Бахшҳо

Раиси Бадахшон прокурори нави вилоятро муаррифӣ кард

Шодихон Ҷамшед, раиси вилояти Бадахшон зимни ҷаласа дар шаҳри Хоруғ прокурори нави ин вилоятро муаррифӣ намудааст.

Тибқи иттилои расонаи маҳаллии “Импулс” Шодихон Ҷамшед изҳор доштааст, ки бо фармони Додситони кулли Тоҷикистон, прокурори ВМКБ Наботов Мироҷиддин Ғиёсович таъин гардид.

Ӯ дар ин вазифа Арбобзода Мухамаадхуҷаро иваз намуд, ки дар пайи дастури раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои амният бо фармони Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмонов аз вазифа барканор шуд: “Шодихон Чамшед ба Арбобзода Мухамадхҷа, ки таи чанд сол дар ин вазифаи пурмасъулият фаъолият дошт, изҳори миннатдорӣ намуда, барои минбаъд ҳам хизмат намудан дар мақомоти прократура ва таъмини иҷро ва назорат аз болои қонунҳои амалкунанда ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон комёбиҳо таманно намуд”.

Манбаъ мегӯяд, дар маросими муаррифии прокурори нави Бадахшон муовини Прокурои генералӣ, Кишварзода Абдурашид Гуламадшо низ иштирок доштааст ва зимни шиносоии Наботов Мироҷиддин Ғиёсович изҳор доштааст, ки “соли таваллудаш 1963, хатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буда, фаъолияти меҳнатиашро соли 1990 ба сифати коромӯз- ёрдамчии прокурори ноҳияи марказии шаҳри Душанбе оғоз намудааст. Баъдан вазифаи ёрдамчӣ, ёрдамчии калони ин прокуратура, прокурори прокуратураи шаҳри Душанбе, ёрдамчии прокурор ва муовини прокурори ҳарбии ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе, корманди шубъаи мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ, прокурори гарнизонҳои ҳарбии Суғд ва Кӯлоб, прокурори шаҳри Хоруғ ва то ба вазифаи прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин шуданаш, вазифаи прокурори Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ӯхда доштааст”.
Мӯҳр
Мухтарам Мироҷиддин Ғиёсович! Барои Шумо саломатии бардавом, неруву тавони тоза, азму иродаи матин, рӯҳи болида, умри дарози бобаракат, сарбаландию сарфарозӣ пирузиҳои ҷадид, дар минбаъда фаъолиятатон орзумандам. Умедворем, ки кормандони прокуратура, ки бештар чавонон ташкил медиханд, ба рохи рост идоят менамоед.

Меърочиддин Гиёсович! Аввалан табрикоти моро кабул намо. Баъдан таманнои онро дорам,ки дар ин вазифа тарзе кор намои, ки мардуми Бадахшонзамин офаринат гуянд. Обруи сохторхои давлатиро бо хифзи рости ва хакикат боло бари ва сихату саломакт ба Душанбе бозгарди!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)