури дохилии вилояти Суғд аз куштори як сокини 34-солаи шаҳри Хуҷанд ба дасти бародараш хабар дод. Масъулони ин ниҳод гуфтанд, Мурод Юлдошев, сокини 25-солаи шаҳри Хуҷанд, “дар пайи муноқишаи оилавӣ” хоҳараш – Дилафрӯзро бо ёздаҳ зарби корд ба қатл расондааст. Юлдошев хоҳарашро дар “бероҳагардӣ” айбдор муттаҳам карда, ниҳоят ба қатл расонидааст.
Ва ҳамин тавр ҳодисаҳо беохиранд...

Далелашон танҳо як чиз аст: хушунат алайҳи занон. Ҳамон тавре созмони бритониёӣ таҳқиқ кардааст, ки занҳо дар он кишвар бештар бо корд ва ё ягон абзори тез кушта мешаванд, дар Тоҷикистон низ бисёр ин кушторҳо бо корду табар рух додаанд. Ба фарқ аз Тоҷикистон, дар Бритониё созмони мазкур мехоҳад муштаракан бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низомеро ба роҳ монад, то ин ки ҳимоя занҳо тақвият ёбад. Ҳоло дар мариди ин низом хабар нашр нашудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Номнавис

  • 23 феврал 2015 13:35
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
мардони шарқира ваҳшӣ меган... мана натиҷаш, "мардони бо маданият" чи кор мекардиян.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!