Бахшҳо
06 мар 2015 11:15Тоҷикистон / Сиёсат

Террори Қувватов ва Немтсов: Путин ҳамдардӣ кард, Раҳмон чӣ? (ВИДЕО)

Таҳлилгарони тоҷик куштори Умаралӣ Қувватов, раҳбари созмони мухолифи “Гуруҳи 24”-ро ба куштори раҳбари мухолифини ҳукумати Русия -- Борис Немтсов монанд карда, зарур медонанд, ҳукумати Тоҷикистон низ монанди роҳбарияти Русия мавқеашро нисбати куштори раҳбари мухолифинаш рӯшан кунад.

Раҷаби Мирзо, шореҳи масоили сиёсии Тоҷикистон куштори Умаралӣ Қувватовро бисёр ҳодисаи нангин ва даҳшатзо хонда, таъкид мекунад, “ба назари ман ин террорро мешавад бо қатли Борис Немтсов дар назди Кремл монанд донист. Немтсов як руз пеш аз гирдиҳамоии эълоншуда ва Қувватов пас аз эълони натиҷаҳои бо ном интихобот кушта шуданд. То ҳол дар куштори аввалӣ гуруҳу шахсиятҳои манфиатдорро меҷӯянд ва фарзияҳои гуногун ҳадс зада мешавад. Акнун ин тахминзанихо дар Тоҷикистон пеш меоянд: Террори Қувватов ба манфиати кист?”

Раҷаби Мирзо дар идома афзуд, “мо фаромуш намекунем, ки ҳукумати Тоҷикистон ду бор барои истирдоди Қувватов муваффақ нашуд. Инро ҳам аз ёд намебарорем, ки Душанбеи расмӣ Муҳамадрузӣ Искандарову Низом Ҷураевро бо кадом роҳҳо аз Русия оварду ба зиндон андохт. Вале он замон ҳарф аз Русия буду гуфта мешуд ҳар дуи ин ҳолат бо кумаки хадамоти русиягӣ сурат гирифтааст. Ҳоло бошад, сухан дар бораи куштор ва он ҳам дар як кишвари демократӣ меравад. Агар ҳукумати Тоҷикистон чунин "дасти дароз" дорад, пас воқеан ҷои тарс аст. Агар фармоишгарон онҳоеанд, ки ба эҳсосоти мардум пас аз бо ном интихобот бозӣ мекунанд, ҷои андешаи тӯлонист...”

Ба қавли ин соҳибназари тоҷик, пас аз куштори Немтсов, Путин ба модари ӯ барқия фиристода марҳумро ситоиш кард ва баъдан ба мақомот супориш дод, Русияро "аз ин шармандагӣ раҳо кунед!" Зимнан, Раҷаби Мирзо низ вокуниши мақомоти Тоҷикистонро ба куштори Умаралӣ Қувватов бисёр муҳим хонд: “Агар ҳукумат мавқеашро маълум намекунад, худро ба гунаи ҳукумате муаррифӣ мекунад, ки дигар тоқати озодандешиву мухолифинро надорад ва болотар аз ин аз ҳама, ҳатто аз нерӯ ва шахсиятҳои камнуфуз ҳам метарсад. Бе ин ҳам, Туркия кишваре нест, ки худро аз ин шармандагӣ, ки дар кучаҳояш роҳат метавон одам кушт, вонараҳонаду қотилонро пайдо накунад...”

Бино ба иттилои haberler.com, шахси номаълум дар кӯчаи Фотеҳии Истанбул аз пушт ба сари Қувватов тир шиллик мекунад. Ба навиштаи ин расона, ҳодиса замоне ба вуқӯъ пайваста, ки Қувватов шахсеро бо номи Сулаймон гусел мекардааст. Манбаъ мегӯяд, баъди сӯиқасд ин нафар ғайб задаст. Расонаҳои Туркия замони кушта шудани раҳбари “Гуруҳи 24”-ро соати 22:30 ба вақти Туркия гуфтаанд. Гуфта мешавад, ҳоло ҷасади Қувватов дар сардхонаи ташхиси додгоҳӣ аст.

Ин расона навореро ҳам нашр кардааст, ки дар он ҳамсари Умаралӣ Қувватов дида мешавад. Ӯро ҳамроҳ бо як писари хурдсол вориди як мошини ёрии таъҷилӣ мекунанд.


Мӯҳр
махина
Акнун ин шахс мурд рафт Худованд чояшро чаннат кунад.Илтимос ФАРМОИШГАРОН ба фарзандонаш халал нарасонетон

Худованд Кувватовро рахмат кунаду фармоишгарро шармандаи кишвар кунад.

Худованд рахматаш кунад.ИншоАллох шахид шуд чунки барои молу пули худ ва барои Ватани худ мубориза бурда буд.

Умарали Кувватовро барвакт метаовнистанд бикушанд, вале ба хотири он ки рейтинг поён наравад, онро ба таъхир гузоштанд. Ана харашон аз об гузашт акнун боз чанд нафари дигарро паси панчара хоханд бурд, аз он чмула М Кабири ва Рахматулло Зоировро.

Худованди карим чои Умаралиро чаннатул фирдавс гардони, омин.
Рафту бо худ гаму дарди худ ва миллаташро бурд, умедхоеро бо худ бурд.
Шояд рузе меояд ки аз наслхои ояндаи У киссаашро пурсон мешаванд, ё пайкараашро мегузоранд, дар васфаш эчоде мекунанд мисли Восеь, маконе ё мактаберо ба исмаш номгузори мекунанд. Таьрих бахогузори кард.
Ба оилааш сабр аз даргохи Зулчалол мехохам.

махина,
охи у Немтсов СИЁСАТШИНОСИ ХАКИКИ БУД И КУВВАТОВИ РАХМАТИ Я АГЕНТИ БЕСАВОДИ ДУР АЗ СИЁСАТ БУД НЕМТСОВРО БО КУВВАТОВ ХЕЧ ГОХ БАРОБАР НАКУНЕН АГАР ОДАМИ БОФАХМ БОШЕН махина,

Ҷаноби оғои Раҷаби Мирзо як чизро ба ҳисоб нагирифтааст, ки Немсов сарвари як ҳизби оппозитсионии собиқадори Русия буд, дар гузашта муовини аввали сарвазири русия ва вакили амалкунандаи парлумони як вилояти русия буд. Қуватов дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон касе набуд, ӯ як тоҷири оддӣ буд (ҳатто тоҷир ҳам набуд, як корманди таъиншуда дар корхонаҳои дигарон буд), ки баъди аз кишвар фирор кардан хост худро сиёсатмадор тарошад. Тоҷикистон вай ва гурӯҳашро экстремист ва экстремистӣ эълон кардааст. Бинобарин, ингуна муқоиса ҷоиз нест ва роҳбари кишвари мо ба ҳеҷ ваҷҳ дар марги шахси ифротӣ эъломшуда изҳорот нахоҳад дод. Чубчаро бо ангушт муқоиса накунед.

Масчои
Путину рахмонро сравниват кардан это .....

Адолат хох
Марги Умарали Куватов маги миллат аст

Салом. Худо рахматат кунад эй марди худо.нашуд дар охир хам шахидат карданд. Мехостан худата бо номат аз байн баранд вале иштибох бардан бори дуввум зинда кардант......

Ростиро пеша кардан, шеваи фарзонагист.

Сухтан дар рохи чонон, шеваи парвонагист.

Эй хушо онон ки биспорданд чон дар рохи Хак.

Коин хама аз худ гузаштан шеваи мардонагист.

Фаханг
Харчанд бо ин хоммагзи намефахми ,вале як байти шайх Саъдиро меорам:-Эй дуст бар чанозаи душман чу бигзари ,
Шоди макун ,ки бар ту хам ин мочаро расад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)