“Силоҳкашӣ”-и Ат-Тоҷикӣ дар назди Кремли Маскав
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ акси Алан Чакранов, маъруф бо лақаби Абу-Муҳаммад Ат-Тоҷикӣ нашр шудааст, ки дар он Чакранов дар Майдони Сурхи Маскав дар назди Кремл бо таппонча инъикос ёфтааст.
Чакранов дар ин акс, ки тақрибан охирҳои соли 2012-ум гирифта шудааст, дар дасти рост таппонча гирифта, як ангушти дасти чапашро боло бардоштааст, ки аз тарафи исломиён ҳамчун рамзи Тавҳид қабул шудааст.
Расонаҳои Ғарб бо бознашри ин акс таъкид намудаанд, ки аксари тоҷикон ба ҷангҳои Сурия аз Русия ҷалб карда мешаванд.
Алан Чекранов, ки вақтҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо номи Абӯ Муҳаммад Ат-Тоҷикӣ, ҷангии Давлати Исломӣ дар Ироқ муаррифӣ шуд, ба иттилои дӯстонаш, аввалҳои моҳи равон дар пайи бомбпартоиҳои амрикоиҳо дар минтақаи Киркуки Ироқ ба ҳалоқат расидааст. Чакранови 22-сола, ки қаҳрамони секаратаи Тоҷикистон дар муҳорибаҳои бидуни қоида низ будааст, баъди хориҷшавияш аз Донишгоҳи славянӣ дар соли 2012-ум роҳи муҳоҷиратро пеш гирифта, аз он ҷо ба ҷангҳои Ироқу Сурия рафтааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |