Бахшҳо

Зуҳуров: Бояд бештар аз ҳарвақта дар атрофи Президент бошем

Шукурҷон Зуҳуров, раиси палатаи поёнии парлумони феълии Тоҷикистон ва номзади Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ ба парлумони оянда аз ҳавзаи интихоботии Рашт, №12, дар мулоқот бо интихобкунандаҳо ҲХДТ-ро ягона нерӯи созанда дар кишвар ном бурдааст.

Зуҳуров зимни ин мулоқот, аз мардум даъват намудааст, дар интихоботи парлумонии якуми март ба тарафдории ӯ ва ҲХДТ овоз бидиҳанд. Шукурҷон Зуҳуров, ки то чанд рӯзи дигар раҳбарии палатаи поёнии парлумони Тоҷикистонро дар ихтиёр дорад, гуфтааст, “имрӯз танҳо ҲХДТ қодир аст, ки ободии Тоҷикистон, рӯзгори осудаи мардум ва сулҳу ваҳдати комилро дар саросари кишвар пурра таъмин намояд”.

Ба гуфтаи ӯ, ҲХДТ имрӯз ҳамчун ҳизби мардумӣ, ҳизби умеду ормонҳои халқи Тоҷикистон машҳур аст ва ба шарофати амалисозии барномаҳои гуногуну мақсад ва ҳадафҳои он дар ҷомеа ягонагӣ, оромиву осудагӣ ҳукмфармо гардидааст: “Боварӣ дорам, ки аксарияти кулли шумо дар бораи хизматҳои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси ҳизб, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ҷиҳати ба Ватан баргардонидани гурезаҳо аз кишварҳои гуногун, ҳам ҷиҳати рушду нумӯ бахшидани тамоми бахшҳои ҷомеа, бунёди роҳҳову пулҳо, иншооти гуногуни муҳим огоҳии комил доред. Бинобар ин, ман аз ҳар кадоми шумо, ҳамдиёрони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки дар интихоботи дарпешистода ба ҷонибдории Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон овоз диҳед”.

Ҷаноби Зуҳуров таъкид кардааст, ҳар нафаре ба ҷонибдории ҲХДТ дар рӯзи якуми марти соли равон овоз медиҳад, дар таҳким бахшидани сохти давлатдории тоҷикон, боло рафтани обрӯву нуфузи давлат дар арсаи байналмилалӣ, ҷиҳати беҳтар гардидани зиндагии мардум ва таъмини рӯзгори осудаи наслҳои ояндаи Тоҷикистон саҳм мегузорад: “Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ҳизби мардумӣ, ҳизби сулҳу ваҳдат, ҳизби ободиву шукуфоии диёр аст.”

Ӯ инчунин аз сокинони минтақаи Рашт хоҳиш кардааст, дар ин шабу рӯз бештар аз барномаву нақшаҳои Эмомалӣ Раҳмон дастгирӣ карда, дар гирди ӯ ҷамъ шаванд: "Имрӯз бояд аз ҳарвақта бештар дар атрофи Президентамон зичтар бошем, кору пайкор, саъю талош ва ниятҳои некашонро самимона дастгирӣ намоем".

Оқои Зуҳуров дар идома сокинони ин минтақаи кишварро аз вуҷуди афроди хатарнок ва ҷонибдори нооромии Тоҷикистон ҳушдор додааст: “Ҳоло низ бадхоҳони миллату давлати мо аз нияти амалӣ намудани ҳадафҳои шуми худ даст накашидаанд”.

Раиси феълии палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ба сокинони Рашт ваъда додааст, дар сурати пирӯзияш дар интихоботи парлумонӣ барои қабули қонунҳои муҳиму саривақтӣ, истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар, бахшҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илму маориф, фарҳанг, кишоварзӣ, саноату сохтмон ва масоили дигари байналмилалӣ талош хоҳад кард: "Ҳамчунин дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати ободии бештари минтақаҳои кӯҳӣ, аз ҷумла Раштонзамин, инчунин дастгирии маъюбон, бепарасторон ва дигар эҳтиёҷмандон, зиёд намудани квотаҳои президентӣ барои таҳсил дар донишгоҳҳои кишвар барои духтарон ва дигар масъалаҳои муҳим ҳамкориро идома хоҳам дод. Дар фаъолияти вакилиям Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистонро ба роҳбарӣ хоҳам гирифт".

Ӯ гуфтааст, дар сурати соҳиби курсӣ шуданаш дар парлумони Тоҷикистон барои 5 соли дигар, ӯ тариқи мушаххас дар самти таъмини волоияти қонун, нафақа, сиёсати андоз, сармоягузории хориҷӣ, истифодаи замин, муҳоҷирони меҳнатӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, бунёди корхонаҳои коркарди мева ва дигар навъҳои маҳсулоти кишоварзӣ, бунёди муассисаҳои нави соҳаи маорифу фарҳанг, тиб, варзиш, таъмиру бунёди роҳҳо талош хоҳад кард.
Мӯҳр
Сомонаи озодагон шархи манро барои чи чоп накардед ман шумора ба суд мекашонам боз хам мегуям аз номи чаноби Оли дар интихобот истифода набаранд ин хукуматдоран худи чаноби Оли гуфт аз номи ман аз кардахои ман суистифода накунед ман як Мухлиси ашадии чаноби олиям сомонаи озодагон инро бояд шумо огох намоед ба касоне ки аз номи фарзанди фарзонаи миллат истифода мекунад илтимос шархи маро чоп намоед манро бо худатон чангу суд кашак наандозед.!!!

мухочир
озодачони гаром дар бораи зуров ва хизбаш навиштамки дар 23сол чи кардед бо другмегуед чуба чоп накарди агар хнит ба кудрат омад хаматро мебандем ба хукумати мо буздил сомона лозимнест ШУМО ФРУХТАШУДАГИ

ном
Ба Точидин ва мухочири мухтарма Шумо мебахшен кори бошен надиден ки таи 23 сол чи шуд дигар хочат нест ки гап занем чун ки очиз будаед якум худи Шумо дар 23 сол чи кор карден шукри тенчи дигар чизе даркор нест Худоро шукрона хамеша рохбаронамон бошанд Барои Точикистони азиз сул субот хохонам

Мо бо шумоем Рохбари Давлат хонаободу сарбаланд боши.

кулоб муслим
786
салом озодагон, кам кам номард шидестай чи ба фикру назари мора чоп намекуни инвақто.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)