Бахшҳо
21 фев 2015 10:16Тоҷикистон / Тема дня

Изҳороти 4 ҳизби Тоҷикистон: Дар интихобот ҳеч мушкил надорем

Кумиссиюни марказии интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ дод, ки танҳо аз ду ҳизби сиёсӣ ба унвонии ин Комиссиюн дар мавриди монеъгузорӣ ба номзадҳо ва фаъолияти ҳизб дар маъракаи пешазинтихоботӣ шикоят ворид шудааст. Абдуманон Додозода, роҳбари дастгоҳи ин ниҳоди баргузоркунандаи интихобот дар Тоҷикистон ба хабарнигори “Озодагон” гуфт, ки шикоятҳо аз Ҳизби демократ ва Ҳизби наҳзати исломии кишвар ворид шуда буданд, ки мо нисбат ба онҳо мавқеи Кумиссиюнро муайян намудем.

“Ё бо мактуб ҷавоб гардондем ва ё ба ниҳоде, ки шикоят ба он дахл дошт тамос гирифта, масъаларо баррасӣ кардем.Бештари шикоятҳо ба номзадҳо ва интихоботи маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дахл доранд”
,-мегӯяд Додозода.

Ситоди интихоботии ҲНИТ дар сомонаи ин ҳизб аз мавориди зиёди монеъгузорӣ ба номзадҳо ва дигар мушкилоти сунъии марбут ба интихобот итиллоъ медиҳад. Вале намояндагони дигар аҳзоб, ба истиснои Ҳизби сотсиал-демократ, мегӯянд, ки вуҷуди монеаъ ва фишору таъқиб дар маъракаи интихоботӣ эҳсос намешавад.

Изҳороти 4 ҳизби Тоҷикистон: Дар интихобот ҳеч мушкил надоремИсмоил Талбаков, муовин ва номзади Ҳизби коммунист ба Маҷлиси Намояндагон ба “Озодагон” гуфт, ки “нисбати номзадҳо ва ҳизби мо ҳеч монеаъгузорӣ на мушоҳида шудааст ва на вуҷуд дорад. Ҳоло мо дар Кӯлоб вохӯрӣ доштем, бисёр хуб ташкил шуда буд. Нисбат ба номзадҳо ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ҳам ҳеч мушкил вуҷуд надорад. Ба ҳисоби миёна, аз шумораи умумии нозадҳо ба ин маҷлисҳо аз 17 то 40 дарсадро номзадҳои Ҳзби коммунист ташкил медиҳанд. Масалан, дар Истаравшан ин таносуб 40 дар сад аст”.

Рустам Латипов, раиси Ҳизби аграрӣ низ ба мо иттилоъ дод, ки ба ҷуз баъзе мавридҳои ҷузъӣ, ки қобили зикр нестанд ҳолатҳои мушаххас вуҷуд надорад: “Агар аз тарафи мақомот дар назар дошта бошед, ин гуна монеъгузорӣ вуҷуд надорад. Баъзе мушкилиҳо дар ташкили вохӯриҳо ҳаст, аммо аз тарафи дигар қонун иҷозат медиҳад, ки худ ҳам вохӯрӣ ташкил ва баргузор намоем”.

Изҳороти 4 ҳизби Тоҷикистон: Дар интихобот ҳеч мушкил надоремАммо Шокирҷон Ҳакимов, номзади ҲСДТ дар ҳавзаи якмандатии “Конибодом”-19 дар суҳбат ба хабарнигори “Озодагон” аз маврид ва ҳолатҳои бешумори монеа, фишор ва дигар қонуншиканиҳо дар маъракаи интихобот хабар расонд: “Рӯзи аввали ба Конибодом омаданам дар ҳузури раиси шаҳр будем ва ба мувофиқа расидем, ки интихобот озод ва шаффофу одилона мутобиқ ба суханронии президенти Тоҷикистон зимни Паёмаш ба Маҷлиси Олӣ ва дар чанд суханрониҳои дигараш баргузор шавад. Аммо аз лаҳзаи аввал ман таҳти назорати мақомоти амният қарор доштам, 4-5 мошин доимо ҳамроҳи ман буд, дар назди хонаам ду мошин меистод ва талошҳо ҳам доштанд, ки дар ҷамъоварии имзоҳо низ халал ворид кунанд. Дар мулоқотҳоям намояндаҳои мухталиф маро ғайриқонунӣ ба навор мегиранд. Ба фаъолони алоҳидаи ҷомеаи шаҳрвандии Конибодом, ки ҷонибдори мананд таҳдид мекунанд ва фишор меоваранд. Номзадии маро 14-рӯз дертар аз номзади ҲХДТ, Равшан Раҷабов ба қайд гирифтанд.Тибқи дастури идораҳои номаълум ба ду телевизиони ғайридавлатие, ки дар шаҳр аст, дастрасӣ надорам. Дар вохӯриҳое, ки бояд бо иштироки 5 номзад мешуд, онро бо тавсияи идораҳои муайян бекор карданд. Намояндаи ҲХДТ-ро ба тамоми мактабҳои миёнаи умумӣ бо баҳонаи маҷлисҳои падару модарон даъват мекунанд ва муассисаҳои дигари давлатӣ барои вохӯрӣ ба ӯ имтиёз медиҳанд. Ба мо дар мулоқотҳо баръакс монеа эҷод мекунанд”,- изҳор дошт Ҳакимов.

Изҳороти 4 ҳизби Тоҷикистон: Дар интихобот ҳеч мушкил надоремОлим Бобев, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, ки тоза аз вохӯрӣ бо намояндагони минтақаи Рашт баргашта буд, ба мо гуфт, ки мо аз ташкил ва гузаронидани вохӯриҳо шикоят надорем: “То ҳол ягон монеа вуҷуд надорад ва ба он ҳам нарасидааст. Баъзе ҳолатҳое буд, ки варақаҳои таблиғиро канда партофтанд ва ё нагузоштанд, ки ин варақаҳо насб шаванд. Мо аз ташкил ва гузаронидани вохӯриҳо ҳам шикоят надорем ва рафта бо интихобкунандагон вохӯриҳои худро баргузор кардем”.


Изҳороти 4 ҳизби Тоҷикистон: Дар интихобот ҳеч мушкил надоремСаидҷаъфар Исмонов, раиси Ҳизби демократ, яке аз ду ҳизб, ки ба Кумиссюни марказии интихобот шикоят бурдааст ва аз вохӯрӣ бо интихобкунандагон аз ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон бо мо суҳбат мекард, изҳор дошт, ки мо фақат мушкили ин доштем, ки дар ҳавзаҳо шаҳодтаномаи номзадиро баъзе номзадҳоямон дер дастрас карданд: “Дар Суғд ва Бадахшон ин ҳолатҳо вуҷуд дошт. Ин ки ягон таъқибу фишор бошад, вуҷуд надорад. Мушкили мо дар ҷамъ кардани мардум барои вохӯрӣ аст. Намояндаи комиссияҳо бо мо ҳастанд, аммо раисони ҷамоатҳо ва дигар мақомоти давлатӣ ба далели дахл накардан ба раванди интихобот ҳамкорӣ намекунанд. Онҳо имконият медиҳанд, масалан толори бепул медиҳанд ва эълон мекунанд, аммо мегӯянд, ки рафта ҷамъ кардани мардум ба дӯши мо нест”.

Ҳамчунин Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, ки “новобаста аз монеъгузорӣ ва дигар масъалаҳо дар вохӯриҳои ман аз 50 то 1000 нафар вуҷуд дорад ва ман эҳсос мекунам, ки интихобкунандаи ҳавзаи “Конибодом”-19 маро хуб истиқбол мегирад ва мо бо иродаи қавӣ ва бо такя ба кафили интихоботи озод будани президенти Тоҷикистон то охир меравем”.

Ҳарчанд мақомот доимо таъкид мекунанд,-мегӯяд ин номзади ҲСДТ,-ки агар намояндаи ҲХДТ вакил навшавад боиси нигаронии президент мешавад ва Конибодом минбаъд обод намешавад ва аз маркази таваҷҷуҳи ҳукумати марказӣ дур мемонад: “Ба ҳамаи мулоқотҳоям намояндаҳояшонро мефиристанд, ки бо саволҳои подарҳаво таваҷҷуҳи мардумро ба масъалаҳои дуюмдараҷа чалб кунанд. Тақрибан ҳар рӯз ба ҳавзаи интихоботӣ тариқи телефон эродҳоямро мерасонам, чун мулоқотҳо зиёданд вақтам намерасад. Ду рӯз мешавад, ки намояндаҳои Равшан Раҷабов, номзади ҳизби ҳоким дар заминаи участкаҳои интихоботӣ ситод таъсис додаанд, ки ғайриқонунӣ мебошад”.

Раисон ва намояндаҳои аҳзоби дигар аз дахолати мақомот ба маъракаи интихобот шикояте надоранд, Шокирҷон Ҳакимов бар ин назар аст, ки дар Конибодом эҳсос мешавад, ки раванди интихоботро ба ғайр аз Комиссияи марказӣ ва Комиссияи ҳавзавии интихобот баъзе мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вобаста ба хусусияти маҳал ва ҳавзаи мушаххас таҳти назорат гирифтаанд.
Мӯҳр
Election
ин хизбхо хизб нестанд ки таблиг кунанд ракобат кунанд ва бо мардум сухбат кунанд барои хамин хеч монеагузори барояшон нест, факат баъди интихобот ду се курси тухфа мегиранд ва муттахаму бечораи даргохи хукумат мешаванд

Агар барои Хизби Сотисиал Демократ хам монеъа нашуда бошад,пас ягона хизбе,ки Хукумат аз он мехаросад ин ХНИТ мебошад.Ва аз ин мебарояд,киХНИТ кувваи чиддии сиеси мебошад.

Мегуед,ки мардум чам намешавад барое ки аз дасти шумо ягон хуби намеояд,нияти хуб ки надорен хеч кас намеояд,Вазифа даркорай ба шумо тамом ва салом.

аз шумоен ягон фоида хам нест ва намешавад. дар махалаи мо як сурати номзадро дар хар як столба часпондана метавонед. лекин ин зан ки хаст, факат Парвардигор медонад. Мо ин занро намешиносем ва намедонем. Мултфилми точики!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)