Барзу Абдураззоқов бо ҳайати театри мазкур тайи ду моҳ кор карда ва намоиши сесоатиеро таҳия кардаанд. Кормандони театр кор бо коргардоне монанди Барзуро орзӯи ҳар ҳунарманд гуфтаанд: “Барзу Абдураззоқов барои гуруҳ на танҳо коргардон, балки мураббӣ ва равоншинос буд”.
Биржан Жалгасбоев, раҳбари театр ба МТРК гуфтааст, “намоишҳои Барзу Абдураззоқов миёни тамоми тамошобинон маъруфият касб мекунад. Барои мо ҳамкорӣ бо ӯ хеле муҳим буд. Шояд дар оянда низ рӯи намоишномае кор мекунем”.
Театри мусиқии ба номи Собит Муканов аввалин театри Қазоқистон нест, ки Барзу Абдураззоқовро барои ҳамкорӣ даъват кардааст. Дар моҳи ноябри соли 2014, вақте намоишномаи ӯ бо номи “Роҳи тӯлонӣ то Макка” дар ҷашнвораи ҷашнвораи байналмилалӣ дар Тарази Қазоқистон соҳиби Гран-прӣ шуд, театри Павлодар ва театри академии ба номи Авезови Алмаато аз ӯ талаби ҳамкорӣ карда буданд.