Бахшҳо

Хуршеди Атовулло: Мақомдорон дар симои журналист душманро мебинанд

Хабарнигори “Озодагон” -- Муҳаммад Тилавзода дар рӯзи 10-солагии Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон (МТЖ) бо Хуршеди Атовулло, муассиси ин марказ суҳбате анҷом дод ва нахуст аз ӯ пурсид, тайи ин муддат ба ҳадафҳое, ки доштед, расидед?


Хуршеди Атовулло: “Даҳ сол пеш бо идеяи пешниҳодкардаи Сафват Бурҳонов як маркази тадқиқоти журналистӣ таъсис додем. Ҳоло мебинам, ба ҳадафҳое, ки доштем, то андозае расидаем, аммо фикр мекунам даҳ сол он қадар соле нест, ки дар бораи ҷамъбаст ё хатми тамоми орзуҳо ва нақшаҳо гап занем. Гумон мекунам, ин ҳанӯз оғози кор аст ва идома хоҳем дод”.

Озодагон: Дар Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир мудири як ташкилоти мустақили рӯзноманигорӣ будан фикр мекунам хеле мушкил аст. Дар пайи фишору баҳсҳои зиёди додгоҳӣ боре фикри аз раҳбарии марказ даст кашидан ё ба фаъолияти он хотима доданро кардаед?

Хуршеди Атовулло: “Не. Аслан фикри аз ин даҳшатноктар пайдо шуда буд, ки умуман аз баҳри журналистика бояд бароям. Бояд гуфт, дар муддати даҳ соли фаъолият дар баробари дастовардҳое, ки доштем - таъсиси се нашрия ва ду сайти интернетӣ, мушкилиҳо низ зиёд буданд. Масалан, ба муддати се-чор моҳ, тирамоҳи соли 2010 аз нашр боз мондани нашрияи Фараж боиси он гардид, ки теъдоди нашри мо кам шавад. Пеш аз соли 2010 теъдоди нашри Фараж наздики 10 ҳазор буд ва баъди се-чор моҳ нашр нашудани рӯзнома теъдоди он кам шуд, ки зарбаи сахте ба марказ буд. Ман ёд дорам, ки чигуна мо нашрияро дар коғазҳо дастӣ омода мекардем. Ғайр аз ин бо сабабҳои гуногун чанд муддат сайти интернетии мо аз фаъолият бозмонд ва албатта дар ҳамин ҳолатҳо, ки душворӣ пайдо мешуду онҳое ки то дирӯз қаҳрамони ту буданд ва барошон минбар медодӣ, роҳашонро дигар карда мегузаштанд, андешае пайдо мешуд, ки умуман аз баҳри журналистика бароям”.

Озодагон: Баъзеҳо мегӯянд, МТЖ он шуру шаре, ки 5-6 сол қабл дошт, надорад. То куҷо ба ин андеша розиед?

Хуршеди Атовулло: “То андозае дуруст мегӯянд. Барои чи? Ба хотири он ки вақте мо МТЖ-ро таъсис додем, он аввалин Маркази тадқиқоти журналистӣ дар ҳудуди Осиёи Миёна буд ва ҳанӯз мардум намедонистанд, ки тадқиқиоти журналистӣ чӣ аст. Вақте корро оғоз кардем, баҳсҳои зиёде ҳам буд, ки чунин жанр нест, вале бо гузашти вақт имрӯз ҳама рӯ ба тадқиқоти журналистӣ овардаанд. Албатта марказ дар ин моваро мавқеашро аз даст надодааст, вале тадқиқоти журналистӣ имрӯз моли бозоргир шуд ва бисёре аз созмонҳои журналистӣ, монанди Институти ҷанг ва сулҳ, SCOOP бевосита ба тадқиқоти журналистӣ рӯй овардаанд. Нашрияҳо низ имрӯз дар назди худашон оҷонсиҳои тадқиқоти журналистӣ боз кардаанд. Онҳое, ки дар ин жанр менависанд, қариб ҳамаашон даспарварони МТЖ-и мо ҳастанд”.

Озодагон: То ҷое медонем, марказ ба омӯзиши кадрҳои ҷавон низ машғул аст ва аз нигоҳи Шумо насли муваффақи марказ кадом насл аст?

Хуршеди Атовулло: “Ман наметавонам гӯям насли муваффақ, барои онки дар ҳар гуруҳе, ки худам омода мекунам ҳастанд нафароне, ки муваффақ мешаванд. Аз дастпарварони муваффақи марказ метавонам аз Муҳаё Нозимова, Гулафшон Соқиева, Фарангис Набиева, Уғулой Мухторова, Ҷасур Абдуллоев, Нилуфар Собирова, Мазҳаб Ҷумаев, Абдукарим Раҷабов ном барам. Чунин нафарон зиёданд ва баъзеи онҳо натавонистанд бори журналистикаро кашанд ва дар ин миён гум шуда рафтанд. Дар ҳар гуруҳе, ки мо тарбият мекунем ҳатман се ё чор нафар журналистони ояндадор ҳастанд”.

Озодагон: Дар бораи саркардаҳо ё сарсупурдаҳои марказ ҳам чизе бигӯед

Хуршеди Атовулло: “Тавре ишора кардам, идеяи таъсиси марказ аз Сафват Бурҳонов буд, бинбар ҳамин метавонам аз вай ҳамчун як нафари сарсупурдаи марказ ёд кунам. Аз онҳое, ки баъд аз ӯ буданд - Сангин Гулов, шодравон Ҷумаи Толиб, ки дар баробари ман кушиш мекард ба журналистон чизе биомӯзад, Холиқназар Ҷумаев ва дигарон. Ман наметавонам насл гӯям, ман метавонам гӯям, ки шахсиятҳо ҳастанд. Аз 10-15 нафари як насл танҳо як ё ду нафар воқеан муваффақ ва сарсупурда мешавад”.

Озодагон: Тайи 10 сол марказ бисёр баҳсҳои судӣ дошт ва ин баҳсҳо барои фаъолияти марказ то куҷо таъсири манфӣ гузошт?

Хуршеди Атовулло: “Таъсири манфии чунин баҳсҳо барои фаъолияти марказ зиёд буд. Ба наздикӣ дар як нишаст ман ин нуктаро зикр кардам, бадбахтона имрӯз чунин шудааст, ки вақте як мансабдор ё намояндаи мақомотро танқид мекунӣ, вай бо истифода аз тамоми шиносу наздику хешу таборе, ки дорад ба сари нашрия кушиш мекунад рӯзи сиёҳ биёрад. Чандин бор чунин ҳолатҳо шуданд. Дар як баҳси судӣ, ки нашрияи Фаражро ба суд доданд, ба судя гуфтам, ки намешавад, ба ҷои ман адвокат иштирок кунад ва ё намешавад, ки баррасии парванда ба рӯзи душанбеву сешанбе нею ба дигар рӯз гузошта шавад, то мо корамонро бинем. Дар посух ҷавоби рад мегирифтем. Баъди ҳал шудани қазия дар як ҷо бо он судя вохӯрдем ва гуфт, мебахшӣ, аз зинаҳои болоии суд супориш шуда буд, то танҳо рӯзи душанбе ва сешанбе туро даъват кунам ва ҳатман худат биёӣ, ки ба кори рӯзномаат халал ворид шавад. Ин гуна ҳолатҳо буданд. Хушбахтона ё бадбахтона намедонам ҳолате шудааст, ки дар натиҷаи чунин баҳсҳо имрӯз кормандони ман дар баробари журналист будан адвокат ҳам ҳастанд. Барои чи? Барои онки баҳсҳои судӣ зиёд аст ва танҳо худи нашрияи “Фараж” наздики 15 баҳсҳои судӣ дошт, ки хушбахтона ягонтоашро набохтааст ва имрӯз баҳсҳои судӣ атрофии “Самак” ҳам зиёданд. “Ману ту” ҳам чанд баҳси судӣ дошт, ки мо кушиш кардем то баррасӣ нарафта, ҳал созем. Баҳсҳо зиёд ҳастанд ва ба кор монеа эҷод мекунанд ва вакте ин чиз фармоишӣ аст, албатта алам мекунад. Лекин мубориза аст дигар”.

Озодагон: Имрӯз баъзеҳо фазои журналистии кишварро ба фазои журналистии Кореяи Шимолӣ ва баъзан Эрон монанд мекунанд. Назари Шумо дар ин маврид чист?

Хуршеди Атовулло: “Вақте дар конфронсҳои зиёди минтақавӣ ширкат мекунам ба ин нуқта розӣ шуда наметавонам, махсусан вақте ҳоли зори журналистони туркман, узбакро мебинам. Агар нигоҳ кунем дар тамоми сайтҳои интернетӣ ё рузномаҳо, тамоми мақомдорон мавриди танқид гирифта мешаванд ва на танҳо мақомдорон, балки хешовандони худи президент низ танқид мешаванд. Чизе ки мехоҳанд, менависанд. Вале гап дар дигар чиз аст. Ба навиштан менависанд, аммо то куҷо таъсир мерасонад? Дар мавриди баъзе масъалаҳо ҳазорон бор нашрияҳо навиштанд, масалан роҳи пулакӣ, хешутаборбозӣ дар мақомот, дар мавриди камбудии корҳои суду прокуратураҳо, аммо натиҷа кам аст”.

Озодагон: Баъзан чунин менамояд, ки кормандони баъзе мақомоти давлатӣ дар симои рӯзноманигорон ва нашрияҳои мустақил душманро мебинанд, сабаби инро дар чи мебинед?

Хуршеди Атовулло: “Бадбахтона ҳамин хел аст. Вақте як мақомдорро танқид кардӣ, вай ба ҷойи онки камбудии корхона ё вазораташро ислоҳ кунад, бештар дар ҷустуҷӯи фармоишгар мешавад, ки ин маводро кӣ фармоиш дода бошад? Онҳо воқеан дар симои журналист як душманро мебинанд, зеро дар мақомоте, ки вай кор мекунад, шахси аввал аст ва нисбати ӯ ягон корманд эрод намегирад. Вақте журналистон камбудияшро мегӯянд, ба ӯ хуш намеояд ва ба ҷои хамкорӣ кардан дар симои онҳо душмани оштинопазирро мебинанд”.

Озодагон: Фазои журналистикаи имрӯзро нисбат ба 10 соли қабл яъне замони таъсиси МТЖ чигуна баҳогузорӣ мекунед?

Хуршеди Атовулло: “Даҳ сол пеш, 23 феврали 2005 вақте марказро таъсис додем, ҳамагӣ ду рӯзномаи фаъол буд, яке “Миллат” ва дигари “Зиндагӣ”. Як сол пас вақте рӯзномаи Фаражро таъсис додем, “Нигоҳ” низ ба майдон баромад. Имрӯз нашрияҳои зиёде ҳастанд дар минтақаҳо, нашрияҳое ҳастанд, ки ба марказ мебиёянд, мисли рузномаи “Пайк” дар Кӯлоб. Вале бадбахтӣ ин аст, ки дар аксар ноҳияҳо дар ин мудат журналистика умуман барҳам хӯрд. Дар баъзе минтақаҳо як ё ду рӯзноманигор ҳасту халос. Дар баъзе вилоятҳо масалан дар Суғд, ягон нашрияи мустақили сиёсӣ намонд, на “Вароруд” монду на “Суғд”, ки мутаасифона касе дар фикри ин чиз нест. Дар баъзе аз ноҳияҳо ё умуман нашрия барҳам хурд ё чоп шавад ҳам ман надидам. Имрӯз аслан мафҳуми журналисти минтақавӣ гум шуда истодааст”.

Озодагон: Мушкили асосӣ имрӯз барои гузаронидани тадқиқотҳои журналистӣ дар чист?

Хуршед Атовулло: “Мушкили асосӣ ин аст, ки дар Тоҷикистон ҳанӯз расман ягон детективи хусусӣ фаъолият намекунад ва бори детективи хусусӣ бар души журналист-тадқиқотгар аст. Дигар мушкилӣ ин дастрасӣ надоштан ба маълумот аст. Баъдан бо вуҷуди зиёд шудани семинарҳои омӯзишӣ дар Тоҷикистон оҳиста-оҳиста ҳамон чизе, ки дар замони Шӯравӣ буд, барҳам хурд. Яъне, он замон як нафар вақте дар бораи иқтисод менавишт, дар шӯъбаи иқтисод кор мекард ва танҳо маводи иқисодӣ менавишт. Имрӯз дар доираи як тахассус омода кардани рӯзноманигор барҳам хурдааст. Фикр мекунам, ин чизи хуб буд. Бояд на танҳо коршиносони мо, балки журналистони мо дар доираи як соҳа нависанд, то маводашон касбӣ ва пухта хосил шавад”.

Озодагон: Оё метавон имрӯз Маркази тадқиқоти журналистиро як мактаб ном бурд?

Хуршеди Атовулло: “Ин баҳоро аз рӯи одоб нест, агар ман диҳам, вале ин баҳоро дода метавонам, ки 60-70 фисади журналистони фаъол аз ҳамин мактаб гузаштаанд”.

Озодагон: Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон дар оянда чи хадафу нақшаҳо дорад?

Хуршеди Атовулло: “Мо ба наздикӣ дар сайтамон -- Faraj.tj ба пахши наворҳо сар кардем ва кӯшиш мекунем, ин корро идома диҳем. Инчунин дар нақша дорем, онро ҳам ба забони форсӣ ва ҳам англисӣ роҳандозӣ кунем. Дар баробари ин вақтҳои охир дар фикри он ҳастем, ки аз нашрия дида, таъсиси маҷалла беҳтар аст ё не. Чизи аз ҳама муҳим ҷалби мутахассисони хуб ва доимӣ аст. Талош мекунем, барои рушди журналистони ҷавони тадқиқотгар шароити хуб фароҳам биёварем”.
Мӯҳр
Darvesh
Oh nav fahmidestum ki dar Dushanbe jurnalisto paydo shidestand, ammo boz bazesh gum shidand!!!! EHA itari gapzanira kadom donishmand guftay!!! Ba gufti Panjakuntiho gaptona khoyda khoyda zaned .....

Ба ФАРАЖ ва кормандонаш муваффакиятро аз самими калб таманно дорам, ба пеш ва хеч гох рухафтода набошед!

С. Мизроб
Хуршедчон муборакат бод! Бузургтарин дастоварди МТЖ ва Фараж он аст, ки дар раъсаш журналисти профессионал истодааст. Мо Метавонем!!!

мусохиб
Фикру андеша нест... Мисли мусохиба бо як мухосиб аст, ки факат ба хисобу китоб сару кор дорад...

Пайкартароши пир
Хуршед ако дар муддати ин дах сол " кахрамониатон" тарзи гуфтори дариро шевотару салису равонтар пурмоятар ва дигаргунатар ва ба дур аз буи шурави изхор карданро меомухтед бехтар мешуд !? Дар китоби Пайванди пайкарахо ятон дуди гализи махалгарои дар фазо мепечад . Дар рузномаи Комсомоли Точикистон инсонхои шоистатару боистатар ва сазовортар ва вологухартар хам фаолият доштаанд ки бешфаолтару бехфаолтар аз хамшахрихои Шумо будаанд ки хеле камрангтар пардохтаед. Кор окилона бегаразона ва хирадмандона анчом шавад мондагортар де!!!

Муборак бошад! Дар хакикат мактаби журналистон аст ин Марказ. Халолатон бод. Дар ин давра на хар кас чуръат ба мубориза мекунад. Вале вокеан чун гуфтед "баҳсҳои судӣ зиёд аст ва танҳо худи нашрияи “Фараж” наздики 15 баҳсҳои судӣ дошт, ки хушбахтона ягонтоашро набохтааст ", яъне ки адолати суди дар кишвар риоя мешудаст, хамин тавр не? Он кадар баде нест, ки журналистон мегуянд.

Dev
Пайкартароши пир,
Bo nohiyai Panjakent tamomi Tojikiston boyad fahr kunad.YAgona nohiyae,ki beshtar odamoni zaruri ba millat dod. In mahalgaroi nest, in hakikat ast!

Намедонам ин кадар бахили аз кучо... маълум ки ин навиштахо хаммааш аз худи кормандони Озодагон аст... О чаро мардак шуда истода кафотон аз муваффакияти дигарон дард мекунад? Мардак натанхо аз хамаи Шумо-нависандахои беному бегурда зур аст балки 60-70 нафари дигарро нон медихад! Зинда боши Хуршеди азиз, метавони! Озодагону лабуазиз, ки хами Хуршед сабакат дода буд, чоп кун чунки доди озодии баён мезани!

Девбанд
Ба дев! манзур Точикистони имрузи нест балки худудхои точикони асил аст ки номашон аз тамоми Панчакату панчакатихоят болотару маъруфтар аст нагзтар фикр карда гап зан хатто Панчакатат хам аз боди бурути хамонхо падид омадааст махалгарои нест хакикат аст нагзакак фикр кун таги кампал даромада!!!

Саволак
Озодагон: Оё метавон имрӯз Маркази тадқиқоти журналистиро як мактаб ном бурд?

Хуршеди Атовулло: “Ин баҳоро аз рӯи одоб нест, агар ман диҳам, вале ин баҳоро дода метавонам, ки 60-70 фисади журналистони фаъол аз ҳамин мактаб гузаштаанд”.

ОЁ ХАМИН ХЕЛ САВОЛ КАРДА ХАМИН ГУНА ЧАВОБ ДОДАНИ ДУ журналист МУМКИН АСТ?

Dev
Девбанд,
Hamin jumlai Nilufari Hujandi ( О чаро мардак шуда истода кафотон аз муваффакияти дигарон дард мекунад) bahri tust ! Az hakikat nagurez chun mahalgaro Panjakent (umuman vodii Zarafshon) hamesha ,dar har davru zamon ba millat buzurgonro dod.
Az yak jumlai be saru nugat malum ,ki tu kisti !

Ба дев
Дев! Рафта китоби акоятро гашта баргашта хон! Китоб буи махал медихад дар рузномаи Комсомоли Точикистон касои дигар хам кор кардаанд ту ба фикрам баъди истиклол ба дунё омадаи ки аз гузашта хабаре надори ё дар замони истиклол ва таълифи китоби хамшахриат хеле кудак будаи! Ба ин кор надорам аммо гараз ва махалгароиро пушонда намешавад. Дар он китоб факат хамшахрихои шумоёнро чо карда ва перомуни онхо сухунхои зиёд задаву таърифхои аклбоварнакардании беш андоза кардаааст ва дигаронро хеле ба хошия рондааст албатта ташаббус хуб буда аммо кор чазирбод шидай. ва ту иддао дори ки тамоми Точикистон ин Панчакат аст ин гапро нагу ин айб аст!!!

Dev
Ба дев,
Man ba Hurshedi Atoullovu kitobash kore nadoram, nahondaam, hondani ham nestam.
Panjakent tamomi Tojikiston nest, ammo buzurgonu millatsarojonash az boki Tojikicton zijod ast , in hakikat ast, manzuram az in ruj nagardon !Kosh tamomi Tojikiston chun vodii Zarafshon sarsupurdahoi millat medosht.
Az mo ba sari guri "eshoni darozgush" duohonivu chigilkushoi nameravand,chun buzurgonamon zijodand(buzurgoni tojiki zarafshoni!), hudojo shukr ! Ozodagon hohish mekunam !

Ба дев
Дев! Панчакат чанд дар сади Зарафшонай!!! оё ба Зарафшони асли шомил мешавад? Аз номи тамоми водии Зарафшон гап назан!!!

Darvesh, МУМКИН ЯКЕ АЗ ГУМГАШТА ХУДИ ТУ БОШИ. КИ ОМАДИ БА ХАМИН ГАП ЧАСПИДА МОНДИ МЕГУЯНД КИ ГАП ТЕЗ СОХИБАШРО МЕЁБАД ХАХАХА

Ба дев,
ДЕВ ТУ БА КИТОБИ ХУРШЕД ЧИКОР ДОРИ АГАР МАРД БОШИ БИЁ ДАР РУЯШ ГАПЗАН ВА БА САВОЛХОЯТ ПОСУХИ АНИКРО ГИР ТУ ХУДАТ ЯКТО КИТОБ НАВИС БАД ГАПЗАН ТУ БОВАРИ ДОРАМ КИ АФСОНАИ БУЗАКИ ЧИНГИЛАПОРО НАКЛКУН ГУЯМ ДУРУСТ НАКЛ КАРДА НАМЕТАВОНИ НАВИСТАН УСУ БЕСТАД ОХИР ТУ ДЕВИ КУ ХАХАХА ДЕВ ХАСТИ БА ТУ ГАП ЛОЗИМ НЕСТ ХАЙ ЯК ГУПТЕМ ДААААААААА

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)