Бахшҳо

Суҳбати Раҳимзода: Аз интиқоди намозгузорӣ дар кӯчаҳо то иғво дар интернет

Полковник Қудратулло Ғуломов, мушовири калони Дастгоҳи Вазири умури дохилии Тоҷикистон бо нашри як матлаб муҳтавои мулоқотҳои вазир Рамазон Раҳимзодаро бо ҷавонон дар моҳи феврал баён доштааст.

Тибқи иттилои Ғуломов, вазири умури дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар суҳбат бо ҷавонон таъкид намудаст, ки гуруҳҳои алоҳида асосан тариқи шабакаҳои интернетӣ иттилооти гуногунмазмунро нашр мекунанд, ки ҳадафи бисёри ин иттилоот ноором сохтани ҷомеа мебошад: “Ин гуруҳҳо инчунин миёни ҷавонон низ кор мекунанд ва нафаронеро, ки дониши суст ва таҷрибаи ночизи зиндагӣ доранд, ба ақидаи худ барои амалӣ намудани мақсадҳои ғаразнокашон ҷалб менамоянд. Ҷавонони ҷалбшударо маблағгузорӣ менамоянд, онҳоро барои таҳсил ба мактабҳои ғайрирасмии исломӣ ба хориҷа мефиристанд ва дигар роҳҳоро истифода мебаранд. Натиҷаи ҳамин аст, ки беш аз 200 нафар ҷавонони гумроҳ, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Федаратсияи Россия қарор доштанд, барои иштирок дар ҷангҳои Сурия ҷалб гардидаанд”

Генерал Раҳимзода таҷрибаи талхи солҳои 90-умро мисол овардааст, ки баъзе гурӯҳҳо мардумро ба равияҳо ва ҷараёнҳои гуногуни динӣ ва мусулмону ғайримусулмон ҷудо намуданд, ки оқибат ба ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон оварда расонид.

Ба навиштаи Ғуломов ба ҷавонон шарҳ дода шуд, ки тинҷии даврони Шӯравӣ бо он асос меёфт, ки ҳама мардуми мусулмони тоҷик аз мазҳаби ҳанафия тибқи равияи Имоми Аъзам намозгузорӣ менамуданд ва ҷашну маъракаҳоро тибқи ҳамин равия иҷро мекарданд: “Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ, ки дар Тоҷикистон пояҳои ҳукмронӣ суст гардид, хадамотҳои ҷосусии хориҷӣ барои амалӣ намудани нақшаҳои ғаразноки хеш фаъол шуданд. Онҳо мардуми шарифи Тоҷикистон, алалхусус ҷавононро гумроҳ намуда ба равияҳои ифротгароёнаи тундрави «Ваҳобия», «Салафия», «Ҳизб-ут-таҳрир», Ҳизби Исломии Ӯзбекистон, «Ансоруллоҳ», «Ун-насра» ва ғайра ҷалб карданд ва то ҳол ин корро давом дода истодаанд”.

Раҳимзода Афғонистони ҳамсоя, Сурияву Ироқ ва Украинаро ном бурдааст, ки гуруҳҳои тундрав тавонистанд онҳоро ба оташи ҷанг кашанд. Ӯ инчунин бо зикри ҷанги бародаркуши тоҷикон Тоҷикистонро ягона давлате арзёбӣ кардааст, ки аз муноқишаҳои дохилӣ ва буҳрони сиёсӣ тез раҳоӣ ёфтааст: “Ин ҳам бошад таҳти роҳбарии оқилонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки инро касе инкор карда наметавонад, ҳол он, ки ҳастанд гурӯҳҳо ва шахсони алоҳидае, ки ин ҳолатро дигар хел маънидод карданӣ мешаванд”.

Вазири умури дохилӣ бесавод мондани ҷавонони тоҷикро тайи 10-солаи ҷанги дохилӣ зикр намуда, афзудааст, ки гуруҳҳои тундхоҳ аз ин хуб сӯиистифода мекунанд: “Ҷавононро ба мактабҳои ғайрирасмии динии мамлакатҳои хориҷӣ ҷалб карданд, ки онҳо аз илму дониши замонавӣ барканор монда, танҳо ба омӯхтани яроқу силоҳи ҷангӣ машғул шуда, каме аз сураю оятҳои Қуръони маҷид дарс дода мешуданду халос”.

Вазир гуфтааст, афроде, ки дар чунин мактабҳо таҳсил кардаанд, шуурашон тағйир ёфтааст ва 200 донишомӯзи тоҷикро мисол овард, ки аз Миср ба Ватан баргардонда шуданд: “Бинобар дигар шудани мафкура ва фурӯхта шудани онҳо ба хориҷиён баъзеи онҳо боз ба дигар давлатҳо баргашта дар мактабҳои ғайрирасмии диннӣ боз омӯзиши ифротгароёнаро давом доданд”.

Генерал Раҳимзода бо такя ба натиҷаҳои пурсиши сотсиологӣ изҳор доштааст, ки аксари муҳассилини таълимгоҳҳои динии кишварҳои хориҷӣ ният доранд, баъди баргаштан дар Ватан мулло шаванд: “Ҳол он, ки дар ҳаёт ҳар як шахс зиндагиашро на бо роҳи муллогӣ, балки бо роҳи касбомӯзӣ ва меҳнат кардан меёбад”.

Вазири умури дохилии Тоҷикистон инчунин аз намозгузориҳо дар кӯчаю хиёбонҳои кишвар интиқод намуда, мушоҳидааш аз бархе кишварҳои исломиро баён доштааст, ки аксари мардум намозро дар масҷид ё хонаашон мехонанд: “Ҳол он, ки дар шаҳрҳои мо баъзе нафарон дидаю дониста барои худнамоӣ берун аз масҷид, дар қади роҳи одамгузар ва мошингузар ба намозгузорӣ машғул мешаванд ё ҳатман бо автомашина ба масҷид рафта, бо ин кирдори хеш тартиботи ҷамъиятӣ ва одоби шаҳрвандиро халалдор месозанд”.
Мӯҳр
Сухроб
Чавонони Точикистон! Каллаи худро кор фармуда хубу бадро фарк кунед. Натарсед агар фикри шумо аз омма фарк кунад.Одамони бузург хеч гох монанди омма фикр намекарданд. Хамавакт кушиш кунед, ки ШАХСИЯТ бошед.

шахрванд
Гапи рост гуфтед вазир.

карим
Мухтарам вазир хамун порахурхои сохатона лачомашона камтар кашед, руз надорем аз дасти бдаву милисаи шумо.

Мухтарам Вазир,
илтимос камтар ба порахурон порагирон акнун сару кор кунед! илтимос, ба хотири халки Точикистон! саломат бошед!

Муслим
Мухтарам вазир!шумо хам сиемати дин ва муносибат ба мусулмонхову динро нагз ба рох монед ва болои диндорхо баьзе кормандони кудрати фишор наоранд.зулму фишор окибати хуб надорад точикистон 98 фисад мусулмон аст Шумо вазири мусулмонхо хастед мансабу зиндагиятон бо мардуми мусулмон зеб дорад.хафа нашавед ин фикри аксари мардум аст сиесати дини хуб карда шавад ин мушкилот бартараф мешавад мо хам чонибдори сулху вахдати кишварем. Ташаккур

Гапатон дуруст мухтарам вазир. Пас набошад, барои мазхаби ханафиро таълим додан дар точикистони худамон мадрасахо ташкил кунед ё оиди шинохти мазхабамон дар мактабхои миёна соат чудо кунед, то чавонон бесаводи дини намонанду ба дигар чараёнхо нагараванд. Ин хел намешавад на ину на он.

Адолат хох
Шумо аввал дар Точикистон зиндаги сазоворро тамин кунед бад чавонони моро ба ифродгари мутахам кунед
Чавонони моро факр мачбур кардаст то бо грухои ифротгарои шомил шаванд ДАР УРФИЯТ ГУЯНД АГАР ФАКР АЗ ДАР ДАРОЯД ЭМОН АЗ ПАНЧАРА ФАРОР МЕКУНАД
ШУМО ЗАМИНАИ ИФРОТГАРИРО БА ЧАВОНО ФАРОХАМ МЕОРЕД гурусна бошер чангидааст

Фасодбин
"Ҳол он, ки дар шаҳрҳои мо баъзе нафарон дидаю дониста барои худнамоӣ берун аз масҷид, дар қади роҳи одамгузар ва мошингузар ба намозгузорӣ машғул мешаванд" - ин холат факат дар рузи намози Чумъа бо сабаби чой нашудан дар масчид рух медихад ва ин камбудии хукумат аст на мардуми бечора. Хукумат барои масчид замин чудо кунад вале инхо бошанд ба махкамкунии масчидхо овораанд.

Мухтарам Вазири ВКД ва мушовири калони вазири ВКД о аввал тахлил кунед, исбот созед ва баъд дарачаи хавфноки ё зиддихукукии амали кардаи чавонону намозгузоронро бахо дихед!
Шумо мегуед, ки "тинҷии даврони Шӯравӣ бо он асос меёфт, ки ҳама мардуми мусулмони тоҷик аз мазҳаби ҳанафия тибқи равияи Имоми Аъзам намозгузорӣ менамуданд ва ҷашну маъракаҳоро иҷро мекарданд". Бо шуниди шахсан ман замони Шурави рузаи мардуми точикро дар синф муаллимони коммунист бо об мачбуран мехурониданд, намозгузору олими диниро хабс ё бадарга мекарданд ва хатто чанозаи мардумро аз тарси хукумат аз тирезаи хона пинхони мебароварданд. Ачиб суханони хандаовар!!!!!

рауф
Хайфи чанд дакика фикрониам чоп ки намекуни чи озодагон ном мондаи гуломи халка баргуш хасти хайфи суми интер барои хондани ту дигар аслан намедром

Чавононро бо кор ва маоши хуб таъмин кардан лозим, ки ба хорич барои кутти лоямут нараванд ва ин гуна ифротгарои намешавад. Дар ватан ба чавонон кор нест дар хорича бошад ба пастию тахкир рубару ки мешавад ана баъд мисли Умедчон Солихов ки чон ба лаб расид хамин гуна рафтор мекунанд.

Вазирда гап нест Рохбари Давлат бехтаринша интихоб кардааст.

таърих баъд нишон медихад ки чи хел кор мекард.

манам ман
Дур нарав гургат мехурад, наздик наё дидаат наметонам

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)