Боздошти зане, ки дар фурӯхтани тифлаш ба маблағи 500 доллар муттаҳам мешавад
Мақомоти пулиси шаҳри Душанбе як сокини 31-солаи пойтахтро бо иттиҳоми фурӯши тифли навзод боздошт кардааст.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ин занро рӯзи душанбеи 23 феврал дар пайи як амалиёт дастгир кардаанд. Манбаъ, аз ӯ З.Ф ва сокини шаҳри Душанбе ном бурдааст: “Муайян карда шуд, ки боздоштшуда санаи 17 апрели соли 2014 дар яке аз таваллудхонаҳои Душанбе кӯдаки солим таваллуд карда, сипас тифли навзоди худро ба шаҳрванд У.Б. (соли таваллудаш 1970), сокини ноҳияи Ёвон ба маблағи 500 доллари ИМА фурӯхтааст”.
Бино ба иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, нисбати ин зан парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, ҳоло тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |