Бахшҳо

Моддаи 36-и лоиҳаи Қонуни нав: “Облава” қонунӣ мешавад...

Ташкилотҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ва Иттиҳоди давлатҳои мустақил бо пахши як изҳороти муштарак таъкид мекунанд, ки қабули лоиҳаи қонуни нави Тоҷикистон дар бораи хидмати ҳарбӣ метавонад, “облава”-ро қонунӣ гардонад.

Тибқи иттилои ҳомиёни ҳуқуқ дар лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи ӯҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», ки феълан аз ҷониби Комиссияи ҳукуматӣ дар сомонаи Вазорати адлия нашр шудааст, қисми 5-и моддаи 36 баҳсбарангез аст. Ҳомиёни ҳуқуқ муътақиданд, ки қабули ин лоиҳаи қонун “облава”-ро қонунӣ мегардонад: “Дар қисми 5-и моддаи 36 лоиҳаи қонун дарҷ гардидааст: «Дар ҳолати рад кардани гирифтани огоҳномаи даъват аз ҷониби даъватшаванда, падар ё модар, аъзои ба балоғатрасидаи оила ва/ё бе сабабҳои ҷиддӣ дар мӯҳлати муқарраргардида ҳозир нашудани даъватшаванда ба маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ, таъмини ҳозиркунии ӯ ба зиммаи мақомотҳои корҳои дохилӣ дар асоси муроҷиати хаттии комиссариати ҳарбӣ гузошта мешавад».

Ба иддаои ташкилотҳои ҳифзи ҳуқуқ муқаррароти мазкур ду лаҳзаи ниҳоят муҳимро фаро мегирад: “Якум, гузоштани ӯҳдадории қабули огоҳномаи даъват ба аъзоёни оилаи даъватшаванда. Муқаррароти мазкур бо қисми 2 моддаи 36 лоиҳаи қонун дар ихтилоф аст, ки дар он дарҷ шудааст, ки шаҳрвандони воҷиби даъват ба хизмати ҳарбӣ ӯҳдадор мешаванд, ки огоҳномаи комиссариати ҳарбиро бо гузоштани имзои шахсӣ қабул кунанд. Дуюм, аъзоёни оила барои кирдорҳои аъзои ба балоғатрасидаи оила масъулият намебаранд. Огоҳнома барои гузаштани чорабиниҳои даъват на барои аъзоёни оила, балки бевосита даъватнома барои даъватшаванда аст. Радкунии қабули огоҳномаи даъват аз ҷониби аъзоёни оила ҳуқуқи онҳост ва наметавонад барои пайдо шудани ҷавобгарии маъмурӣ ё ҷиноии даъватшаванда асос гардад”.

Ҳомиёни ҳуқуқ нуктаи дуюми муҳими лоиҳаи қонунро дар он арзёбӣ мекунанд, ки таъмини ҳозиршавии даъватшаванда ба зиммаи мақомотҳои корҳои дохилӣ гузошта шудааст: “Таъмини ҳозиршавии даъватшаванда аз ҷониби мақомотҳои корҳои дохилӣ маҳдудкунии озодии шаҳрванд мебошад. Маҳдудкунии ҳуқуқи озодӣ бояд танҳо дар сурати мавҷуд будани асосҳои қонунии кофӣ, ки шаҳрванд ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё ҷиноят содир кардааст, амалӣ карда шавад. Бе сабабҳои ҷиддӣ ҳозир нашудани шаҳрванд барои гузаштани комиссияи даъват ва шаҳодатдиҳӣ тибқи қонунгузории Тоҷикистон ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ маҳсуб намешавад. Бармеояд, ки шахсони мансабдори мақомотҳои корҳои дохилӣ барои маҷбуран овардани шаҳрванд ба комиссариатҳои ҳарбӣ барои таъмини қарзи ҳарбии шаҳрвандӣ ҳуқуқ надоранд”.

Ташкилотҳои ҳифзи ҳуқуқ дар идома зикр намудаанд, ки Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои саркашӣ аз даъвати навбатӣ ба хизмати ҳарбӣ ҷавобгарии ҷиноиро пешбинӣ кардааст: “Тибқи ташреҳи Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти саркашӣ он ҳолат фаҳмида мешавад, ки шаҳраванд пас аз гирифтани огоҳномаи даъват дар мӯҳлати муқарраргардида ба маъракаи даъват бе сабабҳои ҷиддӣ ҳозир нашудааст. Омили асоси ҳангоми ҳолати мазкур огоҳномаи даъвати аз ҷониби даъватшаванда гирифташуда хоҳад буд. Боздошт ҳангоми дастрас нагардидани огоҳномаи даъват ба даъватшаванда ғайриқонунӣ ҳисоб мешавад”.

Бо зикри ин омилҳо ташкилотҳои ҳифзи ҳуқуқ ба Комиссияи ҳукуматӣ оиди омодакунии лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи ӯҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» пешниҳод кардаанд, ки қисми 5 моддаи 36 лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи ӯҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» тағйир дода, меъёри вобаста ба масъулияти волидайн ва хешовандони даъватшавандагон барои радкунии гирифтани огоҳномаи даъват соқит карда шавад: “Инчунин ваколатҳои мақомотҳои корҳои дохилӣ дар таъмини ҳозиршавии даъватшаванда соқит карда шуда, меъёр дар таҳрири зерин қабул карда шавад: Дар ҳолати бе сабабҳои ҷиддӣ дар мӯҳлати муқарраргардида ҳозир нашудани даъватшаванда ба маъракаҳои даъват ба хизмати ҳарбӣ, шахси даъватшуда тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад”.

Дар зери ин изҳорот ТҶ “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” Иттифоқи волидайни сарбозони вилояти Суғд ва созмонҳои дигари Русия, Озарбойҷон, Молдова, Қирғизистон, Қазоқистон, Украина ва дигар кишварҳо имзо гузоштаанд.
Мӯҳр
ин конуни нав нест, инро акнун конуни мекунед ва ин конун танхо ба фарзандони халки камбагал аст , ба фарзандони пулдор дахл надорад,

АНААКНУН КОНУНХОЕ,КИ ДАР ОН МАНФИАТХОИ МАРДУМИ ОДДИ ХИФЗ ХОХУД ШУД,ХОБ МЕБИНЕМ!!!

Аскар
Аз тахиякунандагони конуни маскур хохиш мекунам ки хизмати аскари барои хар як марди солим хатми карда шавад, то хизмати харби нарафта бошад ба вазифахои давлати рох дода нашавад, шахрвандоне ки намехоханд бигзор ба таври конуни пардохти пули кунанд, то аз хисоби ин писар арусакхо фарзандони синфи коргар бо сару оибос ва хурока таьмин бошанд. Ногуфта намонад дар хама холати мабодо синасипарону далерон дар хама давру замон аз хисоби кишри миенаи мардум буданд хастанд ва мемонанд!!!

"сабабхои узрнок" - навиштан лозим. Ибораи "сабабхои чидди" дар конунгузории мо истифода намешавад...

гург якто буд,акнун ду то мешаванд!


Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)