Бахшҳо
20 фев 2015 19:08Ҳуқуқи инсон

“Писарам ба занаш меҳрубонӣ кунаду ман хомӯш шинам?”

Низомиддин ИСОЕВ

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо мақсади коҳиш додани мизони азҳампошии оилаҳо ба унвонии масъулони ҷамоатҳои деҳот ва шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия нома фиристода, барои қабл аз бастани ақди никоҳи давлатӣ аз муоинаи тиббӣ гузаштани навхонадорон дастур додааст.

Солҳои охир дар ҷумҳурӣ барои солимгардонӣ ва таҳкими оила корҳои фаҳмондадиҳии зиёд анҷом додаанд. Бо вуҷуди ин ҳанӯз ҳам бисёр масъалаҳои ҳалталаб дар рӯзгори хонаводаҳо, аз қабили ҷангу ҷидол миёни зану шавҳар, нофаҳмоиҳо байни келину хушдоман ва ба ин монанд ҷой доранд, ки мутаассифона, гоҳе бо ҷудошавии оилаҳо анҷом меёбад. Мавлуда Раҷабова, мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, зимни суҳбат бо мо иброз дошт, ки аз соли 2013 инҷониб тибқи дастури мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷавонписарону духтарон пеш аз бақайдгирии ақди никоҳашон аз муоинаи тиббӣ мегузаранд.
- Амалӣ гаштани ин иқдом то ҷое ба пешгирии хушунати оилавӣ ва пошхӯрии оилаҳо дар ноҳия мусоидат кардааст, - зикр кард М. Раҷабова. - Аммо проблемаи дигаре, ки имрӯз сабабгори пош хӯрдани оилаҳо гаштааст, ин рашки модар ба писар ё рашки ҷавон ба завҷаи худ мебошад.
Фарзона (номи шартӣ), ҷавонзане аз ноҳияи А. Ҷомӣ, дар мавриди азиятҳои равонӣ аз сӯйи хушдоманаш бо таассуф мегӯяд: «Аз рӯзҳои аввали ба хонаи шавҳар рафтан хушдоманам рӯз намедоду ягон кори анҷомдодаи маро мақбул намешуморид. Пайваста ба рӯям мегуфт, ки келини шаҳрӣ намехостам ва туро танҳо ба хотири ранҷур нагаштани дили писарам келин карда овардаам…»

Муҳаббати зиёди писарашро нисбат ба Фарзона дида, ӯро сарзаниш мекард, ки занашро ин қадар «эрка» накунад, то «фардо болои сараш набарояд!». Ба ин васила ҳатто падаршӯ ва ҳамсарашро бо Фарзона ҷанг меандохт. Ин буд, ки зиндагии якҷояи Фарзонаю ҳамсараш ҳамагӣ 2 моҳу 10 рӯз давом кард. Хушдоман ӯро аз хона пеш намуду шавҳараш ба Русия муҳоҷир шуд ва пас аз чанд моҳ зери фишори модар ӯро талоқ дод. Б. С., ҷавонзани дигари ҷабрдида аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, низ ба сабаби мудохилаи модаршӯяш ба ҳаёти оилавии ӯ аз он дар ҳарос аст, ки рӯзе оилаи ӯ низ барҳам хоҳад хӯрд.
- Аз чӣ сабаб бошад, ки хушдоманам маро дидан намехоҳад, - мегӯяд Б. С. - Ҳамеша таъкид менамояд, ки «то он рӯзе ман дар ин хона ҳастам, туро ин хел намегузорам! Умедвори он набош, ки меҳри шавҳарат зиёд асту ба ту коре карда наметавонам». Шавҳарам, ки дӯстам медорад, муомилааш нисбат ба ману фарзандонам хуб аст. Кӯшиш мекунад, ки мо аз гуфтаҳои модараш озурда нагардем. Вале ахиран хушдоманам ману фарзандонамро аз хона пеш карда нагузошт шавҳарам моро то ба хонаи падариам расонад. Муддате бо ин ҳол дар хонаи падар рӯз ба сар бурдем, баъдан шавҳарам, ки аз модар пинҳонӣ хонаеро ба иҷора гирифтааст, омада моро ба он ҷо бурд. Ҳоло хушдоманам аз ин хабар надораду мо бо ҳам зиндагӣ дорем...

Чунин ба назар мерасад, ки имрӯз бархе аз хушдоманҳо ҳатто ба муҳаббати зиёди писар ба завҷаи худ рашк бурда, оқибат сабабгори моҷаро ё барҳамхӯрии оилаи фарзандашон мегарданд. Агарчи насли калонсолро мебояд хурдонро бо таҷрибаи бойи зиндагии худ ба ҳамдигарфаҳмӣ ва бунёди оилаи солим роҳнамоӣ намоянд, баъзеяшон баръакс, ба келинҳои худ фишор оварда, ба онҳо ҳамчун хизматгор муносибат мекунанд.
- Масъалаи рост нагирифтани келину модаршӯй имрӯз яке аз мушкилотест, ки ҷомеаро ба андеша водор месозад, - мегӯяд равоншинос Рӯзигул Баротова. - Агар аз як тараф хушдоман хоҳад, ки зудтар мавқеи худро дар назди келин нишон диҳад, аз тарафи дигар агар муҳаббати ҷавон нисбат ба занаш зиёд бошаду нисбати ҳамсари худ меҳрубонӣ зоҳир намояд, рашки модар зиёд гашта, дар натиҷа келин зери фишори равонӣ қарор мегирад. Ин гуна мушкилот бахусус аз ҷониби занҳое сар мезанад, ки таҳсилнодида ва куҳнапарастанд. Онҳоро хатари барҳамхӯрии оилаи фарзандашон ҳам аз зиёнрасонӣ бознамедорад. Имрӯзҳо зиёданд келинҳое, ки омада аз мо кӯмаки равонӣ пурсон мешаванд. Лек, модаршӯҳо аксаран бо мақоли «хонаи шӯ арра дорад, арраи садпора дорад», худро сипар карда, боз ҳамон фишору зӯровариҳояшонро нисбати келини хонадон идома медиҳанд…

Дар ҳамин ҳол, бибии Кенҷамоҳ, ки соҳиби чанд келин аст, мегӯяд, ки рашк як эҳсоси табиӣ буда, зиндагӣ бе он тасаввурнопазир аст. «Ҳеҷ кас бе рашк намешавад. Бинед, фарзандеро аз хурдӣ бо як азобу машаққат калон мекунӣ, вале ӯ бузург шуда, ҳамсарашро аз ту дида зиёдтар дӯст медораду нисбаташ меҳрубонӣ мекунад. Хостаи ӯро бечунучаро иҷро намуда, аммо ба гуфтаҳои модар аҳамият намедиҳад. Пас, чи тавр метавон чунин тағйирот дар муносибати фарзандро нодида гирифт? Агар келин ба муҳаббату меҳрубонии ҳамсар муҳтоҷ бошад, мо – модарон низ ба меҳри писар ниёз дорем», - мегӯяд бибии Кенҷамоҳ. Чунин ба назар мерасад, ки мушкили «забонёбӣ» дар миёни келину хушдоманҳо мушкили нав нест, балки тӯли даҳсолаҳо ҷомеа роҳи ҳалли онро меҷӯяду на ҳамеша дар пайдо карданаш муваффақ мешавад.
Шояд хонандаи арҷманд назари дигар дорад?
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)