Бахшҳо

Хитой интихоботи парлумонии Тоҷикистонро шаффофу демократӣ хонд

Чин аз натоиҷ ва раванди баргузории интихоботи парлумонии якуми марти Тоҷикистон истиқбол карда, онро шаффоф ва демократӣ хондааст.

Хуа Чунйин, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Чин дар суҳбат ба хабарнигорон гуфтааст, “дар интихоботи 1 марти Тоҷикистон ҳайати чинӣ ба ҳайси нозир иштирок доштанд ва онро шаффофу озод ва дар фазои бозу демократӣ бо шумули тамоми ҳаракатҳои сиёсии ин кишвар баргузоршуда медонанд”.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Чин афзуда, кишвараш ҳамчун шарики стратегӣ ба мардум ва давлатмардони Тоҷикистон комёбиҳои назаррас дар роҳи рушду пешрафти ватанашон орзуманд аст.

Аз ин пеш Ҳайати нозирони Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил низ дар нишасти хабарие интихоботи парлумонии Тоҷикистонро мутобиқи арзишҳои демократӣ хонда буданд. Вале нозирони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо гуфтанд, онҳо наметавонанд, бигӯянд, ки интихоботи парлумонии рӯзи якуми марти Тоҷикистон шаффоф ва озод буд. Миклош Ҳарасти, раиси Миссияи нозирони интихоботи Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар як нишасти хабарӣ муҳимтарин нуктаи интихоботро дар фазои амну субот баргузор шудани он қаламдод кард, аммо гуфт, наметавонанд, онро шаффоф бигӯянд. Ӯ аз чанд ҳолати қонуншиканӣ, назири ба ҷои чанд нафар овоз додани як тан ва такроран, то даҳ маротиба раъй додани як нафар ишора кард ва гуфт, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ натавониста, барои аъзои комисия дастур бидиҳад, то ҳувияти интихобкунандаҳо мушаххас гардад. Ба қавли ҷаноби Ҳарастӣ, онҳо наметавонанд бигӯянд, ки интихоботи гузашта аз ҳукумат вобаста набуд, “зеро дар ҳайати комиссия кормандони ҳукуматӣ ворид шуда буданд, хусусан дар шумориши оро”.

Ба назари нозирони САҲА аз 50 то 70 дарсади оро дар шароити бисёр бад ҳисоб шудааст, ки нишондиҳанда бисёр нигаронкунанда мебошад.

Интихоботи парлумонии Тоҷикистон рӯзи якуми марти соли равон баргузор шуда, барои 63 курсии Маҷлиси намояндагон 288 номзад, ки аксари онҳо намояндаи яке аз 8 ҳизби сиёсӣ буданд, вориди рақобат шуданд.

Бар асоси натоиҷи муқаддамотии интихобот, ки Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон эълон кард, ҲХДТ, ки раҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар бар уҳда дорад, бештари курсиҳоро соҳиб гардидааст. Ин ташкилоти сиёсӣ бо дарёфти аксари оро танҳо аз рӯйхати ҳизбӣ соҳиби 51 курсӣ дар парлумон шуд. Ҳизбҳои наҳзати исломӣ ва коммунистии Тоҷикистон, ки дар парлумони гузашта ҳар кадом соҳиби 2 курсӣ буданд, аз рӯйхати ҳизбӣ ба парлумон роҳ наёфтанд.

Бо ин ҳол, дар парлумони нав ба ҷуз ҲХДТ, Ҳизби аграрии Тоҷикистон низ, ки дар парлумони нав панҷ курсиро соҳиб шуд, фраксия хоҳад дошт.
Мӯҳр
ЯК КИСМИ ТОЧИКИСТОНРО ГИРИФТЕД.АКНУН ШАФФОФВУ ДЕМОКРАТ БУД ГУФТАН МЕГИРЕД...

Саидчон аз Ёкутистон
Шумо гуфтаеду мо бовар кардем......

комунист
Агар комунисти мегуфтед бовар мекардем охир шумо худатон кай низоми демократи хастед ки боз мегуед демократи гузашт. Хайр хамчун масхара кабул мекунем чунки шумо демократияро низоми фиребу дуруг мехисобед ку. Шумо хам балодия.

Хитой чикордорад ба интихоботи мо ё алакай точикистонро яке аз вилояти худ медонад? Хаминхел рафтангирем як вилояти хитой мешем хамаи конхомон дар дасти хитой аст. Аз озодагон хохишмекунем як тахкикот гузаронад чинихо якнамуд чондор оварда дар заминхои точикистон сардодаанд ки чизе кори онхо мехуран нест мекунанд масалан картошкаро инро тахкикот кунед хитой тамоми сохаи моро фалач мекунад ва карз додан мегирад мо дартаги карз мемонем баъд пулашро талаб мекунад вакте мо наёфтем пулро баргардонем баъд худатон фикр кунед чикормекунад. Беинхам кариб тамоми канданихои фоиданоки моро гирифтаанд э мардум хушёрбошед инхо дусти мо нестанд инхо душмани моанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Сентябр 2022    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
2627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)