Бахшҳо

ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ: Назарзода, Осимзода, Ваҳобов муовинони нави додситони кулл

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо судури чанд фармон муовинони додситони кулли Тоҷикистонро таъин кард.

Тибқи ин фармонҳо, Назарзода Ҳотам Назрулло муовини аввал, Муҳаммадиброҳим Осимзода ва Ваҳобов Валӣ Манонович муовини прокурори генералии Тоҷикистон таъин шуданд. Инчунин, бо фармони президент Мирзозода Сафаралӣ Раҳим муовини додситони кулл - Сарпрокурори ҳарбии Тоҷикистон таъин гардид.

Дафтари матбуотии раисиҷумҳур менависад, ин тағироти кадрӣ дар пайи ба даст омадани розигии Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон сурат гирифтааст. Аъзои маҷлис ба фармонҳои президенти кишвар барои аз вазифа озод намудани муовини якум ва муовинони қаблии прокурори генералӣ ва ба ҷойи онҳо таъин кардани шахсони дигар ризоият додаанд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишвар моҳи феврал дар ҷаласаи Шӯрои амният аз фаъолияти додситонии кулл ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ танқид кард ва дастур дод, тамоми муовинон ва додситонҳои вилоятҳои Тоҷикистон аз мақом барканор шаванд. Ба дунбол, Юсуф Раҳмонов, додситони кулли Тоҷикистон 18 феврал Мирзошариф Шарифзода - додситони шаҳри Душанбе, Муҳаммадхоҷа Арбобов, додситони вилояти Бадахшон, генерал-майори адлия Шариф Қурбонзода - додситони вилояти Суғд ва Сироҷиддин Нурзода - додситони вилояти Хатлонро аз мақомашон барканор намуд. 18 феврал Эмомалӣ Раҳмон инчунин санади барканории муовинони Додситони кулл -- Абдуқодир Муҳаммадиев (муовинни аввал), Ҳабибуло Воҳидов, Абдурашид Кишварзода (муовинон) ва Хайрулло Саидов (муовини прокурори генералӣ -- Сарпрокурори ҳарбии Тоҷикистон)-ро ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод кард.
Мӯҳр
сармаддех
озодагон бигзор озод боши!агар мумкин мешуд тарчумаи холи муовинони прокротура ро менавишти хело ро3и мешудем...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)