Вохурии Ҷалолов бо муовини аввали вазири тиҷорат ва саноати Ҳиндустон
Мирзошариф Ҷалолов, сафири Тоҷикистон дар Ҳиндустон бо Раҷив Кҳер, муовини аввали вазири тиҷорат ва саноати ин кишвар мулоқот кардааст.
Ба иттилои торнамои расмии сафорати Тоҷикистон дар Ҳиндустон, ин вохурӣ рӯзи 23 феврал ар шаҳри Деҳлии Нав баргузор шудааст.
Дар ин мулоқот ҷонибҳо “масъалаҳои ҷорӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ҳиндустон дар бахшҳои тиҷорат ва саноатро баррасӣ карда, инчунин нисбат ба иҷрои бандҳои Протоколи ҷаласаи Комиссияи муштарак оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ мубодилаи афкор намудаанд.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |