Бахшҳо

ВИДЕО: Кабирӣ дар шабакаи аввал: Ислом ҳеч рабте ба ифротгароию терроризм надорад

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) мегӯяд, онҳо тасмим доранд, баъд аз интихоботи парлумонӣ бо мақомоти давлатии кишвар барои муборизаи беамон алайҳи ифротгароӣ барномаи мушаххасеро муаррифӣ кунанд. Ин нуктаро раиси ҲНИТ шоми 24 ба 25 феврал тавассути Шабакаи аввали телевизиони давлатии Тоҷикистон баён дошт.

Ӯ гуфт, “ҲНИТ ният дорад, баъд аз интихобот барномаи мушаххасеро дар ҳамкорӣ бо аҳзоби сиёсӣ, ҳукумат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар муаррифӣ кунад, ки чигуна мо тавонем, на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар минтақа бо ифротгароӣ, аз ҷумла ифротгароии мазҳабӣ муборизаи беамон барем ва миллату кишварро аз ин вабои аср дар амон нигаҳ дорем”.

Ба гуфтаи раиси ҲНИТ, мубориза алайҳи ифротгароӣ танҳо кори як ҳизб ё ҳукумат набуда, бояд тамоми неруҳои сиёсию мақомоти давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ин масъаларо муҳим шуморида, барои муқобала бо он камар бубанданд: “Тавре дар вохуриҳо маълум шуд, ин масъала аксари онҳоро нигарон кардааст, вале мутаасифона баъзе аз онҳо бидуни огаҳӣ аз асли қазия дини Ислому мусалмонон ва аҳзоби сиёсии диниро гунаҳкор медонистанд. Вале на бояд фаромуш кард, ки читавре Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон борҳо аз минбарҳои дохилию байналмилалӣ таъкид кардааст, Ислом ҳеч рабте ба ифротгароию терроризм надорад ва террористҳо на Ватан доарнду на дин ва на миллат”.

Муҳиддин Кабирӣ дар идомаи суханронии пешазинтихоботии худ даъват кард, барои рушд ва пешрафти соҳаи маорифи Тоҷикистон аз таҷрибаи бойи Ҷопон истифода шавад. Ӯ гуфт, далели аслии пешравии имрӯзаи ин кишвар таваҷҷуҳи саривақтии масъулини он ба соҳаи маориф ва илм мебошад. “Ҷопон баъд аз ҷанги дуюми ҷаҳон тамоми грантҳои давлатҳои хориҷро ба соҳаи маориф ихтисос намуд. Ҳарчанд баъзеҳо гуфтанд, онҳоро бояд барои рушди иқтисод ва бозсозии корхонаҳо равона кард. Вале ҷопониҳо, ки имкониятҳои аввали кишвари худро баъд аз ҷанг на ба рушди иқтисоду ободии харобазорҳо, балки ба маориф сарф карданд ва баъд аз 5 сол соҳаи маорфи онҳо рушд карда, худи ҷопониҳо кадрҳое тарбия карданд, ки ба ҷаҳониён дарс мегӯянд”,- афзуд ӯ.


Мӯҳр
تاجیک
786
салом бар миллат ва огои Кабири, ахсан ва офарин. бояд ба бадттарин мушкили чомеахо яъне чахл ва бесаводи муборизаи шабонарузи бибарем хама бо хам. Аз илму савод кишвархо ва чахон дар ободони хаст ва хохад буд. Илм ва савод баракат дорад чахл ва бе саводи бе баракати ва хорию сарафкандаги меорад.

ШАХРВАНДИ ТОЧИКИСТОН
МУХТАРАМ АЪЗОЙОНИ ХНИТ, ИЛТИМОС,ШУМО ТИНЧ ШИНЕД, ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН БЕ ШУМОХАМ, ТИНЧИ ВА ПЕШРАВИ ХАСТ.

мхочир
ШАХРВАНДИ ТОЧИКИСТОН,
ба гуфтаи ту 2миллион мухочир ин тинчиай падарам дар шахти 35сол коркарда 180сомон нафакамегирад ин пешравихай хукумов 18000сомони нафака мегирад хамин тинчию пешрави аст?

ХНИТ ба пеш ба куллахои баланд.

масчох
хизби худо ояндаи дурахшон

Асалому алайкум бародарон инсон аз худо тарсаду конуни худоро поюмол накунад худо иззаташ медихад

Хукукшинос
Ба ХНИ овоз медихем хамакаса!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)