Бахшҳо

(АКСУ ВИДЕО) Шодӣ Шабдолов: Дар интихоботи шаффоф ҳеч ҳизбе 90% овоз намегирад

Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунистии Тоҷикистон мегӯяд, дар ҳеч интихоботи озод ва шаффоф ҳизбе ба дарёфти 90 дарсади раъйи мардум муваффақ намешавад.

Оқои Шабдолов, ки дар ҳавзаи №48-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе пойи сандуқи райъ омад, дар суҳбат ба ozodagon.tj гуфт, танҳо дар сурати тақаллуб як ҳизб метавонад овозҳои зиёдеро соҳиб гардад: “Ягон ҳизб 90 ё 80 дарсад овоз гирифта наметавонад, фақат бо роҳи тақаллуб чунин чиз имконпазир аст. Ҳизбҳои сиёсӣ мутаносибан бо он пешниҳодҳое, ки дар барномаи пешазинтихоботиашон дарҷ гардидааст, интихоб мешаванд ва ҳизби мо ҳам интихоб хоҳад шуд”.



Ӯ изҳори умед кард, дар парлумони оянда фраксияҳои гуногун ба миён меоянд ва он танҳо аз як фраксияи ҲХДТ иборат нахоҳад буд: “Фраксияҳо ҳеч гоҳ душмани давлат нестанд. Инҳо бар зидди Қонуни асосӣ кор карда наметавонанд ва ҳақ ҳам надоранд. Чунки барҳам медиҳанд. Инҳо дар ҳамкорӣ лоиҳаи қонунҳое, ки пешниҳод мешавад, дурустар муҳокима мекунанд. Ягон мушкиле дар Тоҷикистон нест, ки ҳалнашаванда бошад. Ҳамаи мушкилот ҳалшаванда аст. Фақат як чиз ҳаст, ки натиҷаи интихобот бояд фазои сулҳу салоҳро дар Тоҷикистон фароҳам биёварад, ки мамлакати ҷангзадаи мо аз ин бало халос шавад ва ин фазои сулҳу салоҳ на фақат таъсираш ба ҷамъияти мо мусбат тамом хоҳад шуд”.

Бар пояи иттилои расмӣ Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар интихоботи парлумонии соли 2010, 7,06 дарсади раъйи мардумро соҳиб шуд ва ду намояндааш ба Маҷлиси намояндагон роҳ ёфт.


(АКСУ ВИДЕО) Шодӣ Шабдолов: Дар интихоботи шаффоф ҳеч ҳизбе 90% овоз намегирад

(АКСУ ВИДЕО) Шодӣ Шабдолов: Дар интихоботи шаффоф ҳеч ҳизбе 90% овоз намегирад

(АКСУ ВИДЕО) Шодӣ Шабдолов: Дар интихоботи шаффоф ҳеч ҳизбе 90% овоз намегирад

(АКСУ ВИДЕО) Шодӣ Шабдолов: Дар интихоботи шаффоф ҳеч ҳизбе 90% овоз намегирад

(АКСУ ВИДЕО) Шодӣ Шабдолов: Дар интихоботи шаффоф ҳеч ҳизбе 90% овоз намегирад
Мӯҳр
Ассалому алайкум акаи Шабдолов! Як савол аз шумо. Чаро шумо мисли асосгузорону дохиёнихизби комунисти ришдор нестед???

мухлис
Намешуд ҳамун кулоҳатон бигиред, аксо ба безеб омадид

МАЪРУФ
ДАР ЗАМОНИ ШУРАВИ 99,9 ФОИЗА ФАРОМУШ КАРДЕТ МИ

Бугдиев
Войи холи ману вои холи Шабдолов

Пас аз мутолиаи як теъдод тавзихоти муштарихои ин матлаб ба хулосаи зайл омадам: Ин нафарот аз беиттилои аз торихи на чандон гузаштаи хеш аз худ бефарханги, бесаводи ва бемаърифати захир намуданд. Бо тахкири Ш.Шабдолов ин нафархо падари худ, бобои худ ва наслхои гузаштаро тахкир намуданд, ки аксар КОММУНИСТ буданд. Он насл зери парчами партияи коммунистхо Точикистони набударо бавучуд овард ва ба шакли гулгулшукофои оварданд. Магар В.И.Ленин ва И.В.Сталин набуданд, ки соли 1924 аввал Точикистонро ба унвони чумхурии худмухтор ва баъдан соли 1929 ба номи чумхурии мустакил эълом намуданд? Ох ох аз дасти саррофони гавхарношинос, хар замон хармухраро бо дурр баробар мекнанд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)