Боздошти ду тоҷики беҳуҷҷат дар Покистон
Мақомоти амниятии Покистон аз боздошти ду шаҳрванди Тоҷикистон хабар доданд, ки дар навоҳии наздисарҳадии ин кишвар бо Афғонистон бидуни аснод қарор доштаанд.
Ба иттилои манбаъ ин шаҳрвандон дар наздикии гузаргоҳи Турхам дар ағбаи Хайбар, зимни тафтиши аснод боздошт шудаанд: “Онҳо худро Сайфуллоҳ ва Таваккал, шаҳрвандони Тоҷикистон муаррифӣ кардаанд, аммо санади расмӣ ва иҷозатномаи рафтуомадро бо худ надоштаанд”.
Манбаъ мегӯяд, инчунин маълум шудааст, ки боздоштшудагон тайи 23 рӯз дар Исломобод қарор доштаанд, вале ба мақомот дар бораи масири ҳаракаташон иттилое пешниҳод нанамудаанд: “Феълан ин афрод дар боздошт буда, тафтиши қазияи онҳо идома дорад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |