Бахшҳо

Тағйироти кадрӣ: Имомова раиси Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе таъин шуд

Сафармоҳ Имомова, додраси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз вазифааш бозхонд ва раиси Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе таъин шудааст. Дар ин бора Ҷамшед Файзуллоев, раиси дастгоҳи Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон рӯзи 5 март дар суҳбат бо “Озодагон” хабар дод.

Имомова дар ин вазифа Шарифзода Раҳим Зарифро иваз намуд, ки қаблан аз сӯи кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо иттиҳоми гирифтани пора дастгир шуда буд.

Бино ба иттилои дафтари матбуотии агентӣ, Раҳим Шарифзода моҳи августи соли гузашта барои ба манфиати Соҳибназаров Ф. ҳал кардани аризаи даъвогӣ аз ӯ ҳафт ҳазор доллар талаб кард. Оҷонси гуфт, раиси пешини Суди иқтисодии Душанбе 4 ҳазор долларро шахсан ва 3 ҳазор доллари дигарро тавассути котибони маҷлиси судӣ - Ҳабибов Ҳ.Ҷ. ва Нусратуллозода А.Н. гирифтааст.

Нисбат ба Раҳим Шарифзода дар асоси моддаи 319, қисми 3, ва нисбат ба котибони маҷлиси судӣ дар асоси моддаи 36 қисми 5 - 319 қисми 3-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда буд.


Сафармоҳ Имомова соли 1959 таваллуд шудааст. Соли 1983 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро хатм намуда, аз соли 1979 то соли 1980 ба ҳайси нозири шӯъбаи кадрҳои ИИ заводҳои хишти шаҳри Душанбе кор кардааст.

Солҳои 1980—1984 ба сифати мушовири ҳуқуқӣ дар ИИ "Дружба" ва Раёсати "Тоҷикметаллоснабсбит" фаъолият намудааст.

Солҳои 1984—1985 котиби масъули комиссия оид ба корҳои ноболиғон ва мудири бюрои қайди ҳолатҳои граждании Комиҷроияи ноҳияи Совет, солҳои 1985—1987 мушовири калони ҳуқуқии Раёсати хоҷагии қишлоқи Комиҷроияи ин ноҳия ва солҳои 1987—1995 мушовири калони ҳуқуқӣ ва мудири шӯъбаи кадрҳои ИИҶ "Тоҷикфарматсия"-и Душанбе кор кардааст.

Солҳои 1995—1996 сармутахассиси шӯъбаи назоратии Суди олии иқтисодӣ ва солҳои 1996—2005 ҳамчун судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе фаъолият намудааст. Аз соли 2005 дар ҳайси судяи Суди олии иқтисодии Тоҷикистон ифои вазифа намудааст.

Судяи дараҷаи якуми тахассусӣ.
Мӯҳр
Рустам
Табрик апа,
меарзанд ба ин вазифа

Баходур Влизода
ИМОМОВА САФАРМОХ ШАХСИ ХОКСОРУ ХАЛОЛКОР МЕБОШАД БИГЗОР САФИ ЧУНИН МОДАРНИ ДОНИШМАНДУ ОЛИХА ЗИЁД ГАРДАНД БИГЗОР ЧУНИН МОДАРОН ТАРБИЯТГАРИ ФАРЗАНДОНИ ИН МИЛЛАТУ ДАВЛАТ БОШАНДА БОВАРИ КОМИЛ ДОРАМ, КИ ДАР КОРУ КАССАБАИ ХУД БА ВАТАНИ АЗИЗАМОН ХИЗМАТИ АРЗАНДА МЕКУНАД БАРОИ ДАСТГИРИИ ЧУНИН ЗАНОНИ БОМАЪРИФАТУ ДОНИШМАНД АЗ РОХБАРИЯТИ ДАВЛАТАМОН МИННАТДОРИИ ХУДАМРО БАЁН МЕКУНАМ

Донишу хонишаш не вале мегум ба ким кие аз одамои боло монандй дора.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)