Бахшҳо
22 фев 2015 11:46Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Раҳмон аз низомиён хост, барои дигарон намуна бошанд (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аснои суханронӣ ба ифтихори таҷлили 22-юмин солгарди таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи кишвар дар хитоб ба сарбозону афсарон гуфт, мардуми Тоҷикистон масъулияти ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкими минбаъдаи пояҳои давлатдорӣ, таъмини амнияту осоиши кишвар ва ободиву пешрафти мамлакатро ба зиммаи шумо вогузор намудаааст.

Ӯ афзуд, халқ дар симои хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳ фарзандони бонангу номус ва далеру шуҷои худро мебинад, ки ба савганди ҳарбӣ ва Ватани худ ҳамеша вафодор ҳастанд: "Аз ин рӯ, бояд ҳар як низомӣ дар кору зиндагӣ шахси намуна ва дорои хислатҳои беҳтарини инсонӣ бошад".

Ҷаноби Раҳмон хизмат ба Ватанро шарафи бузург ва дар айни замон вазифаи муқаддаси ҳар як ҷавони бонангу номус хонда, изҳор дошт, ҳар як хизматчии ҳарбӣ бояд хуб дарк намояд, ки ватандӯстӣ ин арзи садоқат ба Ватан – модар ва халқу давлати соҳибистиқлоли худ буда, дар пос доштани арзишҳои миллӣ ва аз тамоми манфиатҳо боло гузоштани манфиати давлату халқ зоҳир мегардад.

"Бовар дорам, ки афсарону сарбозони шуҷои Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқ монда, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан – модар ва халқу давлати хеш бо сарбаландӣ адо мекунанд ва тамоми донишу таҷриба, малакаву маҳорати худро ба хотири ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ сафарбар месозанд",— афзуд ӯ.

Маросими таҷлил аз 22-юмин солгарди таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, райисҷумҳур, Шералӣ Мирзо, вазири мудофиа ва Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилӣ, имрӯз, 22 феврал дар Кохи Ваҳдат баргузор шуд. Бино ба иттилои дафтари матбуотии президент, дар ин ҷаласа ба ҳайати роҳбарӣ ва фармондеҳӣ тавсия шудааст, "ба зердастони худ, хусусан ба сарбозони ҷавон ғамхор бошанд, аз ҳолати рӯҳию ҷисмонии онҳо пайваста бохабар бошанд, то ки ба болоравии ҳисси садоқату самимияти онҳо ба халқу Ватан ва тақвияти матонату шуҷоати онҳо дар ҳифзи музаффариятҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол мусоидат намоянд".


Раҳмон аз низомиён хост, барои дигарон намуна бошанд (АКС)

Раҳмон аз низомиён хост, барои дигарон намуна бошанд (АКС)

Раҳмон аз низомиён хост, барои дигарон намуна бошанд (АКС)

Раҳмон аз низомиён хост, барои дигарон намуна бошанд (АКС)

Раҳмон аз низомиён хост, барои дигарон намуна бошанд (АКС)

Раҳмон аз низомиён хост, барои дигарон намуна бошанд (АКС)

Раҳмон аз низомиён хост, барои дигарон намуна бошанд (АКС)

Раҳмон аз низомиён хост, барои дигарон намуна бошанд (АКС)

Раҳмон аз низомиён хост, барои дигарон намуна бошанд (АКС)
Мӯҳр
Муборак бошад ин чашни пуршукух, ХОМИЁНи аслии МИЛЛАТ ва ВАТАН!!!

ШАКА ВАНЧИ
сарахади ту беканор аст.
чашми ту шаб бекарор аст.
кори ту хардам шикор аст.
эй сарбози ватан модар ватан


сарахадат дуру дароз аст.
рохи ту пурпечу тоб аст.
дар сарди кори азоб аст.
эй сарбози ватан модар ватан.

пайрави темурмалик шав
хамчу рустам шеьр гир шав.
сипари ватан ба дил шав.
эй сарбози ватан модар ватан.

пушти ту куххи диер аст.
найзаи душман чу хор аст.
хифзи сархад чоннисор аст.
эй сарбози ватан модар ватан.

ватан гар талаб кунад чон.
дар рохи ватан шав курбон.
то абад зинда кахрамон.
эй сарбози ватан модар ватан.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)