Бахшҳо

“Президент, ҷони 8 000 маҳбуси тоҷикро дар Русия наҷот диҳед!”

Иззат Амон, раиси Созмони ҷавонони тоҷик дар Русия бо пахши як муроҷиатномаи расмӣ аз Эмомалӣ Раҳмон, раиисҷумҳури Тоҷикистон хостааст, наздики 8 ҳазор маҳбуси тоҷикистониро аз Русия ба Ватан орад. Ӯ мегӯяд, то ҳол чунин дархост, аз ҷониби мақомоти адлияи Русия ба Тоҷикистон ироа шудааст, аммо ҷониби Тоҷикистон онро рад кардааст.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Иззат Амон нисфи зиндониёни тоҷик дар Русия бо туҳмат паси панҷара рафтаанд: “Сохтакорӣ, туҳмат ва партофтани маводи мухаддир ба киссаи шаҳрвандони Тоҷикистон барои пулисҳои рус як кори маъмулӣ аст. Ҳар рӯз мо худ шоҳиди ин ҳама беадолатиҳо мегардем, аммо то ҳол ба мо имкон фароҳам нашудааст, ки ҳадди ақал як парвандаи тақаллубиро бекор намоем, зеро ба қавли худи судяҳо "заказ аз болост".

Раиси созмони ҷавонон меафзояд, ки теъдоди зиёди шаҳрвандони мо дар зиндонҳо бо зарбу лати масъулони маҳбас кушта мешаванд: "Масалан, моҳи ноябри соли гузашта дар зиндони шаҳри Томск Қурбонов Абдусалом Сайдалиевич соли таваллуд 1977 падари се фарзанд дар беморхона аз дунё гузашт. Шоҳидон дар бадани Абдусалом асари зарбу латро дидаанд, ки натиҷаи шиканҷа ва марги маҷбурист. Ҳарчанд мо ба Прокурори Генералии ФР Юрий Чайка муроҷиат карда хоҳиши тафтиши мунсифонаи марги шаҳрванди Тоҷикистонро кардем, мутаассифона ҷавобе нашуд. Гузашта аз ин 5 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон зиёда аз 3 сол мешавад ки дар маҳбасҳои Ҷумҳурии Мордова бандиянд. Полковники Хадамоти федералии назорат ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ки шаҳрвандони моро паси панҷара равон карда буд, худ қоил шуд, ки маводи мухаддирро ба мошинҳои шаҳрвандони мо худаш партофтааст. Ин полковники ҷинояткорро суди ФР барои 22 сол равонаи зиндон кард. Аммо аз чӣ бошад, ки шаҳрвандони моро бо гузашти 2 сол ҳам ҳанӯз озод намекунанд. Чунин мисолҳо ҳазорҳоянд”.

Иззат Амон мушкили дигари маҳбусони тоҷикро дар Русия маризӣ арзёбӣ кардааст: “3 сол қабл волидайни шаҳрванди маҳбус ки маризии қалб дошт, аз мо хоҳиш карданд то барои интиқоли фарзандашон барои идомаи адои ҷазо дар Тоҷикистон кумак намоем. Мо 3 сол кӯшиш кардем, вале аз прокуротураи генералии Тоҷикистон ба аризаи ин шаҳрванд имзо нагузоштанд. Баъдтар фаҳмидем, ки нархи гузарондани як маҳбус аз маҳбасхонаҳои Русия ба Тоҷикистон 20 000 доллар будааст. Ин шаҳрванди Тоҷикистон дар маҳбаси Ҷумҳурии Мордова ҷон ба ҳақ супориду падару модараш дигар рӯи фарзандашонро надиданд”.

Раҳбари Созмони ҷавонони тоҷик дар Русия, аз қавли раҳбари шӯъбаи муносиботи байналмиллалии Вазорати адлияи Русия зикр кардааст, ки “аз раҳбарияти Тоҷикистон хоҳиш мекунем то шаҳрвандони маҳбусашонро баранд, вале ҷониби Тоҷикистон ҷавоби рад медиҳад”.

Иззат Амон аз раисиҷумҳур дархост кардааст, ки тамоми имконоти мавҷударо ба кор бурда 8000 шаҳрванди Тоҷикистонро аз марг наҷот диҳад: “Фикри маблағро ҳам накунед, зеро падару модари ин маҳбусон омодаанд маблағи лозимаро аз ҳисоби худ пардохт намоянд. Агар ин кор ба ибтикори Шумо сурат гирад бори дигар исбот хохед кард, ки воқеан ҳам дар фикри якояки шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастед. Ҷонфидоиҳои Шумо баҳри ободии кишвару миллат ба ҳамагон маълум аст, вале ин иқдом сабаб мешавад ки исми Шумо ҳамчун химоятгари тоҷику тоҷикистонӣ дар тамоми руи замин барои ҳамешагӣ дар таърихи миллат сабт гардад. Умедворам пешниҳоди маро рад нахоҳед кард”.
Мӯҳр
точик
Намекунад. Дар худи Точикистон хазорхо нафар бо тухмат дар кунчи зиндон бегунох хобидаанд, кай ба доди онхо мерасанд аз рангу руи точик безор аст хукумат

Зек
Аз зиндонхои Точикистонда хамин турмахои Россия хубтару тозатар мебошад. Мо намехохем ба турмахои Точикистон интикол дода шавем. Изат Амон ту доим нахутаки пеши кошук хасти, баас кун хамин корота. Е албат ягон вазифат ваьда карданд.

Мухочир
Чаноби оли ва хукумати кишвар дар фикри аз байн бурдани мухолифин хастанду шумо дар чи фикр ачоиб чаноби иззат амон

пк
Инхо кариб хамаашон нашъафурушанд. Шинанд шаттаи уруса хуранд.

ин 8-хазор озои хизби назатми! вай зан дар истаравшан гуфт ку

Азиз
Зек,
Чи мехури ки ика донои икадар гапхои ростро мегуй ?

Иззат Амон и гапора барои рекламаи худаш менависад. Дар асл бошад монанди Каромат Шарифов аз паи горатгарии мухочирон

ЗЕК ,СУХАН ДАР БОРАИ ТУ НАМЕРАВАД .

Шухрат
Инхо хама нашъафурушанд мегуи, бе тахлил. Инсонвор як бор андеша намо баъд хар чи мегуи бигуй. Нашъафуруш хамон полисхои русанд. Агар спрос наркотики дар Россия набошад ягон кас ба он чо наркотик намебарад. Мафияи наркобизнесменхо рохбараш полисхои русанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)