Хабари боздошти тоҷики 19-сола дар Амрико барои узвият дар “Давлати Исломӣ”
Мақомоти Амрико як шаҳрванди Тоҷикистон ва ду зодаи Узбакистонро дар узвият ва пуштибонӣ аз “Давлати Исломӣ” муттаҳам мекунанд.
Тавре расонаҳои маъруфи Ғарб иттилоъ медиҳанд, Аҳрор Саидаҳмадов, шаҳрванди 19-солаи Тоҷикистон ва Абдурасул Ҷурабоев, шаҳрванди 24-солаи Узбакистон азм доштаанд, ба Туркия ва аз он ҷо ба Сурия барои ҷанг ба тарафдории Давлати Исломӣ раванд. Онҳо инчунин дар қасди амалҳои террористӣ дар қаламрави Амрико айбдор мешаванд. Боздоштшудаи сеюм, Аброр Ҳабибов, шаҳрванди 30-солаи Узбакистон дар он айбдор мешавад, ки узвияти Аҳрор Саидаҳмадовро дар Давлати Исломӣ сармоягузорӣ мекардааст. Аммо бархе расонаҳо Саидаҳмадовро на шаҳрванди Тоҷикистон, балки шаҳрванди Қирғизистон ва ё Қазоқистон муарифӣ кардаанд.
Ба иттилои манбаъ ҳамаи онҳо дар мавзеи Бруклини Ню -Йорк зиндагӣ мекардаанд, аммо дар минтақаҳои гуногун бооздошт шудаанд: “Якеро дар фурудгоҳи Ню-Йорк, ҳагоми савор шудан ба тайёраи самти Туркия, дигареро дар Флорида ва сеюмиро дар Бруклин боздошт намудаанд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |