Бахшҳо

Боздошти додари Қурбони Чол барои силоҳу героин

Мақомоти пулиси шаҳри Кӯлоб аз боздошти Ҷаъваршо Чолови 45-сола, аз хонаводаи маъруфи Чоловҳо хабар доданд.

Манбаи “Озодагон” аз шуъбаи умури дохилии Кӯлоб имрӯз, 23-юми феврал ба “Озодагон” гуфт, Ҷаъваршо Чолов ба иттиҳоми нигоҳдории маводи мухаддири героин ва силоҳ боздошт шуда, феълан тафтиши парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ идома дорад. Манбаъ аз ифшои ҷузъиёти бештари қазия ба далели сирри тафтишот худдорӣ намуд.

Ҷаъваршо Чолов, бародари Қурбон Чолов, яке аз собиқ фармондеҳони Фронти халқӣ мебошад. Худи Қурбон Чолов, субҳи 5-уми ноябри соли гузашта дар синни 55-солагӣ дар пайи фишорбаландӣ ва дарди дил аз олам даргузашт. Хонаводаи маъруфи Чоловҳо аз шаҳри Кӯлоб дар замони ҷанги шаҳрвандӣ яке аз сернуфузтаринҳо дар ҷумҳурӣ маҳсуб меёфтанд. Чоловҳо-даҳ бародарон, аз ҷумлаи қумандонҳоеянд, ки баъди анҷоми ҷанги шаҳрвандӣ ба тиҷорат машғул шудаанд ва баъдан чанд нафари онҳо бо иттиҳомҳои гуногун пушти панҷара рафтанд.

Айни ҳол аз дороии нисбатан назарраси Чоловҳо дар Душанбе, маркази тиҷоратии Панҷшер арзёбӣ мешавад, ки дар бозори Саховат ҷойгир аст.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Обхезӣ ва шаҳрдорӣ17:44Оғоз15:39Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33
ТАҚВИМ
«    Октябр 2026    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
БОЙГОНӢ
Май 2026 (2)
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)