Бахшҳо

Барфрезии шадид баҳси шаҳрдорию ТВТ-ро боз "гарм" кард

Раёсатҳои истифодабарии роҳҳои навоҳии Душанбе (РИР) таҳия ва пахши барномаи ахири “Ахбор”-и Шабакаи аввали телевизиони давлатии Тоҷикистон дар бораи вазъи роҳҳои пойтахтро ғайримунсифона хонда, аз ин ниҳод хостааст, ба чунин барномаҳои худ хотима бахшад.

Ба иттилои дафтари матбуотии шаҳрдории Душанбе, Раёсати истифодабарии роҳҳои пойтахт гуфтааст, ситодҳои доимоамалкунандаи шаҳрию ноҳиявӣ аз боду ҳавои охир ва резиши барф қаблан огоҳӣ дошта, дар ҳолати омодабош буданд. “Боридани барф соати 6:00-и субҳ оғоз гардида, дар тамоми ноҳияҳо техникаҳо ва кормандон барои пошидани маводи инертӣ дар роҳҳо сафарбар шуданд, ки то соати 12:00 аз ҷониби раёсат 1745 тонна маводи мазкур дар роҳҳо пошида шуданд”, - афзудааст манбаъ.

Ба қавли масъулини ин раёсати шаҳри Душанбе, гузоришгарони Шабакаи аввали телевизиони давлатии Тоҷикистон ва “иҷрокунандаи ҳадафҳои нопок ин фаъолиятро нодида гирифта, барои таҳрифи воқеият мусоҳибаҳои пурғараз омода карданд, ки ин масъаларо ба имону виҷдони онҳо ва фаромоишгаронашон ҳавола месозем”.

РИР дар хитоб ба гузоришгарони Шабакаи аввали телевизиони давлатии Тоҷикистон таъкид кардааст, онҳо дар ҳоле аз тоза нашудани барф дар кӯчаву хиёбонҳои пойтахт нигаронӣ кардаанд, ки тибқи меъёрҳои роҳсозӣ роҳҳо танҳо баъд аз 10 см шудани баландии барф тоза мешаванд: “Новобаста аз ин ва таъкидҳои пурғараз маълуматон медорем, ки оид ба нигаҳдорӣ ва таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт дар роҳҳо барои бартарафсозии оқибати бориши барфи пуршиддат дар ноҳияҳои Сино 48 адад, Шоҳмансур 34 адад, Фирдавсӣ 30 адад ва И.Сомонӣ 24 адад техникаю механизмҳо ва 2447 кормандони РИР сафарбар гардида, тибқи меъёрҳо ҳолати зарурии роҳҳои зертавозунро таъмин намуданд”.

Раёсат аз Шабакаи аввал инчунин хостааст, заҳматҳои кормандони ин ниҳодро нодида нагирад ва шаъну шарафи онҳоро паст назанад.
Мӯҳр
sokini Poitakht
Мардум чихо мегуед, чизе ки аён аст хочат ба баёну худсафедкуни несттттт. Сокинони пойтахт худ бо азобу машаккат ба кору дарс рафтанд, инро мардум худаш медонад. Сафсата нагуед дафтари матбуотии шаҳрдории Душанбе....

Рахмат ба шабакаи 1, ки дар кадом холат шахри мо хамон руз буд, боз як бор огох кардед. о як хел сардори нохия то хол намедонад ки гипрозем кучосту, нохияи Варзоб кучост. Рахмати бе поен! Аслан чои пушида хам нест, кор кардан даркор, ба хотири пойтахт.

Душанбе
Э дустон худ казоват кунед агар Рир дуруг бошад навору суханронихои сокинон хам дуруг аст. То кай мушкилоти сокинонро нодида мегирем.

Асадулло
Ин кормандони рохтозакуниро ки дида бошад? шахсан ман хамчун шахрванди пойтах надидам ва ТВТ Шабакаи 1 рост гуфтан ки БЕМАСЪУЛЕНД кормандони РИРоххои шахри Душанбе

хама даст ба вичдон монад ва бигуяд, ки суханашон дар хона чи кадар кадр дорад? Мутмаинам, ки шахрдори бо тамоми хастияш хизмат мекунад. Касам ба номи Аллох, ки худ шохидам Раиси шахри Душанбе пеш аз соати 7-и субх ба минтакахои шахр чарх мезанад. Он чи ки ба чашм дидаам. Аз хонаат соати 7- и субх барои шиками худат берун намебарои, аммо Раиси шахр барои сокинони шахр мебарояд. Аллох боз хам неруи хайр насибаш гардонад.

Савол ба шахрдори? Лутфан бигуед, ки барои буридани дарахтхо чанд арраи барки захира кардаед?

Шахр
Хамин масалаъ ба офарин ТВТ, то соати 9:00, худам аз назди идораи хукумат гузаштам, хатто кучаи маркази норуфта буд. Мошинхо болои хамдигар барфи нимобшударо пошида мегаштанд.

Ман бояд икрор кунам, ки баъди дидани гузоришхои пайдархами шабакаи аввал, ки доир ба бемасъулиятии кормандони РИР-и навохихои шахри Душанбе, ки дируз пахш шуданд, ба касби пурмасъули журналисти нафратам пайдо шуд.Хечгох тасаввур намекардам, ки фаъолияти РИР-ро дар шахри Душанбе касе нодида гират. Аммо инро дар вокеъ дидам ва боз аз чониби хампешагони худ. Дидаму гуфтам: "Курдилон аз курдили куранду нобино якин, Ман барои бинои хар нобино гам мехурам" Дар вокеъ имруз масъулони ин шабакаи иттилооти аз рашк захмати дигаронро намебинанд. Имруз калам дар дасти ман хун мегиряд. Ба хотири оне, ки чанд тане худро ЖУРНАЛИСТ ном карда аз минбари баланди сухан бо киноя суханбозихо мекунанд.Азизони ман! 8-сол боз ман дар Душанбе ба сар мебарам. Замоне дар ин сохтор хамчун корманди оди фаъолият мекардам. Ман имруз медонам, ки холи як кормани РИР дар шахри Душабе но вобаста аз мавкеъашон чун аст. Дагал хам шавад баъзе хамон зебосанамхое, ки дар ин шабака баромада мисли тути суханпардози мекунанд, даромадгохи хонаи худро чоруб намезананд, аз барф тоза намекунанд. Тасаввур кунед, ки 90 5 кормандони ин сохтор занон хастанд. Онхо шаб соати 3 баромада кучахоро аз партову хазон, барф

исмат
дафтари матбуотии шаҳрдории Душанбе....дар гапхои руирост ва хакикат кахратон наояд хамаи намоишохи шабакаи аввал дуруст аст, вакти он омадааст ки мо кабудихоямона руирост кап занем баъд пешрави дида мешавад..солхои охир тамоман корхоии шахрдори бахогузори кунем бахои 2 -монда мешавад,,,,дигар аз кори хонасози бе маъни дигар кор надоранд

Бародархо чи вокуниш нишон медихед хама медонад ки тамоми техникахои нигохдории роххои Душанбе аз замони Шурави мебошад наход дар замоне,ки тамоми кор бо тачхизотхои хозиразамон бо суръати баланд ба пеш рафта истодаасту Шумо бошед холо хам бо кувваи дасти коргарон кум мепошен.Мардум ба Шумо бовар карда андоз месупорад Шумо бошед маблагхоро ночо сарф менамоед мисол Бозори замонави,ки сохтед барои ки даркор буд барои халк бошад даркор умуман нест метавонистед ба сохибкорхо медодед сохта нигохубин менамуданд монанди бозори Султони Кабир ё ин, ки Аквапарк чи даркор сохибкорхо месохтанд,парки болои Хисорак рафта бинед давлати ки хаст касе парво надорад Ана кучо рафт маблагхо бо ин маблагхо тамоми намуди техникаю тачхизотхои нигохдори роххо,трамвайю харидори карда мешуд Шумо парвои мардуми шахр надоред хамаи хешу таборхоятон бо мошинхои худ гашту гузор менамоянд рахмат ба ТВТ агар дах сол пеш хамин хел мавриди танкид мегирифтед холо хаммаи шахри азизамон аз проблемахои дар боло зикргардида мебаромад.

imron,
аз руи касамхуриат маълум аст, бисьер вичдони нест дар чахон доре.

Пойтах
То ба кай занхои точик, модарони мо дар даст чоруб аз соати 5 субх хеста роххоро тоза мекунанд, бас будагист, мо бо Шумоён дар асри 21 зиндагони мекунем, хар як техника пайдо шудааст,ки онхоро робот идора мекунад. Аз соли истиклолият то ба хамин руза идораи Раёсатҳои истифодабарии роҳҳо ва коммуналии ш. Душанбе то хануз ба асри 21 ворид нагаштаанд, хамон давраи бобигида омухта шудаанд.

Тасаввур кунед, ки 90% кормандони ин сохтор занон хастанд. Он бечорахо шаб соати 3 баромада кучаву хиёбонхоро аз партов, хазон, барф тоза мекунанд. Дар соате, ки хамин масъулони шабакаи аввал хануз дар хоби нозанд. Ман аз рохбари аввали кумитаи тилевизион то камтарин журналисти шабакаи аввал мепурсам, ки оё боре дар бораи як зани кучаруб ягон гузориш, лавхаи телевизиони, очерки телевизиони омода кардаанд? Имондорона мегуям, ки на. Чунин намоишхоро дар ТВ- Сафина дида будам, аммо дар ин шабака не. Ман дар вокеъ дилам ба соат-вактхои ин шабака месузад. Сар аз барномахои сугохиашон то субхи дигар дар мачмуъ 24 соат намоиши дидание надоранд. Ба истиснои чанд сухбате. Онхо низ бошад хох аз Абдугафор Камоланд ва ё Хафиз Рахмониву Сайрам Бакозода ё чанд нафаре, ки медонанд маърифати журналисти чи аст. Ман хохиш мекардам, ки телевизионро, аз хама мухимтар журналистикаро воситаи нишон додани хусумати шахси нагардонед. Чомеа чунин тарххоро дида чи назар дар нисбати журналистика, дар нисбати телевизион, дар нисбати рохбарияти он мебароранд, боре андешидаед? Ман имондорона мегуям, ки агар чойи хамон занони рохруб модару хохари ману шумо ва ё чойи масъулони РИР ману шумо бошем, ва ё рохбарияти шабакаи аввал ё хамон журналистони беандеша бошем, хар нафас дар нисбати шахсе, ки аз минбари баланд моро носазоигуихо мекунад нафрат мекунем. Хайфам меояд ба шумо барин журналистхо Садкаи хамин касб, ноне, ки аз хисоби ин касб мехуред, шавед. Курдиливу курчашми накунед, вагар на Худо мебинад.

салим
чанги твт бо Раиси шахри Душанбе мисли обтоб маълум аст

бачахо як гап мегум, лекин Озодагон, мардакбарин чопуш ку! Ин гурухи 24, Атовулло, Нахзат и хели ки чан солбоз зур мезанан барои расколи хукумат мувафак нашуд, ки Асадулло тонист.....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)