Бахшҳо

Изҳороти ҷавонони Бадахшон: Фардоро зери роҳбарии Э.Раҳмон мебинем (АКС)

Руслан Шодиков, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон аз қавли ҷавонони Бадахшон изҳоротеро нашр кардааст, ки дар он мардуми кишварро ба шукргузорӣ аз ваҳдату оромӣ ва иштироки фаъолона дар интихоботи парлумонӣ даъват намудаанд.

Дар изҳороти нашркардаи Шодиков аз ҷумла омадааст, мо ҷавонони баору номуси ВМКБ - ояндаи имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлолро бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун як давлати ободу пешрафта ва озоду демократӣ мебинем, ки мояи ифтихори ҳар як фарди ҷомеа бошад: “Мо бо ин ватани аҷдодӣ ва соҳибтамаддун ифтихор дошта, онро дӯст медорем ва ҳамеша дар сафи пеши созандагони ватан барои ояндаи дурахшони насли ҷавон ва созандагиву бунёдкории ҳар як ваҷаб хоки муқаддаси он қадамҳои устуворона мегузорем”.

Дар изҳорот таъкид шудааст, ки танҳо муҳаббат, самимият ва ҳисси худшиносиву ватандӯстӣ ва зиракии сиёсиву ифтихори миллии мо ба рушди минбаъдаи иқтисодиёт ва иҷтимоиёти хоҷагии халқи мамлакат такони ҷиддӣ мебахшад: “Иштироки фаъолонаи мо таҳти шиори "Мо нисбати тақдири имрӯзу фардои Тоҷикистони азиз бетараф нестем", дар интихоботи навбатӣ, шукргузорӣ ва ифтихори миллии моро нисбати ватани маҳбубамон инъикос менамояд. Боварии комил дорем, ки тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон барои амнияти комил, фазои сулҳу субот ва ваҳдату якдилии миллати тоҷик даст ба даст гирифта, аз ҳарвақта дида бештар муттаҳид, созанда ва сипосгузор хоҳем буд ва ин фазоро доимо мисли гавҳараки чашм нигоҳ медорем”.


Изҳороти ҷавонони Бадахшон: Фардоро зери роҳбарии Э.Раҳмон мебинем (АКС)

Изҳороти ҷавонони Бадахшон: Фардоро зери роҳбарии Э.Раҳмон мебинем (АКС)

Изҳороти ҷавонони Бадахшон: Фардоро зери роҳбарии Э.Раҳмон мебинем (АКС)

Изҳороти ҷавонони Бадахшон: Фардоро зери роҳбарии Э.Раҳмон мебинем (АКС)

Изҳороти ҷавонони Бадахшон: Фардоро зери роҳбарии Э.Раҳмон мебинем (АКС)

Изҳороти ҷавонони Бадахшон: Фардоро зери роҳбарии Э.Раҳмон мебинем (АКС)

Изҳороти ҷавонони Бадахшон: Фардоро зери роҳбарии Э.Раҳмон мебинем (АКС)

Изҳороти ҷавонони Бадахшон: Фардоро зери роҳбарии Э.Раҳмон мебинем (АКС)
Мӯҳр
чавон
Чавонони бадахшон рухашон аз ин изхорот хабар надорад.

номус
Ҷавононои ба ору номуси Бадахшон)))

Фирдавс
Ха-Ха-Ха... Аз номи чавонони Бадахшон ган назанед на шумо ва сокинони хоруг.

ali
man rosti namedonam in chi fardoiye hast ki hamesha boyad zeri rahbari Rahmon guzarond? inki fikri Jawonon boshad Woy bar pirsolonu, Zanhi,,, wayho chi meguta boshand? Oxi hamin Rahmon to ba hol kadom Soha ro Mushkilotash ro hal kardast? magar kujost Ta'mini Orzuqa? kujost barqi Tojik? Haqu Huquqi Muhojiron kujost? shumo az kadom Fardo Suhbat dored? magar monda nashided az hamin Wadahoi Drughin ?

hamiqa guftanniyam ki Hizbi Hokim bo Sarwari Rahmon natonist Mushkiloti Asosi Milati Tojikro hal kunad...


Лапша на уши не вешаите. Работой нас Бадахшанцев обеспечте

Чавонони Бадахшонро мо нафахмиде чихел онхо аз Ч О тарафдори мекунанд,ки хар сол гирди хам ойи ва сохторхои давлатиро оташ мезананд.Чавонони Бадахшон хамин гап рост ё не?

Дар вокеъ чавонони Бадахшон аз сиёсати пешгирифтаи сарвари муазами кишвар хамеша чонибдори менамоянд.
Ин кадар дастовардхои беназири замони Истиклоли Ватанро нодида гирифтан, ба Худо нишонаи нобиноии хар як шахс аст. Худ казоват намоед, Точикистон чавони 23-сола аст. Як чавони 23-сола як оилаи бузургро чигуна метавонад дар мухлати андак аз тамоми мушкилотхо рахонад. Бадахшониён хечгох аз ин неъматхои Истиклоли ватан ношукри накардаанд ва нахоханд кард. Мо дар гузашта медонем,ки чигуна зиндаги доштем ва имруз зиндагиямон дар кадом сатх аст.
Бо ин марди солор, мондагор ва сарсупурдаи миллат Э.Рахмон ояндаи мо пур аз фуруг аст. ИНШООЛОХ.

Мо бо ин ватани ачдоди фахр мекунем, лекин мутасифона то хол ин ватанамон дар дасти халки одди Тоджик нест, ватаномонро Оилаи Колонисто ва Махалчигихо забт карданд. Мо дар ин ватан имруз гулом хастем.

Ман иштирокчии хамин вохурихо дар Хоруг будам ва ба фикрам аз расмхо малум АСТ, ки аз хама зиед меваи ширину шахдбори Истиклолияти Точикистонро мо мардуми Бадахшон чашидем. Сохмоне, ки имрузхо дар каламрави вилоят идома дорад, рохое ки кушода шудагиан таърих дар ед надорад ин гамхорихоро. Ашхосе, ки дар боло фикрашонро баен доштанд барои модар сатили обро то хона намебаранд. Ман донишчу хастам ва дар хобгохе, ки мо зиндаги дорем мисли мехмонхона АСТ. Пеш аз оне, ки гуем барои мо давлат чи кор кардааст, аввал Ба худ савол дихем мо барои фарзанди худ е падали худ чи кор кардем?

Ман як чавони баландкухи вокеан аз Рохбарияти давлат ташаккур мекунам ки дар як мудати кутохтарин орзухои 1000 соли мо точиконро амали гардонидаистодааст ничо ягодном муболигааш нест ки мо чавонон хоч год фаромуш нахохем кард захматхои Сарвари давлатро мо тарафдор будем хастам ва хохме монд. Бо хизби халкии демократии Точикистон хамеша тан Ба танем!!!!!!!!!

Ислом ба зоти худ надорад айбе, Хар айб, ки дар он аст дар мусулмонии мост. Ман ба касоне, ки дар боло сухан гуфтанд савол дорам? Дар акс кариб 700-800 нафар чавонон иштирок доштанд,ки дар хамин малал обру доранд малумоти Оли ва миена доранд изхори сипос ва миннатдории хурдо Ба Рохбарияти давлат, ки дар хакикат хизмат кардааст изхор доштанд. Агар хамин мардум аз номи чавонон ва мардум хукуки сухан гуфтан надоранд пас мардум ки АСТ?

Shunidan kay buvad monandi didan. Ozodi rahmat baroi reklamai roygon: vokean javononi ba oru nomusi badakhshon hamesha ba misli digar javononi manotiqi Tojikiston az Prezidenti jumhuri baroi dastgirii payvastaashon izhori minatdori menvoem. Nogufta namonad, ki mo hamesha tarafdori siyosati imruza hastem va khohem mond.

Ба чаноби Расул Шокиров! Мо дар гузашта медонем,ки чигуна зиндаги доштем ва имруз зиндагиямон дар кадом сатх аст.


Marhamat ba Badakhshon!
Мо тарафдори Хизби Халкии Демократии Точикистон будем хастем ва хем монд! Ташаккур аз Кумитаи чавонон, варзиш ва сайехии назди Хукумати Чумхурии Точикистон, ки чуинин чавонони бо илму маърифатро барои сухбату вохурихо бо чавонону волидони ин минтакаи баландкух рохсипор намуданд. Умедворем ин икдом дар оянда низ пайгири хохад шуд чун дидори Масъулини Шумо боиси баланд гардидани хисси ватандусти, маърифати сиесию хукукии чавонони мо хохад гардид.

Мавриде, ки шахс назароташро менависад на бояд фаромуш кунад ки вай кист ва чи мехохад аз навиштани назароташ аммо ман инчо мебинам , ки бар чуз нияти чанг андози чизе нанвишта шудааст магар шарм намедоред ки маколаро менависед боз худатон шар медихед вой бар холи шумобарин беномусо агар мард бошед инро низ интишор кунед то дигарон низ донан назароашонро оиди шумо . Медонам ки интишон намекунед чун шумо як чангандози тарсуед!!!!!

хаххаа
Дар изҳороти нашркардаи Шодиков аз ҷумла омадааст....: “Мо бо ин ватани аҷдодӣ ва соҳибтамаддун ифтихор дошта, ..." аммо хакиат ин аст, - "Кувейтские туристы не нашли по дороге из Душанбе в Куляб ни одного туалета".

Ероди дуруст гирифтаанд мехмонон. Суол инаст ое худи ту дар бораи сохаи туризм ягон маълумот дори е не? Аз навиштанат маълум аст ки чи гуна шахс астию ва чигуна ниятхо дори азьин суханхои таххиромезад як чиро дон шояд ту дар хонаи худат то хол барои ахлоти худат хочатхона накардаи пас ту чигуна метавони барои нафаре кори хайр карда боши боз шарм надошта сухан мегуи.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)