Манбаъ афзуд, дар навбати худ ташкилкунандагони вохӯрӣ қайд намуданд, ки маводи мухаддир “сабук” ё “вазнин” намешавад, ба монанди он, ки фавт аз ин мавод “сабук” ё “вазнин” нест ва давлат аз ҷониба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тандурустӣ муборизаро бар зидди ин бало бе иштироки ҳар як шаҳрванди солимфикри ҷумҳурии мо ба роҳ монда наметавонад. Дар рафти вохӯрӣ иштирокчиён дар бораи чораҳои андешидашудаи хукумати ҷумҳурӣ вобаста ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, пешгирӣ ва табобати бемории нашъамандӣ, ҳамчунин дар бораи маводи нашъадори синтетикӣ ва мухаддир бо ном “сабук”, аз қабили бангдона саволҳо доданд. Дар охири вохӯрӣ ба ҷамъомадагон варақаҳои итилоотии зиддинашъамандӣ тақсим карда шуд,-афзуд манбаъ.{jathumbnail off}
Мӯҳр« Май 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | |||
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |